https://sputnik.tj/20220115/betartibiho-qazoqiston-117-sukhtor-1044834799.html
Аз биноҳои маъмурӣ то мошинҳо: Тазоҳургарон дар Қазоқистон чанд биноро ро оташ заданд?
Аз биноҳои маъмурӣ то мошинҳо: Тазоҳургарон дар Қазоқистон чанд биноро ро оташ заданд?
Sputnik Тоҷикистон
Шумораи бештари сӯхтор дар Алмаато – 58, дар вилояти Қизилӯрда – 26, дар Чимкент – 14 ҳодиса рух додааст
2022-01-15T12:31+0500
2022-01-15T12:31+0500
2022-01-17T11:29+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
қазоқистон
осиёи марказӣ
сӯхтор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/07/1044640239_0:213:3070:1940_1920x0_80_0_0_22d8f79c2afca1b5ee9a6dfdeb507d00.jpg
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Дар тазоҳуроти моҳи январ ва ошӯбҳои баъдӣ дар Қазоқистон эътирозгарон дар баъзе аз шаҳрҳо биноҳои маъмурӣ ва тиҷоратӣ мошинҳоро оташ заданд. Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон, бо эълони вазъи изтирорӣ воҳидҳои вазорати мазкур 117 сӯхторро, ки дар иншооти гуногуни маъмурӣ, аз ҷумла моликияти давлатӣ, дигар биноҳо ва субъектҳои хоҷагидорӣ рух додаанд, сабт кардаанд.Шумораи бештари оташсӯзӣ дар Алмаато – 58, дар вилояти Қизилӯрда – 26, дар Шимкент – 14 сабт шудааст. Ҳамзамон ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор нерӯҳои Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ беш аз 30 нафарро наҷот дода, 115 нафар аз афроди ба хатар мувоҷеҳшударо ба ҷойҳои бехавф кӯчонидаанд. Ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор 10 нафар аз кормандони ин ниҳод ҷароҳат бардоштаанд. Ин кормандон ба бистарӣ шудан дар беморхона ниёз надоштаанд. Ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор 30 техникаи оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ, тахриб, дуздида ва сухта шудааст: ҳафттои онро рабудаанд, панҷ ададро оташ зада ва 25-тои он тахриб шудааст. Ҳоло 21 воҳид техника барқарор ва боқимондаашон корношоям эълон шудаанд.
https://sputnik.tj/20220107/oqibat-betartibi-qazoqiston-aks-1044646594.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/07/1044640239_339:0:3070:2048_1920x0_80_0_0_19568344d6bdb1d03b8c43c3fcd9fcb7.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, бетартибиҳо, сӯхтор
қазоқистон, бетартибиҳо, сӯхтор
Аз биноҳои маъмурӣ то мошинҳо: Тазоҳургарон дар Қазоқистон чанд биноро ро оташ заданд?
12:31 15.01.2022 (Навсозишуда: 11:29 17.01.2022) Сӯхтори бештар дар Алмаато – 58, дар вилояти Қизилӯрда – 26, дар Шимкент – 14 рух додааст
ДУШАНБЕ, 15 янв — Sputnik. Дар тазоҳуроти моҳи январ ва ошӯбҳои баъдӣ дар Қазоқистон эътирозгарон дар баъзе аз шаҳрҳо биноҳои маъмурӣ ва тиҷоратӣ мошинҳоро оташ заданд.
Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи Қазоқистон, бо эълони вазъи изтирорӣ воҳидҳои вазорати мазкур 117 сӯхторро, ки дар иншооти гуногуни маъмурӣ, аз ҷумла моликияти давлатӣ, дигар биноҳо ва субъектҳои хоҷагидорӣ рух додаанд, сабт кардаанд.
Шумораи бештари оташсӯзӣ дар Алмаато – 58, дар вилояти Қизилӯрда – 26, дар Шимкент – 14 сабт шудааст.
Ҳамзамон ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор нерӯҳои Вазорати ҳолатҳои изтирорӣ беш аз 30 нафарро наҷот дода, 115 нафар аз афроди ба хатар мувоҷеҳшударо ба ҷойҳои бехавф кӯчонидаанд.
Ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор 10 нафар аз кормандони ин ниҳод ҷароҳат бардоштаанд. Ин кормандон ба бистарӣ шудан дар беморхона ниёз надоштаанд.
Ҳангоми хомӯш кардани сӯхтор 30 техникаи оташнишонӣ ва наҷотдиҳӣ, тахриб, дуздида ва сухта шудааст: ҳафттои онро рабудаанд, панҷ ададро оташ зада ва 25-тои он тахриб шудааст. Ҳоло 21 воҳид техника барқарор ва боқимондаашон корношоям эълон шудаанд.