https://sputnik.tj/20220114/qayd-muhojirat-rusiya-oso-1044807230.html
Сабти иқомати муҳоҷирон дар Русия осон мешавад, аммо ба як шарт
Сабти иқомати муҳоҷирон дар Русия осон мешавад, аммо ба як шарт
Sputnik Тоҷикистон
Қавонини вижа ба мақомот даст медиҳад, то буду боши шҳарвандони хориҷиро дар Русия беҳтар идора кунанд
2022-01-14T12:55+0500
2022-01-14T12:55+0500
2022-01-14T14:20+0500
муҳоҷират
сабти ном
муҳоҷир
қайд
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042678582_0:127:3191:1921_1920x0_80_0_0_1d5285630d3dd40c58c759b9979b7305.jpg
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Мақомоти Русия барои муҳоҷироне, ки ихтиёран дастбанди электронӣ мепӯшанд, тартиби ҳуҷҷатгузориро соддатар мекунанд.Дар ин бора раҳбари Ҳаракати умумирусиягии “Сильная Россия” Антон Светков дар суҳбат бо РИА "Новости" иттилоъ дод.Ба гуфти ӯ, чунин тадбир сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷиронро коҳиш медиҳад.Светков бовар дорад, ки аксари муҳоҷирон барои иҷрои он розӣ мешаванд.Илова бар ин сиёсатмадор пешниҳод кард, чорае ҷорӣ карда шавад, ки тибқи он, шаҳрвандони дигар давлатҳо мунтазам дар бораи маҳалли зисти худ ба мақомот хабар диҳанд.Сиёсатмадор аз раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин пуштибонӣ кард, ки қаблан зарурати модернизатсияи равандҳои муҳоҷиратӣ барои пешгирӣ аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ дар байни хориҷиёнро пешниҳод карда буд.Дар мусоҳиба бо РИА "Новости" Светков қайд кард, ки яке аз мушкилоти таъхирнопазир масъалаи сабти иқомати шаҳрвандони хориҷӣ аст.Феълан барои дарёфти патент маълумот дар бораи ҷои истиқомат ҳатмӣ аст.
https://sputnik.tj/20211229/mizoni-pardokhti-muhojiron-patent-rusiya-1044493777.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/06/1042678582_229:0:2960:2048_1920x0_80_0_0_b2112e9da51da62dfa297103302b1021.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муҳоҷир, қайди муҳоҷиратӣ, сабти ном, русия, осон
муҳоҷир, қайди муҳоҷиратӣ, сабти ном, русия, осон
Сабти иқомати муҳоҷирон дар Русия осон мешавад, аммо ба як шарт
12:55 14.01.2022 (Навсозишуда: 14:20 14.01.2022) Қавонини вижа ба мақомот имкон медиҳанд, то бар назорати беҳтари ҳузури шаҳрвандони хориҷӣ дар Русия даст ёбанд
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Мақомоти Русия барои муҳоҷироне, ки ихтиёран дастбанди электронӣ мепӯшанд, тартиби ҳуҷҷатгузориро соддатар мекунанд.
Дар ин бора раҳбари Ҳаракати умумирусиягии “Сильная Россия” Антон Светков дар суҳбат бо РИА "Новости" иттилоъ дод.
Ба гуфти ӯ, чунин тадбир сатҳи ҷинояткорӣ дар миёни муҳоҷиронро коҳиш медиҳад.
“Ба муҳоҷирон метавон пешниҳод кард, ки мушкилоти бюрократӣ ҳангоми бақайдгирӣ ба таври қобили мулоҳиза коҳиш дода мешавад, агар онҳо, масалан, ихтиёран дастбандҳои муайяне пӯшанд, ки имкон медиҳад, макони будубоши онҳо мушаххас бошад”, - таъкид кард ӯ.
Светков бовар дорад, ки аксари муҳоҷирон барои иҷрои он розӣ мешаванд.
Илова бар ин сиёсатмадор пешниҳод кард, чорае ҷорӣ карда шавад, ки тибқи он, шаҳрвандони дигар давлатҳо мунтазам дар бораи маҳалли зисти худ ба мақомот хабар диҳанд.
Сиёсатмадор аз раиси Кумитаи тафтишоти Русия Александр Бастрикин пуштибонӣ кард, ки қаблан зарурати модернизатсияи равандҳои муҳоҷиратӣ барои пешгирӣ аз афзоиши сатҳи ҷинояткорӣ дар байни хориҷиёнро пешниҳод карда буд.
Дар мусоҳиба бо РИА "Новости" Светков қайд кард, ки яке аз мушкилоти таъхирнопазир масъалаи сабти иқомати шаҳрвандони хориҷӣ аст.
Феълан барои дарёфти патент маълумот дар бораи ҷои истиқомат ҳатмӣ аст.