То 28 дараҷа сардӣ: пешгӯии ҳавои рӯзҳои истироҳати Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевВид на город Душанбе
Вид на город Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.01.2022
Обуна шудан
Бо вуҷуди боридани барфу борон дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво дар бархе аз манотиқ мусбат боқӣ мемонад, вале дар ВМКБ то 28 дараҷа сард мешавад
ДУШАНБЕ, 14 янв – Sputnik. Рӯзҳои истироҳат дар Тоҷикистон ҳавои гарм, вале боришоти фаровон дар назар аст, гузориш медиҳад Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон.
Рӯзи шанбе дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво абрноку бебориш мешавад, вале меғ мефарояд. Шаби 16-уми январ бориши борон оғоз шуда, давоми рӯзи дигар идома хоҳад кард. Харорати ҳаво шабона 5-7 дараҷа, рузона 10-12 дараҷа гарм мешавад.
Дар ноҳияҳои тобеъи марказ ва Рашт шабона -4-6 дараҷа сард, рӯзона 1+3 дараҷа гарм мешавад. Дар бархе аз манотиқҳо борону барф мебораду меҳ мефарояд.
Тибқи пешгӯии ҳавошиносон дар Хуҷанд ва умуман дар вилояти Суғд ҳаво нисбатан мӯътадил аст. Ҳарорат шабона 3-5 дараҷа, рӯзона 10-12 дараҷа гарм мешавад.
Аммо дар навоҳии кӯҳистонӣ дар ин минтақа ҳамчунон барф меборад ва вазиши шамол то 18 метр дар як сония пешбинӣ мешавад.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Ба президент гуфтанд, чанд дарсади пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дуруст мебарояд
Дар кӯҳҳо шабона 0-5 дараҷа сард, рӯзона 2-7 дараҷа гарм мешавад.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон шабона бориш намешавад, ҳарорати ҳаво дар шаҳри Хоруғ -12 дараҷа сард, рӯзона барф меборад ва ҳарорат аз 1 то 3 дараҷа хунук мешавад.
Дар ҳамин ҳол, дар Мурғоб ҳаво шабона то 21-23 дараҷа ва рӯзона 9-11 дараҷа сард шуда, дар баъзе ноҳияҳо барф меборад.
Дар шарқи ВМКБ дар баъзе ҷойҳо шабона то 28 дараҷа ва рӯзона то 15 дараҷа сард мешавад.
Дар ҷануби Тоҷикистон дар вилояти Хатлон рӯзи шанбе бебориш ва рӯзи якшанбе гоҳе борони сабук меборад.
Ҳарорат шабона 7—9 дараҷа, рӯзона 13—15 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо барфи тар меборад.
Лентаи хабарҳо
0