https://sputnik.tj/20220114/maqomdoron-tojik-khavf-iqtisodu-peshgiri-1044829945.html
Мақомдорони тоҷик хавфҳо ба иқтисоду роҳҳои пешгирии онро баррасӣ карданд
Мақомдорони тоҷик хавфҳо ба иқтисоду роҳҳои пешгирии онро баррасӣ карданд
Sputnik Тоҷикистон
Мақомдорони баландпояи блоки иқтисодии Тоҷикистон вазъи ҷаҳонӣ ва хавфҳои эҳтимолиро баррасӣ намуда, самтҳои асосии фаъолиятро муайян карданд
2022-01-14T20:45+0500
2022-01-14T20:45+0500
2022-01-14T20:51+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
субот
бонки миллӣ
хатар
пешгирӣ
вазир
шӯро
хавф
маърифати молиявӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826110_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_c0d4c83e6d1aca3daf95a7742c1344ef.jpg
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Шӯрои миллии суботи молӣ дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ва ҳузури намояндагони мақомоти бонкӣ, андоз ва молия роҳҳои таъмини рушди устуворро ба миён гузоштанд. Тибқи иттилои Бонки миллӣ, дар ҷаласаи шӯро, ки ахиран баргузор шуд, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисод муҳим дониста шуд. Зикр гардидаст, ки новобаста аз барқароршавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳон ҳанӯз ҳам номуайяниҳо ва муаммоҳо дар иқтисодиёти дунё зиёданд. Дар феҳрасти номуайяниҳо афзоиши талабот ва болоравии интизориҳои таваррумӣ, зиёдшавии хароҷот ва қарзи давлатӣ, таҳдид ба амнияти озуқаворӣ ва пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ном бурда шуданд. Таъкид шудааст, ки вазорату идораҳои калидӣ бояд барои таъмини суботи молӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳои берунию дохилӣ ҳамкорӣ намоянд, то рушди устувори миллӣ таъмин шавад. Баланд бардоштани самаранокии идораи молияи давлатӣ аз иқдоме арзёбӣ гардид, ки бояд дар Тоҷикистон татбиқ гардад. Пешбурди низоми содаи андоз, тақвияти низоми мудирияти хавфҳо, беҳтар намудани раванди қарздиҳӣ, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ аз тадобири дигари муҳим дар кишвар арзёбӣ гардидаанд. Шӯрои миллии суботи молӣ дар Тоҷикистон мақоми байниидоравии машваратӣ мебошад, ки бо мақсади муайян намудани хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисод, низоми молии давлатӣ, бонкӣ ва бахши хусусӣ таъсис дода шудааст.
https://sputnik.tj/20211227/dakhlu-kharj-tojikiston-sol-2021-1044447052.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826110_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_0a427aecfab3ce76d6bcfd98d4089252.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
баррасӣ, хавф, иқтисод, тоҷикистон
баррасӣ, хавф, иқтисод, тоҷикистон
Мақомдорони тоҷик хавфҳо ба иқтисоду роҳҳои пешгирии онро баррасӣ карданд
20:45 14.01.2022 (Навсозишуда: 20:51 14.01.2022) Мақомдорони баландпояи блоки иқтисодии Тоҷикистон вазъи ҷаҳонӣ ва хавфҳои эҳтимолии молӣ ба иқтисоди кишварро баррасӣ намуда, самтҳои асосии фаъолияти ниҳодҳои зидахлро муайян карданд
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Шӯрои миллии суботи молӣ дар Тоҷикистон таҳти роҳбарии вазири рушди иқтисод ва савдо Завқӣ Завқизода ва ҳузури намояндагони мақомоти бонкӣ, андоз ва молия роҳҳои таъмини рушди устуворро ба миён гузоштанд.
Тибқи иттилои Бонки миллӣ, дар ҷаласаи шӯро, ки ахиран баргузор шуд, ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ ба иқтисод муҳим дониста шуд.
Зикр гардидаст, ки новобаста аз барқароршавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳон ҳанӯз ҳам номуайяниҳо ва муаммоҳо дар иқтисодиёти дунё зиёданд. Дар феҳрасти номуайяниҳо афзоиши талабот ва болоравии интизориҳои таваррумӣ, зиёдшавии хароҷот ва қарзи давлатӣ, таҳдид ба амнияти озуқаворӣ ва пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим ном бурда шуданд.
Таъкид шудааст, ки вазорату идораҳои калидӣ бояд барои таъмини суботи молӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳои берунию дохилӣ ҳамкорӣ намоянд, то рушди устувори миллӣ таъмин шавад.
Баланд бардоштани самаранокии идораи молияи давлатӣ аз иқдоме арзёбӣ гардид, ки бояд дар Тоҷикистон татбиқ гардад.
Пешбурди низоми содаи андоз, тақвияти низоми мудирияти хавфҳо, беҳтар намудани раванди қарздиҳӣ, рушди соҳибкориву сармоягузорӣ аз тадобири дигари муҳим дар кишвар арзёбӣ гардидаанд.
Шӯрои миллии суботи молӣ дар Тоҷикистон мақоми байниидоравии машваратӣ мебошад, ки бо мақсади муайян намудани хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисод, низоми молии давлатӣ, бонкӣ ва бахши хусусӣ таъсис дода шудааст.