https://sputnik.tj/20220114/ehtimoli-barrasii-etirofi-shahodatnomai-moyakubi-covid-1044812549.html
Эҳтимоли баррасии эътирофи муштараки шаҳодатномаи моякӯбӣ бар зидди COVID-19 дар ИДМ
Эҳтимоли баррасии эътирофи муштараки шаҳодатномаи моякӯбӣ бар зидди COVID-19 дар ИДМ
Sputnik Тоҷикистон
Дар ИДМ шароити эътирофи шаҳодатномаҳои моякӯбии муштараки ин аъзои иттиҳодро дар COVID-19 баррасӣ мекунад
2022-01-14T15:20+0500
2022-01-14T15:20+0500
2022-01-14T19:03+0500
дар ҷаҳон
тандурустӣ
эътироф
идм
шаҳодатнома
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/08/1043308178_0:165:3050:1881_1920x0_80_0_0_b4ff5d59ae6f92d526bb33fe47e06ec2.jpg
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Миёни кишварҳои ИДМ эътирофи муштараки шаҳодатномаи моякӯбӣ бар зидди COVID-19 дар ҳоли баррасӣ қарор дорад, иттилоъ додааст Кумитаи иҷроияи ИДМ.“Пешниҳоди баррасии масъалаи эътирофи мутақобилаи шаҳодатномаҳои моякӯбӣ, ки бо ташаббуси Беларус сурат гирифта буд, аз тарафи вазирони тандурустӣ ва пизишкони аршади марбути беҳдоштӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар умури тандурустии ИДМ баррасӣ шуд. Дар шӯро гурӯҳи корӣ ташкил ва ба он супориш дода шуда буд, ки ин масъаларо омухта, пешниҳодҳои мушаххасеро ироа кунанд. Нахустин ҷаласаи гурӯҳи корӣ имрӯз дар қароргоҳи ИДМ дар Минск баргузор шуд”, - иттилоъ додааст дафтари матбуотии Кумитаи иҷроияи ИДМ.Зикр шудааст, дар ҷаласа, ки аз тариқи видеоконфронс баргузор шуд, намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Комиссияи иқтисодии Авруосиё ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат доштанд.Иштирокдорони ин ҷаласа қайд карданд, ки пандемияи корона давомдор хоҳад буд, бинобар ин масъалаи муборизаи муштарак бо COVID-19-ро дар ҳамгироӣ бо кишварҳои ИДМ дар мадди аввал гузоштан лозим аст.Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки зимни мулоқот аъзои гурӯҳи корӣ дар бораи ташкили моякӯбӣ бар зидди COVID-19, бақайдгирии шаҳрвандони ваксинагирифта ва эътирофи шаҳодатномаҳои моякӯбӣ табодули назар карданд.Тарафҳо бар сари зарурати тасреи ҳалли масъалаи эътирофи ваксина ва шаҳодатномаҳои мокӯбӣ ба зидди коронавирус дар қаламрави кишварҳои ИДМ таъкид намуданд.Қарор аст, ин пешниҳодҳо дар ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ, ки моҳи феврал баргузор мешавад, баррасӣ шаванд.
https://sputnik.tj/20220113/tojikiston-moyakubi-vaksina-covid-1044769446.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/08/1043308178_161:0:2890:2047_1920x0_80_0_0_411a4d58b9c5ae4c99ef759f4e181312.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
идм, шаҳодатнома, моякӯбӣ, коронавирус, ковид
идм, шаҳодатнома, моякӯбӣ, коронавирус, ковид
Эҳтимоли баррасии эътирофи муштараки шаҳодатномаи моякӯбӣ бар зидди COVID-19 дар ИДМ
15:20 14.01.2022 (Навсозишуда: 19:03 14.01.2022) ИДМ шароити эътирофи шаҳодатномаҳои моякӯбии муштараки аъзои ин иттиҳод алайҳи COVID-19-ро баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 14 янв — Sputnik. Миёни кишварҳои ИДМ эътирофи муштараки шаҳодатномаи моякӯбӣ бар зидди COVID-19 дар ҳоли баррасӣ қарор дорад, иттилоъ додааст Кумитаи иҷроияи ИДМ.
“Пешниҳоди баррасии масъалаи эътирофи мутақобилаи шаҳодатномаҳои моякӯбӣ, ки бо ташаббуси Беларус сурат гирифта буд, аз тарафи вазирони тандурустӣ ва пизишкони аршади марбути беҳдоштӣ дар ҷаласаи Шӯрои ҳамкорӣ дар умури тандурустии ИДМ баррасӣ шуд. Дар шӯро гурӯҳи корӣ ташкил ва ба он супориш дода шуда буд, ки ин масъаларо омухта, пешниҳодҳои мушаххасеро ироа кунанд. Нахустин ҷаласаи гурӯҳи корӣ имрӯз дар қароргоҳи ИДМ дар Минск баргузор шуд”, - иттилоъ додааст дафтари матбуотии Кумитаи иҷроияи ИДМ.
Зикр шудааст, дар ҷаласа, ки аз тариқи видеоконфронс баргузор шуд, намояндагони Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Комиссияи иқтисодии Авруосиё ва Кумитаи иҷроияи ИДМ ширкат доштанд.
Иштирокдорони ин ҷаласа қайд карданд, ки пандемияи корона давомдор хоҳад буд, бинобар ин масъалаи муборизаи муштарак бо COVID-19-ро дар ҳамгироӣ бо кишварҳои ИДМ дар мадди аввал гузоштан лозим аст.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки зимни мулоқот аъзои гурӯҳи корӣ дар бораи ташкили моякӯбӣ бар зидди COVID-19, бақайдгирии шаҳрвандони ваксинагирифта ва эътирофи шаҳодатномаҳои моякӯбӣ табодули назар карданд.
Тарафҳо бар сари зарурати тасреи ҳалли масъалаи эътирофи ваксина ва шаҳодатномаҳои мокӯбӣ ба зидди коронавирус дар қаламрави кишварҳои ИДМ таъкид намуданд.
Қарор аст, ин пешниҳодҳо дар ҷаласаи навбатии гурӯҳи корӣ, ки моҳи феврал баргузор мешавад, баррасӣ шаванд.