https://sputnik.tj/20220113/safari-gardishgari-khoriji-sugd-vujudi-pandemiya-1044797816.html
Сафари беш аз ду ҳазор гардишгари хориҷӣ ба Суғд бо вуҷуди пандемия
Сафари беш аз ду ҳазор гардишгари хориҷӣ ба Суғд бо вуҷуди пандемия
Sputnik Тоҷикистон
Дар соли 2021 беш аз 138 ҳазор нафар аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳо боздид карданд
2022-01-13T20:25+0500
2022-01-13T20:25+0500
2022-01-14T12:47+0500
дар тоҷикистон
суғд
сайёҳон
гардишгарон
пандемия
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102896/38/1028963832_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_188b1e76e6dffb21f5c1d3e2cfa01528.jpg
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии мақомоти Суғд дар соли 2021 аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои ин вилоят беш аз 138,2 ҳазор нафар, аз ҷумла 2,3 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ боздид карданд.Тибқи иттилои шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти вилояти Суғд, дар соли 2021 дар ин вилоят ҳамзамон ду ширкати сайёҳӣ таъсис ёфтааст.Манбаъ иттилоъ додааст, ки ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 ширкати сайёҳӣ ва ду ташкилоти ҷамъиятӣ – Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мекунанд.Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 93 ниҳоди хидматрасон дар умури гардишгарӣ, аз ҷумла 62 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, ду маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истеҳсолӣ, 4 лагер, 1 хона ва 1 базаи истироҳатӣ бо ғунҷоиши 6873 ҷой, 44 осорхона ва 753 мавзеи таърихӣ, 97 зиёратгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар хидмати гардишгарон қарор доранд.Тибқи гузориши Кумитаи рушди сайёҳӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 234 ширкати сайёҳӣ соҳиби иҷозатномаи фаъолиятанд. Аз ин теъдод 30 ширкати гардишгарӣ соли 2020 ва 24 ширкат имсол таъсис ёфтаанд.Ёдовар мешавем, ки дар соли шаш моҳи 2021 вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон 59 дарсад кам шуда буд.Ба гуфтаи Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи гардишгарии Тоҷикистон, имсол ҳамагӣ 125,3 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаасту халос. Ҷӯразода далели аслии кам шудани гардишгарони хориҷиро пандемияи коронавирус номид. Ҳамчунин раиси кумита як далели дигари кам ворид шудани гардишгаронро дар ин давраи шадиди ҳамагирӣ, ба гарон будани нархи билетҳои ҳавопаймо марбут донист.Баъди ҳамагирии корона саҳми бахши сайёҳӣ дар ММД то 1 дарсад коҳиш ёфт. Дар соли 2021 ҳамаи ниҳодҳои сайёҳии Тоҷикистон 87 млн. сомонӣ кор кардаанд, ки дар соли гузашта ин омор баробар ба 75 млн. сомонӣ буд.Таъсири чашмгири ҳамагирии корона ба бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки Тоҷикистон тасмим гирифтааст, то соли 2030 ҳиссаи сайёҳиро дар ММД то 5 дарсад бирасонад.
https://sputnik.tj/20211231/gardishgaron-imzoi-sanadi-hamkori-sayyohi-1044551219.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102896/38/1028963832_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_b2e484db1a83220d448a43f15fa44622.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, суғд, гардишгарӣ, сайёҳӣ, пандемия, мавзеъҳои таърихӣ
тоҷикистон, суғд, гардишгарӣ, сайёҳӣ, пандемия, мавзеъҳои таърихӣ
Сафари беш аз ду ҳазор гардишгари хориҷӣ ба Суғд бо вуҷуди пандемия
20:25 13.01.2022 (Навсозишуда: 12:47 14.01.2022) Дар соли 2021 беш аз 138 ҳазор нафар аз мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳо дар Тоҷикистон боздид кардаанд
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии мақомоти Суғд дар соли 2021 аз мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ ва боғу гулгаштҳои ин вилоят беш аз 138,2 ҳазор нафар, аз ҷумла 2,3 ҳазор нафар сайёҳи хориҷӣ боздид карданд.
Тибқи иттилои шуъбаи рушди сайёҳии мақомоти вилояти Суғд, дар соли 2021 дар ин вилоят ҳамзамон ду ширкати сайёҳӣ таъсис ёфтааст.
Манбаъ иттилоъ додааст, ки ҳоло дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 40 ширкати сайёҳӣ ва ду ташкилоти ҷамъиятӣ – Шӯрои рушди сайёҳӣ ва Ассотсиатсияи рушди сайёҳии Зарафшон фаъолият мекунанд.
Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 93 ниҳоди хидматрасон дар умури гардишгарӣ, аз ҷумла 62 меҳмонхона, 19 осоишгоҳ, ду маркази муолиҷавӣ, 4 дармонгоҳи табобатӣ-истеҳсолӣ, 4 лагер, 1 хона ва 1 базаи истироҳатӣ бо ғунҷоиши 6873 ҷой, 44 осорхона ва 753 мавзеи таърихӣ, 97 зиёратгоҳ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят дар хидмати гардишгарон қарор доранд.
Тибқи гузориши Кумитаи рушди сайёҳӣ, имрӯз дар Тоҷикистон 234 ширкати сайёҳӣ соҳиби иҷозатномаи фаъолиятанд. Аз ин теъдод 30 ширкати гардишгарӣ соли 2020 ва 24 ширкат имсол таъсис ёфтаанд.
Ёдовар мешавем, ки дар соли шаш моҳи 2021 вуруди сайёҳон ба Тоҷикистон 59 дарсад кам шуда буд.
Ба гуфтаи Тоҷиддин Ҷӯразода, раиси Кумитаи гардишгарии Тоҷикистон, имсол ҳамагӣ 125,3 ҳазор сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон омадаасту халос. Ҷӯразода далели аслии кам шудани гардишгарони хориҷиро пандемияи коронавирус номид. Ҳамчунин раиси кумита як далели дигари кам ворид шудани гардишгаронро дар ин давраи шадиди ҳамагирӣ, ба гарон будани нархи билетҳои ҳавопаймо марбут донист.
Баъди ҳамагирии корона саҳми бахши сайёҳӣ дар ММД то 1 дарсад коҳиш ёфт. Дар соли 2021 ҳамаи ниҳодҳои сайёҳии Тоҷикистон 87 млн. сомонӣ кор кардаанд, ки дар соли гузашта ин омор баробар ба 75 млн. сомонӣ буд.
Таъсири чашмгири ҳамагирии корона ба бахши сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар ҳолест, ки Тоҷикистон тасмим гирифтааст, то соли 2030 ҳиссаи сайёҳиро дар ММД то 5 дарсад бирасонад.