https://sputnik.tj/20220113/rustami-emomali-jalasa-sokinon-dushanbe-taqozo-1044774839.html
Рустами Эмомалӣ аз панҷ соли роҳбарияш ҳисобот доду аз душанбегиҳо як хоҳиш кард
Рустами Эмомалӣ аз панҷ соли роҳбарияш ҳисобот доду аз душанбегиҳо як хоҳиш кард
Sputnik Тоҷикистон
Раиси шаҳри Душанбе, Рустами Эмомалӣ аз панҷ соли роҳбарии худ дар ин маснад ҳисобот дод
2022-01-13T12:58+0500
2022-01-13T12:58+0500
2022-01-13T13:47+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
рустами эмомалӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/11/1033017994_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_aeb08253c4858aa43ee9c5b46efff9fa.jpg
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе панҷ соли фаъолияти худ дар маснади мири ин шаҳрро ҷамъбаст кард ва ҳисобот дод, ки давоми ин панҷсола баҳри ободии пойтахти Тоҷикистон чӣ корҳое анҷом додааст.Мири шаҳр дар ҳисоботаш зикр намуд, ки давоми панҷ соли ахир муаассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе бо 35 мошини ёрии таъҷилӣ ва дастгоҳҳои нави ташхис таъмин шуданд. Илова бар ин дар ин муддат аз ҳисоби маблағҳои раиси шаҳр 118 кӯдаки бемори дил ҷарроҳӣ шудаанд. Дар рафти ҳисоботдиҳӣ Рустами Эмомалӣ аз сокинони Душанбе хоҳиш намуд, дар замони пандемияи коронавирус, ки тамоми дунёро дар ҳолати ногувор қарор додааст, ба моякӯбӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд.Ба иттилои ӯ, аз моҳи феврали соли ҷорӣ марҳилаи навбатии ваксинагирӣ оғоз меёбад ва зимнан ӯ аз тамоми сохторҳои марбута даъват кард, сокинони пойтахтро бо ваксина таъмин кунанд.Маврид ба зикр аст, ки то 13 январи соли ҷорӣ 725 ҳазор нафар аз сокинони пойтахт моякӯбӣ шудаанд.Ваксинзанӣ алайҳи бемории коронавирусро мутахассисон ягона роҳи эмин мондан аз ин беморӣ арзёбӣ мекунанд. Ба таъкиди олимон, ваксина агарчи садди роҳи сироят нашудани одамон бо вирус намегардад, вале нафарони ваксинашуда ин маризиро ба фарқ аз ваксиннашудаҳо сабуктар мегузаронанд.
https://sputnik.tj/20211204/vaksina-dushanbe-bda-sughd-1043938291.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/11/1033017994_83:0:903:615_1920x0_80_0_0_0cd184130a97ae1129a2c2a9aacc545e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
рустами эмомалӣ душанбе
Рустами Эмомалӣ аз панҷ соли роҳбарияш ҳисобот доду аз душанбегиҳо як хоҳиш кард
12:58 13.01.2022 (Навсозишуда: 13:47 13.01.2022) Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз панҷ соли роҳбарии худ дар ин маснад ҳисобот дод
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Раиси шаҳри Душанбе панҷ соли фаъолияти худ дар маснади мири ин шаҳрро ҷамъбаст кард ва ҳисобот дод, ки давоми ин панҷсола баҳри ободии пойтахти Тоҷикистон чӣ корҳое анҷом додааст.
Мири шаҳр дар ҳисоботаш зикр намуд, ки давоми панҷ соли ахир муаассисаҳои тиббии шаҳри Душанбе бо 35 мошини ёрии таъҷилӣ ва дастгоҳҳои нави ташхис таъмин шуданд. Илова бар ин дар ин муддат аз ҳисоби маблағҳои раиси шаҳр 118 кӯдаки бемори дил ҷарроҳӣ шудаанд.
Дар рафти ҳисоботдиҳӣ Рустами Эмомалӣ аз сокинони Душанбе хоҳиш намуд, дар замони пандемияи коронавирус, ки тамоми дунёро дар ҳолати ногувор қарор додааст, ба моякӯбӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намоянд.
Ба иттилои ӯ, аз моҳи феврали соли ҷорӣ марҳилаи навбатии ваксинагирӣ оғоз меёбад ва зимнан ӯ аз тамоми сохторҳои марбута даъват кард, сокинони пойтахтро бо ваксина таъмин кунанд.
Маврид ба зикр аст, ки то 13 январи соли ҷорӣ 725 ҳазор нафар аз сокинони пойтахт моякӯбӣ шудаанд.
Ваксинзанӣ алайҳи бемории коронавирусро мутахассисон ягона роҳи эмин мондан аз ин беморӣ арзёбӣ мекунанд.
Ба таъкиди олимон, ваксина агарчи садди роҳи сироят нашудани одамон бо вирус намегардад, вале нафарони ваксинашуда ин маризиро ба фарқ аз ваксиннашудаҳо сабуктар мегузаронанд.