Ҳаққи хадамоти кӯдакистонҳо дар Тоҷикистон боло рафт: cабаб

© Пресс-служба президента ТаджикистанаОткрытие нового детского сада в Душанбе
Открытие нового детского сада в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Обуна шудан
Аз оғози соли ҷорӣ маблағи нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабии (кӯдакистонҳо) кишвар 14 дарсад бештар шудааст
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Масъулони шуъбаҳои маориф дар шаҳру навоҳии Суғд сабаби болоравии нархи кӯдакистонҳоро шарҳ доданд.
Муқим Болтуев, мушовири идораи маорифи шаҳри Хуҷанд дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, мизони ҳаққи хадамоти кӯдакистонҳо бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022” ва инчунин бо дастрасӣ ба соири қаванони марбути умури маориф тағйир кард.
Ба иттилои манбаъ, ин афзоиш дар пайи 64 сомонӣ шудани нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз 1 январи 2022 пиёда шудааст.

"Ҳамин тавр андозаи якмоҳаи пардохти маблағ аз падару модар барои нигоҳубини кӯдак дар муассисаҳои давлатии таълимии томактабии ноҳия ба 128 сомонӣ (ду нишондиҳанда барои ҳисобҳо) баробар шудааст” – таъкид кард Болтуев.

Дар соли 2021 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо ба 60 сомонӣ баробар буд.
Ҳоло болоравии ҳаққи хадамоти кӯдакистонҳо дар муқоиса ба як соли пеш 8 сомонӣ ва ё 14% зиёд гуфта мешавад.
Открытие нового детского сада в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Боғчаи “Ахтарак” дар Рашт: Нахустин макони забономӯзӣ барои кӯдакон
Бино ба иттилои мушовири шуъбаи маориф, ҳоло дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд 50 муассисаи томактабӣ мавҷуд аст, ки аз ин теъдод 32-тои он давлатӣ мебошад.
Бо ин ҳол на ҳамаи атфол дар Хуҷанд ба кӯдакистонҳо фаро гирифта мешаванд.
Зимнан ҳазорҳо кӯдак дар ин шаҳри шимолии Тоҷикистон баарои рафтан ба кӯдакистонҳо дар навбат истодаанд.
Баъди қабули Қонун “Дар бораи буҷаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022” фармоиши мудирони шуъбаҳои маориф дар ҳамаи шаҳру навоҳии кишвар дар бораи афзоиши ҳаққи хадамоти кӯдакистонҳо ба тасвиб расидааст.
Лентаи хабарҳо
0