Мулоқоти додситонҳои кулли Тоҷикистону Эрон дар Русия: баҳс сари чӣ буд?

© SputnikРахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото
Рахмон Юсуф Ахмадзод генеральный прокурор РТ, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Обуна шудан
Додситонҳои кулли Тоҷикистону Эрон дар Маскав бо ҳам дидор ва дар бораи мавзуоти мавриди алоқаи дуҷониба гуфтугӯ карданд
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Муҳаммадҷаъфари Мунтазирӣ дар дидор бо Юсуф Раҳмон бар лузуми ҳамкории мунсаҷим миёни дастгоҳҳои додситонии ду кишвар дар мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта, иртиқои ҳамкории ду тараф дар парвандаҳои маданӣ, кайфарӣ ва тиҷорӣ аз тариқи мувофиқатномаи ҳамкории қазоии дуҷониба дар заминаи масоили ҳуқуқи башарӣ таъкид кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Форс”.
Бинобар иттилои манбаъ, додситони кулли Эрон, ки дар садри ҳайате ба Русия сафар кардааст, дар дидор бо Игор Краснов, додситони кулли Русия низ густариши ҳамкориҳои қазоӣ миёни ду кишварро хостор шудааст.
Ёдрас менамоем, ки додситони кулли Эрон барои ширкат дар маросими бузургдошти сесадумин соли ташкили додситонии Русия ба Маскав сафар кардааст.
Президент Ирана встретился с министром иностранных дел Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.10.2021
Таъкиди Раисӣ ва Муҳриддин бар тавсеаи равобити Эрону Тоҷикистон
Бояд қайд кард, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Эрон 9 январи 1992 барқарор шуд.
Сафорати Эрон моҳи январи 1992 дар Душанбе ба фаъолият шуруъ намуд.
Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон моҳи июли 1995 ифтитоҳ гардид.
Байни ду кишвар зиёда аз 160 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Дар ҳамкории иқтисодии миёни ду кишвар Комиссияи ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистону Эрон нақши муҳим дорад ва то имрӯз 12 нишасти ин комиссия дар Душанбе ва Теҳрон баргузор шудааст.
Лентаи хабарҳо
0