https://sputnik.tj/20220113/hushdor-ojikistoniyon-barf-tarma-sangrezi-1044778762.html
Ҳушдор ба тоҷикистониён аз барфрезии зиёду тармафароӣ ва сангрезӣ
Ҳушдор ба тоҷикистониён аз барфрезии зиёду тармафароӣ ва сангрезӣ
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аҳолиро аз тағйироти ҷиддии обуҳаво огоҳ кард 13.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-13T14:08+0500
2022-01-13T14:08+0500
2022-01-13T17:33+0500
дар тоҷикистон
обу ҳаво
борон
барф
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/11/1043598507_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_0fb51545de315bc6311db6a17bda8657.jpg
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Обуҳавошиносони кишвар мегӯянд, ки то охири ҳафта дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон обуҳаво аз ҳолати мавҷуд ҳам бадтар мешавад. Рӯзҳои наздик дар водиҳо бориши борон ва дар доманакӯҳу кӯҳҳо барфрезии зиёд пешбинӣ шудааст. Тибқи иттилои КҲФ, дар қитъаҳои роҳҳои Душанбе - Чаноқ, Душанбе - Ваҳдат - Лахш, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Кӯлоб, Шамсиддини Шоҳин - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим - Мурғоб бориши барф дар назар аст.Ҳамзамон ба иттилои ин ниҳод, дар баъзе ҷойҳо фаромадани тарма ва резиши санг низ аз эҳтимол дур нест.Дар робита ба чунин пешгӯиҳо Кумитаи ҳолатҳои изтирории кишвар ба сокинон ҳушдор додааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафар аз манотиқи осебпазир ва хатарнок худдорӣ кунанд.Илова бар ин КҲФ хостааст, ки сокинон дар чанд рӯзи оянда аз ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд. Ба ронандагон бошад, ин кумита ҳушдор додааст, ки дар шароити номусоиди обуҳаво воситаҳои нақлиёти худро вобаста ба вазъ омода кунанд, дар роҳҳои минтақаҳои тармафаро дар фосилаи дуртар аз дигар мошинҳо ҳаракат кунанд. Пиёдагардонро низ лозим аст, ки ҳангоми гузаштан аз зери дарахтон ва хатти баландшиддати барқ эҳтиёткор бошанд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки бар асари боришоти зиёди барф дар навоҳии ВМКБ, дар қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ҳамчунин дар шоҳроҳҳои Хоруғ – Ишкошим, Душанбе – Варзоб – Айнӣ, Хоруғ – Мурғоб фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст.
https://sputnik.tj/20220104/tarma-shohroh-dushanbe-chanoq-1044594701.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/11/1043598507_187:0:2918:2048_1920x0_80_0_0_0fbc827cd626de7b8256ce935b0f086e.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ҳушдор тоҷикистониён барфрезӣ зиёд тармафароӣ сангрезӣ
ҳушдор тоҷикистониён барфрезӣ зиёд тармафароӣ сангрезӣ
Ҳушдор ба тоҷикистониён аз барфрезии зиёду тармафароӣ ва сангрезӣ
14:08 13.01.2022 (Навсозишуда: 17:33 13.01.2022) Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон аҳолиро аз тағйироти ҷиддии обуҳаво огоҳ кард
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Обуҳавошиносони кишвар мегӯянд, ки то охири ҳафта дар манотиқи кӯҳистонии Тоҷикистон обуҳаво аз ҳолати мавҷуд ҳам бадтар мешавад.
Рӯзҳои наздик дар водиҳо бориши борон ва дар доманакӯҳу кӯҳҳо барфрезии зиёд пешбинӣ шудааст.
Тибқи иттилои КҲФ, дар қитъаҳои роҳҳои Душанбе - Чаноқ, Душанбе - Ваҳдат - Лахш, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Кӯлоб, Шамсиддини Шоҳин - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим - Мурғоб бориши барф дар назар аст.
Ҳамзамон ба иттилои ин ниҳод, дар баъзе ҷойҳо фаромадани тарма ва резиши санг низ аз эҳтимол дур нест.
Дар робита ба чунин пешгӯиҳо Кумитаи ҳолатҳои изтирории кишвар ба сокинон ҳушдор додааст, ки дар ин рӯзҳо аз сафар аз манотиқи осебпазир ва хатарнок худдорӣ кунанд.
Илова бар ин КҲФ хостааст, ки сокинон дар чанд рӯзи оянда аз ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ намоянд.
Ба ронандагон бошад, ин кумита ҳушдор додааст, ки дар шароити номусоиди обуҳаво воситаҳои нақлиёти худро вобаста ба вазъ омода кунанд, дар роҳҳои минтақаҳои тармафаро дар фосилаи дуртар аз дигар мошинҳо ҳаракат кунанд.
Пиёдагардонро низ лозим аст, ки ҳангоми гузаштан аз зери дарахтон ва хатти баландшиддати барқ эҳтиёткор бошанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки бар асари боришоти зиёди барф дар навоҳии ВМКБ, дар қаторкӯҳҳои Ҳисор ва ҳамчунин дар шоҳроҳҳои Хоруғ – Ишкошим, Душанбе – Варзоб – Айнӣ, Хоруғ – Мурғоб фаромадани тарма ба қайд гирифта шудааст.