Ғарб амнияти Русияро тазмин накард: чӣ гуна ояндае дар пеш хоҳад буд?

© Sputnik / Алексей Витвицкий / Гузариш ба медиабонкСовет Россия - НАТО в Брюсселе
Совет Россия - НАТО в Брюсселе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Обуна шудан
Даври аввали музокирот бо Ғарб дар бораи кафолати амниятии Русия ба поён расид: мулоқоти Русияву Амрико дар Женева ва музокирот бо НАТО дар Брюссел баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik, Петр Акопов. Имрӯз дар Вена мулоқоти дигар дар шакли САҲА баргузор мешавад, аммо он хусусияти расмӣ хоҳад дошт. Натиҷа чӣ гуна аст? Кӣ ғолиб мешавад?
Ҳеҷ кас интизор надошт, пешниҳодҳои Русия, ки дар шакли бесобиқа таҳия шудаанд, аз ҷониби Иёлоти Муттаҳида пазируфта мешаванд, зеро муҳимтарини онҳо - талаби даст кашидан аз густариши НАТО ба Шарқ (пеш аз ҳама Украина) маънои онро дошт, ки ба Маскав ҳуқуқи вето кардани аҳдофи паймони тавсеаталабро намедиҳанд.
Вашингтон ба ин розӣ шуда наметавонист, гарчанде ки хоҳад ҳам, ин на танҳо боиси бемории кулли ҳукуматдорони Киев, балки боиси шӯриши байни аъзои аврупоии ин иттифоқ мегардад. На аз он сабаб, ки онҳо орзуи ворид кардани Украинаро ба иттиҳод ё ҳадди аққал оғози атлантизатсияи онро доранд, дар ҳоле ки қудратҳои калидии қораӣ ба ин комилан ниёз надоранд, балки барои он ки ҳамбастагии ИМА бо Маскав ҳамчун беэътиноӣ ба андешаи иттифоқчиён арзёбӣ мешавад.
Амнияти ҷамъӣ ва ҳамсояҳои Русия дар зери зарбаи Ғарб
"Моро ба назар намегиранд ва дар ин ҷо низ Трамп метавонад ба Кохи Сафед баргардаду он гоҳ Амрико умуман моро ҳаволаи тақдир хоҳад кард" эҳсоси мавҷуд дар пойтахтҳои аврупоист, ки иддао доранд, мустақиланд, аммо худкифо нестанд.
Аз ин рӯ натиҷаи музокироти барои масъалаи асосӣ пешакӣ муайян шуда буд: ҳам муовини котиби давлатӣ Шерман ва ҳам котиби генералӣ Столтенберг пас аз мулоқот бо намояндагони Русия тасдиқ карданд, ки русҳо интизори ягон ваъдаи қабули Украина ба НАТО нахоҳанд буд.
Столтенберг иттиҳомоти таҷовузи НАТО-ро рад кард ва гуфт, тавсеаи паймон хатарнок нест, зеро демократия бо ин роҳ густариш меёбад. Аммо хатари даргириҳои низомӣ дар Аврупо вуҷуд дорад ва он аз сӯйи Русия хоҳад сар зад, ки дар Гурҷистон, Украина ва Молдова нерӯҳои мусаллаҳ дорад, дар ҳоле касе онҳоро ба он ҷо даъват накард.
Бинобар ин дабири кул аз Русия даъват кард, ки нерӯҳои худро аз ин кишварҳо берун орад.
Дар айни замон гӯё тарафҳо дар бораи давом додани гуфтушунид аҳду паймон кардаанд: ҳанӯз ҳам масъалаҳои дар бораи ҷойгир кардани яроқу аслиҳа ҳастанд, ки баҳси онҳо беохир хоҳад буд. Ростӣ, ин гуна мубоҳисаҳо, махсусан дар шароити ҳал нашудани масъалаи асосӣ барои мо -кафолатҳои вусъат наёфтани НАТО ба Шарқ кам аҳамият доранд.
Ин дархости мо посухи қатъии "не" гирифт, ки дар вокуниши расмии Вашингтон ба лоиҳаи созишномаи пешниҳодкардаи Маскав тасдиқ хоҳад шуд.
Брифинг официального представителя МИД России М. Захаровой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
"Бадхоҳии ҳамешагӣ": вокуниши Вазорати корҳои хориҷӣ ба интиқоди Ғарб аз СПАД
Пас, ҳамаи ин барои чӣ буд? Чаро Маскав тамоми ин масоилро аз тариқи "ба мо кафолат лозим аст ва фавран" матраҳ кард? Барои посух пайдо кардан ба суол нафароне сари худро гиҷ мекунанд, ҳол он ки посухи он сода аст.
Як моҳ пеш Владимир Путин ин суолро ба таври дақиқ гузошта буд, на аз он сабаб, ки ӯ умедвор буд, баъзе имтиёзҳо аз Иёлоти Муттаҳида ба даст ояд, балки вақти он расида, то дар таҷдиди сохтори ҷаҳонӣ як боби нав боз шавад.
Ғарб дар атрофи ҳамлаи ногузири Русия ба Украина чанд моҳ аст, ки истерика дошт ва то охири сол амалан худро ба ин бовар кунонд. Аммо назорат аз болои Украинаро ба муддати номуайян дур кардан ғайриимкон аст ва ин маънои онро дорад, ки истифодаи он барои фишор ба Русия ва боздоштани кишвари мо торафт мушкилтар мешавад.
Украина дороии хеле арзишманд аст, ки бо ин идеяи аз даст додани он канор омад ва ин маънои онро дорад, ки мо бояд кӯшиш кунем, ба қадри имкон замонро ба дарозо кашем, то Кремл бовар кунад, ки Ғарб аз Майдон даст намекашад. Чӣ тавр? Тавассути ба қадри имкон баланд бардоштани саҳҳом, барҳам фазои русияҳаросии зери унвони "таҳдиди ҳамлаи Русия" ва "баҳои даҳшатноки он".
Мухин о Путине и его пресс-конференции: подведена черта для Украины и Запада - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.12.2021
Сиёсатшинос: Путин барои Украина ва Ғарб хатту нишон кашид - видео
Ва ин аст, ки Путин ташаббусро ба даст гирифт: ӯ як иқдоми муқобил кард ва изҳор дошт, ки Русия дигар барои таҳаммули ҳамлаи ғарбӣ ба самти Шарқ фурсат надорад. Ин мо ҳастем, ки интизор шудан намехоҳем, ин вазъи мавҷуд аст, ки ба мо мувофиқ нест, мо номуайянии узвияти Украина дар НАТО-ро бароям бесуд меҳисобем ва онро таҳаммул намекунем.
Пешниҳоди Путин ба Ғарб дар бораи ақибнишинӣ аз Киев дар аввал ғайри қобили қабул буд, аммо он ба зуҳури воқеияти нав, қоидаҳои нави бозӣ ишора кард. Ҳоло дигар Ғарб нест, ки аз Русия талаб мекунад, ба Украина ҳамла накунад, балки Маскав бар асоси қоидаҳои худ, анҷоми бозиро барои Ғарб эълон мекунад.
Оё шумо ба манфиатҳои мо ин қадар беэътиноӣ мекунед, ки дар бораи пешбурди демократия бо ёрии НАТО ба мо нақл мекунед? Бевосита дар қаламрави Русияи таърихӣ? Яъне бозгашти салиби масеҳиёни худотарс бар зидди тафриқаафканҳои даҳшатбор, ки дар тӯли ҳазор сол чизе тағйир надодаанд?
Флаги Евросоюза - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Музокироти Русия ва НАТО дар Брюссел
Хуб, аз ҷавоби мо ҳайрон нашавед, мо воқеан барои таъмини бехатарии худ ҳама корро мекунем. Не, мо фардо ба Киев ҳамла нахоҳем кард (ин орзуи ҳамаи русофобҳост - ташкили ҷанги шаҳрвандии байни русҳо, байни русҳои бузург ва русҳои хурд), аммо ба сиёсати маҳор бо маҳори мутақорун ва номутақорун дар фазои пасошӯравӣ ва дар кул ҷаҳон мувоҷеҳ хоҳад шуд.
Аслан мо аллакай барои тамоми сиёсатҳои солҳои охир, тамоми корҳои бунёдии тартиботи нави ҷаҳонӣ (ва барҳам додани тартиботи куҳнаи Атлантик) ҷавобгар ҳастем, танҳо ҳоло, пас аз он ки Ғарб пешниҳодҳои Путинро расман рад кард, мо онро дар воқеияти дигари геополитикӣ дар системаи мухтаси нави ҷаҳонӣ анҷом медиҳем.
На танҳо мо ва ҳамчунин Ғарб ҳам маҷбур хоҳад шуд, ки равобити худро бо Русия тибқи қоидаҳои нав ба роҳ монад. Пас аз як ҳафта президенти нави Эрон ба Маскав меояд ва баъд аз се ҳафта Владимир Путин ба Пекин меравад. Ӯ дар ифтитоҳи олимпиада ва марҳилаи нав дар шаклдиҳии сохтмони амнияти на русӣ, балки ҷаҳонӣ ширкат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0