Яке ҷойи якум гирифту дигаре баҳои баланду диплом: дастоварди наврасони тоҷик дар "Делфӣ"

© Дельфийские игрыЛоготип молодежные Дельфийские игры государств-участников СНГ
Логотип молодежные Дельфийские игры государств-участников СНГ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Обуна шудан
Наврасони тоҷик, ки дар озмуни "Делфӣ" ғолиб омаданд, аз ҷониби вазири фарҳанги Тоҷикистон Зулфия Давлатзода қадрдонӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 13 янв — Sputnik. Ду навраси тоҷик дар озмуне, ки аз тариқи видеоӣ дар шаҳри Маскав баргузор шуд, ба гирифтани ҷойҳои намоён сазовор гардиданд.
Аз ғолибияти наврасон Вазорати фарҳанги ҷумҳурӣ хабар дода, изҳор дошт, онҳо дар Бозиҳои 15-уми байналмилалии "Делфӣ" иштирок намуданд. Ин озмун авоили моҳи декабр дар Русия миёни наврасони кишварҳои ИДМ ба сурати онлайнӣ баргузор шуд.
Манбаъ афзуда, дар ин озмуни байналмилалӣ аз Сирки давлатии Тоҷикистон Шарифзода Муҳаммади Анвар дар жанри эквилибристика иштирок кард.
Ансамбль Пои-Калон. Город Бухара, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Пирӯзии наврасони тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Бухоро
Илова бар ин муҳассилини Мактаб-интернати миёнаи махсуси мусиқии ҷумҳуриявии ба номи Зиёдулло Шаҳидӣ Рустам Қурбонов ва Эҳсон Раҳмхудоев аз рӯи бахши созҳои миллӣ байни наврасони аз 14 то 17-сола ширкат варзиданд.
Зимнан ду навраси тоҷик, аз ҷумла Шарифзода ба гирифтани ҷойи аввал ноил шуда, Раҳмхудоев дар сози миллӣ асарҳои композиторони ватанию ҷаҳониро иҷро намуда, сазовори баҳои баланди ҳакамон ва дипломи озмун гардид.
Вазорат мегӯяд, ғолибони тоҷик дар маросими махсус аз ҷониби Давлатзода Зулфия, вазири ин ниҳод қадрдонӣ шуданд.
Лентаи хабарҳо
0