Беҳтарин андозсупорандаи Тоҷикистон дар соли 2021 маълум шуд

© Sputnik Отделение банка "Амонатбонк"
Отделение банка Амонатбонк - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2022
Обуна шудан
Бонки давлатии амонатгузории “Амонатбонк” беҳтарин андозсупоранда дар соли 2021 эълон шуд
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Амонатбонк “андозсупорандаи беҳтарин” дар соли 2021 эълон шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии Бонки давлатии амонатгузорӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, дар асоси хулосаи комиссияи Кумитаи андози Тоҷикистон “Амонатбонк” барои иҷрои софдилонаи қонунгузории андоз, саҳми арзанда дар рушди иқтисод ва буҷаи давлатӣ андозсупорандаи беҳтарини соли 2021 интихоб шудааст.

Манбаъ ёдовар шудааст, ки Кумитаи андози Тоҷикистон дастовардҳои бонкро ба назар гирифта, бори дуввум аст, ки "Амонатбонк"-ро ба гурӯҳи андозсупорандагони беҳтарини сол дохил менамояд.
Продавец в магазине считает сдачу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.12.2021
Ҳисоби ҷарима ва боҷу андоз дар Тоҷикистон аз оғози соли 2022 зиёд мешавад: Чӣ қадар?
“Амонатбонк" минбаъд ҳам дар ҷавоб ба чунин қадрдониҳо дар доираи қонунгузории амалкунанда иҷрои саривақтию бемамонияти уҳдадориҳои худро дар назди буҷаи давлатӣ таъмин хоҳад намуд”, - қайд кардааст бонки давлатии амонатгузорӣ.
Ёдрас менамоем, дар соли 2020 Муассисаи давлатии “Маркази миллии патенту иттилоот”-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон, ширкати “Шивер Тоҷикистон”, ташкилоти суғуртавии “Суғуртаи аввалини миллӣ”, ҶДММ Коллеҷи тиббии шаҳри Гулистон; ҶДММ “КМ Муосир” беҳтарин андозсупоранда дониста шуда буданд.
Ҳамчунин “Амонатбонк”, ташкилоти амонатии қарзии хурди “Финка”; Бонки байналмилалии Тоҷикистон, ширкати “Кока-кола нӯшокиҳои Тоҷикистон”, ширкати “Восток” ва “Нури тиб” бо ифтихорнома қадрдонӣ шуда буданд.
Лентаи хабарҳо
0