https://sputnik.tj/20220113/avangard-tablighi-payomi-raisjumhurro-sugd-1044796630.html
“Авангард” таблиғи паёми раисҷумҳурро аз вилояти Суғд шуруъ кард
“Авангард” таблиғи паёми раисҷумҳурро аз вилояти Суғд шуруъ кард
Sputnik Тоҷикистон
Ҷавонони гурӯҳи "Авангард" барои таблиғи паёми раисҷумҳур ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд рафтанд
2022-01-13T19:40+0500
2022-01-13T19:40+0500
2022-01-13T20:11+0500
дар тоҷикистон
суғд
гурӯҳи "авангард"
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0d/1044796455_0:133:1281:853_1920x0_80_0_0_45ec50c12af1b54f7319c9e2202bec4a.jpg
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд силсилавохӯриҳои гурӯҳи ҷавонони "Авангард"-и вилоят бо мақсади тарғибу ташвиқ ва расонидани муҳтавои паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, иттилоъ додаанд намояндагони ин гурӯҳ.Тибқи иттилои манбаъ, ахиран дар ноҳияи Айнӣ чунин як вохурӣ баргузор гардида, ки дар он муовини раиси ноҳияи Айнӣ Гулсара Зокирзода, намояндагони ВКД-и Тоҷикистон дар вилояти Суғд, муовини роҳбари гурӯҳи ҷавонони "Авангард" дар вилояти Суғд, аъзои ин гурӯҳ дар ноҳия ва дигар ҷавонону наврасони фаъол ширкат карданд.Гуфта шудааст, ки дар вохӯрӣ мутасаддиён вобаста ба он мавзъҳое аз паёми раисҷумҳур суханронӣ карданд, ки ба ҷавонон рабт доштанд ва ҷавонону наврасонро барои дар роҳи ободонии Ватан амал намудан, корҳои хайру савоб анҷом додан ва донишомӯзии бемаҳдуд ҳидоят намуданд.Ҳамзамон намояндагони ин гурӯҳ таъкид кардаанд, ки ҷавонону наврасон бояд ҳамеша бо нияти неку амали боиси ифтихор қадам ниҳода, дар устувории сулҳу субот ва пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи хешро гузоранд.Ёдовар мешавем, соли гузашта Вазорати адлияи Тоҷикистон эълон карда буд, ки фаъолияти гуруҳи “Авангард” таҳти омӯзиши ин ниҳод қарор гирифтааст.Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, то кунун гурӯҳи “Авангард” барои сабти ном шудан ба Вазорати адлия муроҷиат накардааст.Вай афзуд, ҳаракати ҷамъиятии мазкур расман дар Вазорати адлия ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамин ҳол таъкид шуд, ки Вазорати адлия фаъолияти ҳаракати мазкурро мавриди таҳлил қарор додааст.“Айни замон мо омӯхта истодаем ва дар нишасти матбуотии оянда ба шумо маълумоти мушаххас дода метавонем. Зеро ин ҳаракат узвият надорад, иштирокчӣ дорад. Ва онҳо мегӯянд, ки "мо доимамалкунанда нестем", - гуфт муовини вазир.Ба таъкиди ӯ, дар Вазорати адлия он ҳаракатҳои ҷамъияте номнавис мешаванд, ки худро шахси ҳуқуқӣ эътироф кунанду узвият доранд. Онҳо барои сабти ном ҳич гуна ҳуҷҷат ба Вазорати адлия то кунун пешниҳод накардаанд.“Авангард”, ба навиштаи сомонаи ин гурӯҳ, моҳи августи соли 2015 ташкил шудааст. Ҷаласаи аввали созмон дар бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва бо ҳузури вазир Рамазон Раҳимзода баргузор шудааст.Маводе, ки ин гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунад, бештар сиёсӣ ҳастанд. Тарафдорони ин гурӯҳ бештар ба “маҳкум кардани ҲНИТ” ё “муроҷиат ба Олмон барои баргардондани террористон” машғуланд. Онҳо ин рафтори худро ҳамчун “ҳимояи манфиатҳои давлат” арзёбӣ мекунанд.
https://sputnik.tj/20210417/taloshi-avangard-ziyod-namudani-shumora-azoyon-1038554084.html
https://sputnik.tj/20210219/Vazir-Avangard-faoliyat-1032854831.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0d/1044796455_0:0:1137:853_1920x0_80_0_0_39987429c0254baa314e1d84fe893d86.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, авангард, суғд, таблиғ, паём, раисҷумҳур, ҷавонон
тоҷикистон, авангард, суғд, таблиғ, паём, раисҷумҳур, ҷавонон
“Авангард” таблиғи паёми раисҷумҳурро аз вилояти Суғд шуруъ кард
19:40 13.01.2022 (Навсозишуда: 20:11 13.01.2022) Ҷавонони гурӯҳи "Авангард" барои таблиғи паёми раисҷумҳур ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд рафтанд
ДУШАНБЕ, 13 янв – Sputnik. Имрӯзҳо дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд силсилавохӯриҳои гурӯҳи ҷавонони "Авангард"-и вилоят бо мақсади тарғибу ташвиқ ва расонидани муҳтавои паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, иттилоъ додаанд намояндагони ин гурӯҳ.
Тибқи иттилои манбаъ, ахиран дар ноҳияи Айнӣ чунин як вохурӣ баргузор гардида, ки дар он муовини раиси ноҳияи Айнӣ Гулсара Зокирзода, намояндагони ВКД-и Тоҷикистон дар вилояти Суғд, муовини роҳбари гурӯҳи ҷавонони "Авангард" дар вилояти Суғд, аъзои ин гурӯҳ дар ноҳия ва дигар ҷавонону наврасони фаъол ширкат карданд.
Гуфта шудааст, ки дар вохӯрӣ мутасаддиён вобаста ба он мавзъҳое аз паёми раисҷумҳур суханронӣ карданд, ки ба ҷавонон рабт доштанд ва ҷавонону наврасонро барои дар роҳи ободонии Ватан амал намудан, корҳои хайру савоб анҷом додан ва донишомӯзии бемаҳдуд ҳидоят намуданд.
“Ҷавонон нерӯи асосии созанда маҳсуб ёфта, ояндаи шукуфони ин кишвару ин давлат дар дасти онҳост”, - гуфта мешавад дар иттилоияи ин гурӯҳ дар "Фейсбук".
Ҳамзамон намояндагони ин гурӯҳ таъкид кардаанд, ки ҷавонону наврасон бояд ҳамеша бо нияти неку амали боиси ифтихор қадам ниҳода, дар устувории сулҳу субот ва пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Ёдовар мешавем, соли гузашта Вазорати адлияи Тоҷикистон эълон карда буд, ки фаъолияти гуруҳи “Авангард” таҳти омӯзиши ин ниҳод қарор гирифтааст.
Асадулло Ҳакимзода, муовини вазири адлияи Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, то кунун гурӯҳи “Авангард” барои сабти ном шудан ба Вазорати адлия муроҷиат накардааст.
Вай афзуд, ҳаракати ҷамъиятии мазкур расман дар Вазорати адлия ба қайд гирифта нашудааст. Дар ҳамин ҳол таъкид шуд, ки Вазорати адлия фаъолияти ҳаракати мазкурро мавриди таҳлил қарор додааст.
“Айни замон мо омӯхта истодаем ва дар нишасти матбуотии оянда ба шумо маълумоти мушаххас дода метавонем. Зеро ин ҳаракат узвият надорад, иштирокчӣ дорад. Ва онҳо мегӯянд, ки "мо доимамалкунанда нестем", - гуфт муовини вазир.
Ба таъкиди ӯ, дар Вазорати адлия он ҳаракатҳои ҷамъияте номнавис мешаванд, ки худро шахси ҳуқуқӣ эътироф кунанду узвият доранд. Онҳо барои сабти ном ҳич гуна ҳуҷҷат ба Вазорати адлия то кунун пешниҳод накардаанд.
“Авангард”, ба навиштаи сомонаи ин гурӯҳ, моҳи августи соли 2015 ташкил шудааст. Ҷаласаи аввали созмон дар бинои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва бо ҳузури вазир Рамазон Раҳимзода баргузор шудааст.
Маводе, ки ин гурӯҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн мекунад, бештар сиёсӣ ҳастанд. Тарафдорони ин гурӯҳ бештар ба “маҳкум кардани ҲНИТ” ё “муроҷиат ба Олмон барои баргардондани террористон” машғуланд. Онҳо ин рафтори худро ҳамчун “ҳимояи манфиатҳои давлат” арзёбӣ мекунанд.