Даҳшат: видеои қароргоҳи тахрибшудаи Тоқаев дар Алмаато

Обуна шудан
Видеои қароргоҳи президенти Қазоқистон, ки аз ҷониби эътирозгарон тахриб шуд, ниҳоят даҳшатовар аст
Пас аз ошӯбҳои густурда дар Қазоқистон қароргоҳи раисҷумҳур дар Алмаато ба як харобазор табдил ёфт.
Видеои қароргоҳи тахрибшудаи президент ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфт. Дар он толорҳое сабт шудаанд, ки дар гузашта қарорҳои тақдирсоз барои кишвар дар дохили он қабул мешуданд. Ҳоло ин толорҳо вайрону валонгоранд. Тирезаҳои шикаста, лавозими корӣ ҳама сӯхтаву вожгунанд.
Қувва ва тавоноӣ: нерӯҳои сулҳофари СААД дар Қазоқистон - акс
Гирду атрофи қароргоҳ назар ба дохили толорҳо бештар дилгиркунанда аст. Даҳҳо мошин, ки бар асари сӯхтор корношоям гардидаанд, атрофи қароргоҳи президент парешонанд.
Тазоҳурот дар Қазоқистон бо гирдиҳамоӣ оғоз шуд: садҳо нафар дар шаҳрҳои мухталифи кишвар ба далели болоравии қимати газ ба кӯчаҳо рехтанд. Мақомот талаби онҳоро иҷро карда, арзиши сӯзишвориро коҳиш доданд, аммо тазоҳуркунандагон таҷаммуотро хотима надоданд.
Садои тиру фарёди эътирозгарон: видео аз лаҳзаи оташ задани бинои ҳукумат дар Алмаато
Иншооти зиёд дар Қазоқистон сӯхта шуда, марказҳои бузуги савдо мавриди ғоратгарӣ қарор гирифтанд.
Ҳоло бо кумаки нерӯҳои сулҳовари СААД вазъият ором шудааст ва корҳои барқарорсозӣ идома доранд.
Лентаи хабарҳо
0