https://sputnik.tj/20220112/sokin-poytakht-ghorat-terminal-pul-1044736075.html
Сокини пойтахт дар ғорати дастгоҳҳои худпардоз муттаҳам мешавад
Сокини пойтахт дар ғорати дастгоҳҳои худпардоз муттаҳам мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Терминалҳои пардохтии ширкати "Пайванд гурӯҳ" мавриди ғоратгарӣ қарор гирифтанд
2022-01-12T11:40+0500
2022-01-12T11:40+0500
2022-01-24T11:20+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ғоратгарӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101338/82/1013388246_0:160:3073:1888_1920x0_80_0_0_b2f84e827f2934c9eefaf22df4a4732a.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Як сокини 37-солаи шаҳри Душанбе дар ғорати терминали пулгузаронӣ муттаҳам дониста мешавад. Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки муттаҳам бо истифода аз калид дастгоҳҳои худпардозро боз карда, пул дуздидааст.Ин ҳодиса охирҳои моҳи январи соли сипаришуда сурат гирифтааст ва ҳоло кормандони ин ниҳод муттаҳам дар ин корро боздошт карданд.Манбаъ меафзояд, худпардозҳо ба ширкати "Пайванд гурӯҳ" тааллуқ доштанд."Номбуда бо роҳи пинҳонӣ терминалҳои пардохтии ширкати "Пайванд гурӯҳ", воқеъ дар кӯчаҳои С. Осиё, С. Носир, М. Турсунзода, хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Меҳнат ва дохили бозори "Меҳргон"-и шаҳри Душанберо ғорат кард", - омадааст дар хабари вазорат.Ин ниҳод тавзеҳ надодааст, ки боздоштшуда чӣ гуна калиди терминалҳоро пайдо намудааст, балки меафзояд, маблағи умумии дуздидашуда 240 980 сомониро ташкил медиҳад.ВКД Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.Ғорат шудани терминалҳои мазкур дар ҳолест, Раёсати умури дохилии Душанбе зимни ҳисоботи солонаи худ эълон карда буд, ки тайи 12 моҳи соли 2021 дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт нисбат ба як соли пеш 311 адад ё худ 8,03% камтар ҷиноят содир шудааст.Ин ниҳод аз ҷумла гуфт, дуздӣ 7,24 ва ғоратгарӣ 10,5 дарсад коҳиш ёфтааст.
https://sputnik.tj/20220106/duzdi-rohzani-avboshi-qallobi-guzorish-milisa-1044630868.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101338/82/1013388246_170:0:2901:2048_1920x0_80_0_0_f83f56f7ee50a9b3ce8a22a8146d0060.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе терминал ғорат
Сокини пойтахт дар ғорати дастгоҳҳои худпардоз муттаҳам мешавад
11:40 12.01.2022 (Навсозишуда: 11:20 24.01.2022) Дастгоҳҳи худпардози ширкати "Пайванд гурӯҳ" мавриди ғоратгарӣ қарор гирифтаанд
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Як сокини 37-солаи шаҳри Душанбе дар ғорати терминали пулгузаронӣ муттаҳам дониста мешавад.
Дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки муттаҳам бо истифода аз калид дастгоҳҳои худпардозро боз карда, пул дуздидааст.
Ин ҳодиса охирҳои моҳи январи соли сипаришуда сурат гирифтааст ва ҳоло кормандони ин ниҳод муттаҳам дар ин корро боздошт карданд.
Манбаъ меафзояд, худпардозҳо ба ширкати "Пайванд гурӯҳ" тааллуқ доштанд.
"Номбуда бо роҳи пинҳонӣ терминалҳои пардохтии ширкати "Пайванд гурӯҳ", воқеъ дар кӯчаҳои С. Осиё, С. Носир, М. Турсунзода, хиёбони Рӯдакӣ, кӯчаи Меҳнат ва дохили бозори "Меҳргон"-и шаҳри Душанберо ғорат кард", - омадааст дар хабари вазорат.
Ин ниҳод тавзеҳ надодааст, ки боздоштшуда чӣ гуна калиди терминалҳоро пайдо намудааст, балки меафзояд, маблағи умумии дуздидашуда 240 980 сомониро ташкил медиҳад.
ВКД Тоҷикистон мегӯяд, таҳқиқи ҳодисаи мазкур идома дорад.
Ғорат шудани терминалҳои мазкур дар ҳолест, Раёсати умури дохилии Душанбе зимни ҳисоботи солонаи худ эълон карда буд, ки тайи 12 моҳи соли 2021 дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт нисбат ба як соли пеш 311 адад ё худ 8,03% камтар ҷиноят содир шудааст.
Ин ниҳод аз ҷумла гуфт, дуздӣ 7,24 ва ғоратгарӣ 10,5 дарсад коҳиш ёфтааст.