https://sputnik.tj/20220112/nooromiho-toqaev-almaaton-1044745967.html
Баъди нооромиҳо: Тоқаев таҳти муҳофизат аз замину ҳаво вориди Алмаато шуд
Баъди нооромиҳо: Тоқаев таҳти муҳофизат аз замину ҳаво вориди Алмаато шуд
Sputnik Тоҷикистон
Пас аз норомиҳои ахир президенти Қазоқистон ба пойтахти ҷанубии ин кишвар рафт
2022-01-12T14:36+0500
2022-01-12T14:36+0500
2022-01-12T18:28+0500
сиёсат
қазоқистон
алмаато
осиёи марказӣ
қосим -жомарт тоқаев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042295607_0:0:3011:1694_1920x0_80_0_0_767a273fb3dfaf87d11151dc672d5934.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон вориди Алмаато шудааст, ки чанд рӯз қабл маркази асосии нооромиҳо дар ин кишвар буд.Тибқи видеоҳои дар интернет паҳншуда, кортежи президент бо ҳимояи заминӣ ва ҳавоӣ ба шаҳр ворид шуд.Дафтари матбуотии раисҷумҳури Қазоқистон низ таъйид кард, ки воқеан, президенти Қазоқистон ба пойтахти ҷанубии ин кишвар барои боздид аз шаҳри осебдида ва мулоқот бо хонаводаҳои пулису сарбозони кушташуда рафтааст."Тасдиқ мекунем, ки раисҷумҳур ба Алмаато омадааст. Ӯ дар ҷаласаи ситоди фаврӣ дар Алмаато ширкат дошт. Ҳамчунин бо хешовандон, наздикони афсарон ва пулисони кушташуда, низомиён вохӯрӣ баргузор шуда, президент ба эшон изҳори ҳамдардӣ карда, ҷоизаҳоеро ҳам тақдими онҳо кардааст", — омадааст мегӯяд сухангӯи раисҷумҳури Қазоқистон Берик Уали. Ёдовар мешавем, эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли 2022 оғоз шуданд. Сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау дар ғарби ин кишвар бинобар гарон шудани нархи гази моеъ мухолиат карда, ба кӯчаҳо рехтанд.Баъдтар ин гуна эътирозҳо ба дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Алмаато, пойтахти куҳна ва калонтарин шаҳри Қазоқистон паҳн шуданд. Дар муддати кӯтоҳе даҳҳо иншоот сӯзонда ва ғорат шуданд.Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, бар асари ин ошӯбҳо дар Қазоқистон 164 нафар кушта шуд.Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев хисороти ноамниҳоро 2-3 миллиард доллар эълон кард.Ҳукумати ин кишвар дар посух ба ҳамаи бетартибиҳо то 19 январ дар сартосари Қазоқистон вазъияти изтирорӣ эълон кард ва амалиёти зиддитеррористӣ оғоз намуд.Ҳоло вазъият дар Қазоқистон муътадил аст ва аксари корхонаву муассисаҳо ба кор шуруъ кардаанд.
https://sputnik.tj/20220111/neruho-sulhofar-saad-qazoqiston-kumak-video-1044720901.html
қазоқистон
алмаато
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/10/1042295607_0:0:2731:2048_1920x0_80_0_0_0952bf21f1eea20e2e067c620b44a590.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоқаев алмаато қазоқистон
тоқаев алмаато қазоқистон
Баъди нооромиҳо: Тоқаев таҳти муҳофизат аз замину ҳаво вориди Алмаато шуд
14:36 12.01.2022 (Навсозишуда: 18:28 12.01.2022) Пас аз норомиҳои ахир президенти Қазоқистон ба пойтахти ҷанубии ин кишвар рафт
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон вориди Алмаато шудааст, ки чанд рӯз қабл маркази асосии нооромиҳо дар ин кишвар буд.
Тибқи видеоҳои дар интернет паҳншуда, кортежи президент бо ҳимояи заминӣ ва ҳавоӣ ба шаҳр ворид шуд.
Дафтари матбуотии раисҷумҳури Қазоқистон низ таъйид кард, ки воқеан, президенти Қазоқистон ба пойтахти ҷанубии ин кишвар барои боздид аз шаҳри осебдида ва мулоқот бо хонаводаҳои пулису сарбозони кушташуда рафтааст.
"Тасдиқ мекунем, ки раисҷумҳур ба Алмаато омадааст. Ӯ дар ҷаласаи ситоди фаврӣ дар Алмаато ширкат дошт. Ҳамчунин бо хешовандон, наздикони афсарон ва пулисони кушташуда, низомиён вохӯрӣ баргузор шуда, президент ба эшон изҳори ҳамдардӣ карда, ҷоизаҳоеро ҳам тақдими онҳо кардааст", — омадааст мегӯяд сухангӯи раисҷумҳури Қазоқистон Берик Уали.
Ёдовар мешавем, эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли 2022 оғоз шуданд. Сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау дар ғарби ин кишвар бинобар гарон шудани нархи гази моеъ мухолиат карда, ба кӯчаҳо рехтанд.
Баъдтар ин гуна эътирозҳо ба дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Алмаато, пойтахти куҳна ва калонтарин шаҳри Қазоқистон паҳн шуданд. Дар муддати кӯтоҳе даҳҳо иншоот сӯзонда ва ғорат шуданд.
Тибқи маълумоти ғайрирасмӣ, бар асари ин ошӯбҳо дар Қазоқистон 164 нафар кушта шуд.
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев хисороти ноамниҳоро 2-3 миллиард доллар эълон кард.
Ҳукумати ин кишвар дар посух ба ҳамаи бетартибиҳо то 19 январ дар сартосари Қазоқистон вазъияти изтирорӣ эълон кард ва амалиёти зиддитеррористӣ оғоз намуд.
Ҳоло вазъият дар Қазоқистон муътадил аст ва аксари корхонаву муассисаҳо ба кор шуруъ кардаанд.