Нигаронии ректори ДМТ аз дарсшиканӣ, сатҳи забондонӣ ва камбуди омӯзгорони унвондор

© акс аз саҳифаи фейсбукии Қобилҷон ХушвахтзодаХушвахтзода Қобилҷон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Хушвахтзода Қобилҷон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.01.2022
Обуна шудан
Қобилҷон Хушбахтзода, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бурду бохти ин муассиса дар соли гузаштаро ҷамъбаст кард
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Дарсшикании бархе донишҷӯён, сатҳи пасти забондонӣ ва норасоии устодони унвондор дар бархе кафедраҳо аз камбудиҳои аслӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, калонтарин муассисаи таҳсилоти олӣ дар кишвар арзёбӣ шуд.
Ин нуктаро Хушбахтзода, ректори ДМТ дар ҷаласаи ҷамъбастӣ зикр намуда, барои ислоҳи вазъ дастур дод.
Аз ҷумла супориш дода шуд, ки барои тарғибу ташвиқи донишгоҳ дар дохил ва хориҷи кишвар ва ҷалби бештари донишҷӯён, магистрон ва докторантону унвонҷӯён коргузории беҳтар роҳандозӣ гардад.
Таджикские сомони - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.12.2021
Маош ва нафақа дар Тоҷикистон афзоиш меёбад
Инчунин таъкид кардааст, ки дар баробари иҷрои Қонун дар бораи забони давлатӣ инчунин тадбирҳое барои амалӣ кардани Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ андешида шаванд.
Дар феҳрасти дастовардҳои ДМТ Хушвахтзода изҳор доштааст, ки донишгоҳ дар миёни 450 донишгоҳи беҳтарин ва пешрафтаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ зинаи 241-умро ишғол намудааст.
Ректори ДМТ инчунин хабар додааст, дар баробари 20 дарсад боло бурдани маоши кормандони ин муассиса, ки бо дастури раисҷумҳур аз 1-уми июли соли 2022 амалӣ мешавад, иловатан аз 1 сентябри соли равон маоши кормандон боз 10 дарсади дигар афзоиш меёбад.
Лентаи хабарҳо
0