https://sputnik.tj/20220112/moskva-shinosnomai-ghayrishahrvandi-dushanbe-1044735062.html
Дар Маскав аввалин "шиносномаи ғайришаҳрвандӣ"-ро зодаи Душанбе гирифт
Дар Маскав аввалин "шиносномаи ғайришаҳрвандӣ"-ро зодаи Душанбе гирифт
Sputnik Тоҷикистон
Як зодаи Тоҷикистон аввалин сокини бешаҳрванди Маскав шуд, ки соҳиби шаҳодатномаи муваққатӣ гардид
2022-01-12T10:55+0500
2022-01-12T10:55+0500
2022-01-12T20:19+0500
қонун
шаҳрвандӣ
зодаи тоҷикистон
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103036/81/1030368142_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_ce971f521723b3cc8bb5b1c125b6ad72.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Барои нахустин бор дар Маскав ба шахси бешаҳрванд шаҳодатномаи муваққатӣ дода шуд. Дар ин бора узви Комиссияи назорати ҷамъиятии шаҳр Ева Меркачева хабар дод. Ин нафар зодаи Тоҷикистон Ёқубҷон Ҳакимҷонов будааст.Ба гуфтаи Меркачева, Ҳакимҷонов беш аз ду сол дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Сахарово зиндагӣ мекард. Ба далели надоштани шаҳрвандӣ мақомот натавонистанд ӯро ихроҷ кунанд. Ҳоло бо ин ҳуҷҷат ӯ метавонад озодона дар Маскав зиндагӣ ва дар саросари Федератсияи Русия кор кунад (барои кор ба ӯ патент лозим нест). Ба гуфтаи худи Ҳакимҷонов, ӯ дар Душанбе таваллуд шуда, дар панҷсолагӣ ҳамроҳи оилааш ба Астрахан кӯчидааст. Ёдовар мешавем, ки қонуни мазкурро Владимир Путин моҳи феврали соли 2021 имзо карда буд. Шаҳодатнома барои даҳ сол дода мешавад ва ба шумо имкон медиҳад, ки бидуни иҷозат кор кунед.То 1 декабри соли 2021 беш аз 750 дархост барои гирифтани шиносномаи муваққатӣ сабт шудааст.
https://sputnik.tj/20211229/giriftan-shahrvandi-rusia-oson-1044503175.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103036/81/1030368142_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_2a5e4205efcb04c69e5b3628b236aae3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
москва шиноснома зода душанбе
москва шиноснома зода душанбе
Дар Маскав аввалин "шиносномаи ғайришаҳрвандӣ"-ро зодаи Душанбе гирифт
10:55 12.01.2022 (Навсозишуда: 20:19 12.01.2022) Як зодаи Тоҷикистон аввалин сокини бешаҳрванди Маскав шуд, ки соҳиби шаҳодатномаи муваққатӣ гардид
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Барои нахустин бор дар Маскав ба шахси бешаҳрванд шаҳодатномаи муваққатӣ дода шуд. Дар ин бора узви Комиссияи назорати ҷамъиятии шаҳр Ева Меркачева хабар дод.
Ин нафар зодаи Тоҷикистон Ёқубҷон Ҳакимҷонов будааст.
“Аввалин нафаре, ки дар Маскав шиносномаи ба истилоҳ сабзи ғайришаҳрвандӣ, яъне шаҳодатномаи муваққатӣ гирифт, Ёқубҷон Ҳакимҷонови 53-сола аст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Меркачева, Ҳакимҷонов беш аз ду сол дар боздоштгоҳи муваққатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Сахарово зиндагӣ мекард.
Ба далели надоштани шаҳрвандӣ мақомот натавонистанд ӯро ихроҷ кунанд. Ҳоло бо ин ҳуҷҷат ӯ метавонад озодона дар Маскав зиндагӣ ва дар саросари Федератсияи Русия кор кунад (барои кор ба ӯ патент лозим нест).
Ба гуфтаи худи Ҳакимҷонов, ӯ дар Душанбе таваллуд шуда, дар панҷсолагӣ ҳамроҳи оилааш ба Астрахан кӯчидааст.
Ёдовар мешавем, ки қонуни мазкурро Владимир Путин моҳи феврали соли 2021 имзо карда буд.
Шаҳодатнома барои даҳ сол дода мешавад ва ба шумо имкон медиҳад, ки бидуни иҷозат кор кунед.
То 1 декабри соли 2021 беш аз 750 дархост барои гирифтани шиносномаи муваққатӣ сабт шудааст.