https://sputnik.tj/20220112/kam-meshavad-peshgui-bonk-jahoni-iqtisod-tojikiston-1044759459.html
"Коҳиш меёбад": пешгӯии Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди рушди иқтисоди Тоҷикистон
"Коҳиш меёбад": пешгӯии Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди рушди иқтисоди Тоҷикистон
Sputnik Тоҷикистон
Коршиносони Бонки ҷаҳонӣ пешгӯияшонро дар мавриди рушди иқтисоди Тоҷикистон баён доштанд
2022-01-12T18:00+0500
2022-01-12T18:00+0500
2022-01-12T20:42+0500
иқтисод
пешгӯӣ
сустӣ
осиёи марказӣ
гузориши бонки ҷаҳон
рушд
ммд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/01/1032001765_0:180:1920:1260_1920x0_80_0_0_39af788ac8e7f7e91d8f8c2241195e20.jpg
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Бонки Ҷаҳонӣ рушди иқтисоди Тоҷикистонро соли равон ба андозаи 5,5% ва соли 2023 то 4,5% пешгӯӣ мекунад. Бар асоси пешгӯии коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, суръати рушди иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ коҳиш меёбад. Нишондоди нисбатан баландро Ӯзбекистон нишон хоҳад дод. Рушди иқтисоди Осиёи Марказӣ 3% пешгӯӣ мешавад. Дар сатҳи ҷаҳонӣ ин нишондод 4,1% гуфта мешавад. Барои эҳёи иқтисод дар соли 2023, инчунин пайдоиши штаммҳои нави коронавирус, таваррум ва лаппишҳои молӣ халал мерасонанд. Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ инчунин ташдиди авзои геополитикиро дар қаламрави Осиёи Марказӣ низ аз эҳтимол дур намедонанд. Аз ҷумла ташаннуҷи мухолифат дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон зикр шудааст, ки метавонад ба омили таъсиррасон ба бозори молии минтақа табдил ёбад. Маврид ба зикр аст, ки мақомоти Тоҷикистон рушди иқтисоди кишвар дар соли гузаштаро ҳудуди 9 дарсад арзёбӣ мекунанд, ки аз пешгӯиҳои созмонҳои байналмилалӣ бештар мебошад. Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дастур додааст, нишондоди рушди иқтисод дар панҷ соли оянда ба ҳисоби миёна 7 дарсад дар сол таъмин гардад.
https://sputnik.tj/20211227/dakhlu-kharj-tojikiston-sol-2021-1044447052.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0a/01/1032001765_0:0:1920:1440_1920x0_80_0_0_fd7a2ec96c20c828ad56080875f0bfdd.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
пешгӯӣ, бонки ҷаҳонӣ, иқтисод, тоҷикистон
пешгӯӣ, бонки ҷаҳонӣ, иқтисод, тоҷикистон
"Коҳиш меёбад": пешгӯии Бонки Ҷаҳонӣ дар мавриди рушди иқтисоди Тоҷикистон
18:00 12.01.2022 (Навсозишуда: 20:42 12.01.2022) Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ пешгӯияшонро дар мавриди рушди иқтисоди Тоҷикистон баён доштанд
ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputnik. Бонки Ҷаҳонӣ рушди иқтисоди Тоҷикистонро соли равон ба андозаи 5,5% ва соли 2023 то 4,5% пешгӯӣ мекунад.
Бар асоси
пешгӯии коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, суръати рушди иқтисодиёт дар Осиёи Марказӣ коҳиш меёбад. Нишондоди нисбатан баландро Ӯзбекистон нишон хоҳад дод.
Рушди иқтисоди Осиёи Марказӣ 3% пешгӯӣ мешавад. Дар сатҳи ҷаҳонӣ ин нишондод 4,1% гуфта мешавад.
"Ин аз як тараф паёмади пандемияи COVID-19, коҳиши дастгирии фискалӣ ва қатъи таъминоти ҷаҳонӣ мебошад", - омадааст дар гузориши нашршуда дар сомонаи Бонки Ҷаҳонӣ.
Барои эҳёи иқтисод дар соли 2023, инчунин пайдоиши штаммҳои нави коронавирус, таваррум ва лаппишҳои молӣ халал мерасонанд.
Коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ инчунин ташдиди авзои геополитикиро дар қаламрави Осиёи Марказӣ низ аз эҳтимол дур намедонанд. Аз ҷумла ташаннуҷи мухолифат дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон зикр шудааст, ки метавонад ба омили таъсиррасон ба бозори молии минтақа табдил ёбад.
Маврид ба зикр аст, ки мақомоти Тоҷикистон рушди иқтисоди кишвар дар соли гузаштаро ҳудуди 9 дарсад арзёбӣ мекунанд, ки аз пешгӯиҳои созмонҳои байналмилалӣ бештар мебошад.
Ин дар ҳолест, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, дастур додааст, нишондоди рушди иқтисод дар панҷ соли оянда ба ҳисоби миёна 7 дарсад дар сол таъмин гардад.