Дубора якҷо шуданд? Нашри акси муштараки Гордону Нозанин аз лаби баҳр

© Sputnik / Екатерина Чеснокова / Гузариш ба медиабонкРадио и телеведущий Александр Гордон с супругой Нозанин Абдулвасиевой
Радио и телеведущий Александр Гордон с супругой Нозанин Абдулвасиевой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Обуна шудан
Ҳамсарони собиқ, ки соли 2020 ҷудо шуда буданд, якҷоя дар лаби баҳр истироҳат мекунанду аксашонро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намуданд
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Рӯзноманигор Алексадр Гордон ҳамроҳ бо ҳамсари собиқаш, коргардони тоҷик Нозанин Абдулвосиева ва фарзандонашон ба истироҳат рафтаанд.
Аксеро аз истироҳати якҷояашонро Гордон дар саҳифааш дар "Instagram" нашр намудааст. Бар асоси ин тасвир, оила таътили январиро дар хориҷ, дар лаби баҳр гузаронда истодааст.
Нашри ин акс барои бархе аз корбарон ғайричашмдошт буда, бисёриҳо ба навиштани шарҳҳо зери он пардохтаанд. "Александр бо ҳамсаратон дубора якҷо шудаед?" "Ин хеле хуб" навиштаанд ҳамвандон.
Нозанин Абдулвосиева набераи коргардони машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ ва феълан Русияю Тоҷикистон Валерий Аҳадов ва намояндаи оилаи машҳури адибони тоҷик - Миршакаровҳо мебошад. Гордон ва Нозанин баъди 6 соли издивоҷ соли 2020-ум аз ҳам ҷудо шуданд.
Вакилон гуфтанд, ҳамсарон хеле ором ва бидуни ҷанҷол издивоҷашонро бекор карданд.
Режиссер, актёр, продюсер и сценарист Александр Гордон, его супруга Нозанин Абдулвасиева - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.08.2020
Ҷудошавӣ дар рӯзи мавлуд: ҳимоятгар ҷудошавии Гордон ва Абдулвосиеваро шарҳ дод
Таъкид мешавад, ки зану шавҳари собиқ баъди азҳампошии оилаашон низ муносиботи хубро ҳифз намудаанд. Падар вақти зиёдеро бо фарзандон мегузаронад ва аксҳои зиёди якҷояашонро нашр мекунад.
Онҳо соли 2014, замоне ки Нозанини 20-сола донишҷӯ буду Гордон 50 сол дошт, издивоҷ карданд ва аз зиндагии якҷоя соҳиби ду фарзанд - Александр ва Федор шуданд.
Лентаи хабарҳо
0