Песков дар бораи эҳтимоли сар задани тазоҳурот дар Ӯзбекистон пас аз Қазоқистон

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкЕжегодная пресс-конференция президента РФ В. Путина
Ежегодная пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Обуна шудан
Русия дар баҳсҳо атрофи такрор шудани сенарияи Қазоқистон дар Ӯзбекистон ширкат намекунад
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Дмитрий Песков, раҳбари хадамоти матбуотии презденти Русия баррасии имкони такрори "сенарияи қазоқӣ" дар Ӯзбекистонро як мавзуи равобити Минск ва Тошканд номид.
Ҳамзамон Песков таъкид кардааст, ки Русия дар ин баҳс ширкат намекунад, хабар медиҳад РИА "Новости".
Қаблан дар ҷаласаи ғайринавбатии СААД раисҷумҳури Беларус Александр Лукашенко гуфта буд, ки кишварҳои ин созмон бояд аз эътирозҳои Қазоқистон сабақ гиранд. Ӯ бо истинод ба маълумоти оперативӣ, ки имкон медиҳад, чунин суханронӣ кунад, таъкид кард, Ӯзбекистон бояд ба ин вазъ таваҷҷуҳи хоса зоҳир кунад.

"Ин мавзуи баҳси миёни Минск ва Тошканд аст. Аз ин нуқтаи назар мо дар ин кор ширкат намекунем", - гуфт Песков.

Қаблан сиёсатшинос, дотсенти филиали тошкандии Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Плеханов Равшан Назаров низ суханони Лукашенкоро шарҳ дода буд.
Ӯ ёдовар шуд, ки талош барои ташкили "инқилоби ранга" дар Ӯзбекистон моҳи майи соли 2005 дар вилояти Андиҷон сурат гирифта буд.
Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Даъвати Лукашенко аз раҳбарони СААД барои кумаки ҳарбӣ ба Тоҷикистон
"Ӯзбекистон аз ин ҳама наҷот ёфт ва шикаст нахӯрд. Нерӯҳои мусаллаҳ ва ниҳодҳои интизомии Ӯзбекистон ба қадри кофӣ метавонанд ҳар гуна кӯшиши иғвогарон барои ноором кардани вазъро рафъ кунанд", - гуфт коршинос.
Станислав Притчин, ходими калони илмии Маркази тадқиқоти пасошӯравии Фарҳангистони улуми Русия дар навбати худ қайд кард, ки вазъ дар Ӯзбекистон аз вазъи Қазоқистон ба куллӣ фарқ мекунад ва барои ноором кардани субот дар қаламрави Ӯзбекистон ҳеҷ гуна замина вуҷуд надорад.

Эътирозҳо дар Қазоқистон

Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон авоили моҳи январи соли 2022 оғоз шуданд. Сабаби эътирози мардум ду баробар боло рафтани қимати гази моеъ гуфта мешуд.
Комиссияи ташкилшудаи ҳукуматӣ омодагии худро барои коҳиш додани нарх эълон кард, аммо эътирозҳо ба шаҳрҳои дигар паҳн шуданд. Онҳо ба зудӣ ба бетартибиҳо, куштору ғорат ва ҳамла ба муассисаҳои давлатӣ табдил ёфтанд.
Дар пасманзари тезутунд шудани вазъ дар Қазоқистон вазъияти изтирорӣ эълон шуду ҳамоишҳои оммавӣ ва фурӯши аслиҳа мамнуъ гардид.
Раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор карда, раёсати Шӯрои амнияти ҷумҳуриро бар уҳда гирифт, нахустин президенти ин кишвар Нурсултон Назарбоев аз ин мақом барканор шуд.
Маълум шуд, ки кай нерӯҳои Тоҷикистон аз Қазоқистон хориҷ мешаванд
Илова бар ин бо дархости Тоқаев як гурӯҳ аз низомиёни кишварҳои узви СААД ба қаламрави ин кишвар ворид шуд.
Дар натиҷаи задухӯрдҳо талафоти зиёде дида мешавад, мақомоти қудратии ин кишвар аз боздошти аъзои гурӯҳҳои террористӣ хабар медиҳанд.
Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо тақрибан 1000 нафар ҷароҳат бардошта ва зарар аз ин таҷаммуот аз 200 миллион доллар ҳам бештар гуфта мешавад.
Гуфта мешавад, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи террористӣ дар пасманзари нооромиҳо дар ин кишвар ба фаъолият шуруъ кардаанд.
Бронетранспортер контингента миротворческих сил ОДКБ в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Шикасти "инқилоб"-и "орк"-ҳо дар Қазоқистон: Осиёи Марказиро чӣ интизор аст?
Вазорати корҳои хориҷии Русия ҳодисаҳои Қазоқистонро як кӯшиши зӯроварӣ барои халалдор кардани амният ва якпорчагии давлат арзёбӣ мекунад.
То нуҳуми январ 508 нафар аз иштирокчиёни ҳамлаҳои террористӣ, ғоратгарӣ ва ҷиноятҳои дигар боздошт ва 22 аслиҳаи оташфишону 1412 дона тир мусодира шудааст.
Дар Қазоқистон таътили зимистонаи мактаббачагон то 17 январ ва аз донишҷӯёни коллеҷҳо то 24 январ тамдид шуд.
Дар ошӯбҳо дар Қазоқистон ҳудуди 400 мақомдори қудратӣ ҷароҳат бардошт. 10 январ дар Қазоқистон рӯзи мотами миллӣ эълон гашт.
Лентаи хабарҳо
0