https://sputnik.tj/20220111/muftii-rahmon-nazorat-sozmon-din-1044701199.html
Вокуниши муфтии Русия ба суханони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи назорати созмонҳои динӣ
Вокуниши муфтии Русия ба суханони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи назорати созмонҳои динӣ
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи раиси Анҷумани мусулмонони Федератсияи Русия, назорати мақомот бар ходимони мазҳабӣ дар ИДМ метавонад ба мубориза бо ифротгароӣ халал расонад
2022-01-11T10:30+0500
2022-01-11T10:30+0500
2022-01-11T12:52+0500
дар тоҷикистон
террористон
раҳмон
албир крганов
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044700346_0:0:3072:1728_1920x0_80_0_0_93f1da3fcae653f8931328d9775d0203.jpg
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Корҳои тарбиявии ходимони дин дар кишварҳои ИДМ аксари вақт бинобар фишори аз ҳад зиёди мақомоти танзимкунандаи давлатӣ ба ихлоле рӯ ба рӯ мешаванд.Дар ин бора муфтӣ Албир Крганов дар вокуниш ба изҳороти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ячейкаҳои хуфтаи гурӯҳҳои террористӣ дар кишварҳои СПАД изҳори назар кард. Ӯ ин назарашро дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС баён намуд. Ба бовари муфтӣ, барои муқовимат бо ақидаҳои ифротӣ иқдомоти ҳамоҳангшудаи мақомот ва рӯҳониён лозим аст."Ман худам медонам, ходимони муҳтарами динии мо кори бузургеро анҷом медиҳанд, ки эҳтироми бузург ба рӯҳониён аз он шаҳодат медиҳад. Аммо дар кишварҳои ИДМ мавзуи дигаре низ ҳаст, ки дар Русия чунин чизе вуҷуд надорад. Манзур ниҳодҳои назоратии давлатӣ ҳастанд. Барои мисол, Шӯрои корҳои динӣ, ки қаблан дар ИҶШС буд",- гуфт Крганов.Вай қайд кард, ки аз як сӯ ин гуна шӯро "ба назар як ниҳоди хуб аст", аммо аз сӯи дигар "ба созмонҳои динӣ фишор меорад". Ба андешаи ӯ, мансабдорони дунявӣ дар ин самт гоҳе аз муносибати сирф субъективӣ ва ғаразнок ба дин ва арзишҳои он бархӯрд мекунанд, ки ин метавонад боиси таҳкими ҳарчи бештари ифротгароии динӣ дар ҷомеа гардад. Дар баробари ин Крганов чунин мешуморад, ки намояндагони рӯҳониён "бевосита дар хатти аввал бо халқ кор мекунанд" ва ақидаи онҳо барои ҷомеа хеле арзишманд аст."Дар ин ҷо лозим нест, ки барои онҳо монеа эҷод кунем, баръакс сарони давлатҳоро зарур аст, ба мансабдороне, ки дар сохторҳои шӯроҳои динӣ ва ё шабеҳи онҳо кор мекунанд, ба он таваҷҷуҳ кунанд, ки онҳо кори худро чӣ гуна ба роҳ мемонанд", - қайд кард ин шахсияти динӣ. Ёдовар мешавем, дар нишасти ғайринавбатии СПАД раҳбари Тоҷикистон гуфт, ӯ аллакай борҳо сари мавҷудияти гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ таъкид кардааст, ки барои кишварҳои узв хатароти амниятиеро эҷод мекунанд.Ин изҳорот дар ҷараёни баррасии ҳаводиси ахири Қазоқистон, ки куштаву захмиҳои зиёде дар пай дошт, садо дод.
https://sputnik.tj/20220110/hushdor-rahmon-marz-gila-qabul-1044677688.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/0b/1044700346_216:0:2947:2048_1920x0_80_0_0_9146e62c5b34273ad63b870bc18055d0.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
муфтӣ русия раҳмо дин террористон
муфтӣ русия раҳмо дин террористон
Вокуниши муфтии Русия ба суханони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи назорати созмонҳои динӣ
10:30 11.01.2022 (Навсозишуда: 12:52 11.01.2022) Ба гуфтаи раиси Анҷумани мусалмонони Федератсияи Русия, назорати мақомот аз болои ходимони мазҳабӣ дар ИДМ метавонад ба мубориза бо ифротгароӣ халал расонад
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Корҳои тарбиявии ходимони дин дар кишварҳои ИДМ аксари вақт бинобар фишори аз ҳад зиёди мақомоти танзимкунандаи давлатӣ ба ихлоле рӯ ба рӯ мешаванд.
Дар ин бора муфтӣ Албир Крганов дар вокуниш ба изҳороти раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи ячейкаҳои хуфтаи гурӯҳҳои террористӣ дар кишварҳои СПАД изҳори назар кард. Ӯ ин назарашро дар суҳбат бо хабаргузории ТАСС баён намуд.
Ба бовари муфтӣ, барои муқовимат бо ақидаҳои ифротӣ иқдомоти ҳамоҳангшудаи мақомот ва рӯҳониён лозим аст.
"Ман худам медонам, ходимони муҳтарами динии мо кори бузургеро анҷом медиҳанд, ки эҳтироми бузург ба рӯҳониён аз он шаҳодат медиҳад. Аммо дар кишварҳои ИДМ мавзуи дигаре низ ҳаст, ки дар Русия чунин чизе вуҷуд надорад. Манзур ниҳодҳои назоратии давлатӣ ҳастанд. Барои мисол, Шӯрои корҳои динӣ, ки қаблан дар ИҶШС буд",- гуфт Крганов.
Вай қайд кард, ки аз як сӯ ин гуна шӯро "ба назар як ниҳоди хуб аст", аммо аз сӯи дигар "ба созмонҳои динӣ фишор меорад".
Ба андешаи ӯ, мансабдорони дунявӣ дар ин самт гоҳе аз муносибати сирф субъективӣ ва ғаразнок ба дин ва арзишҳои он бархӯрд мекунанд, ки ин метавонад боиси таҳкими ҳарчи бештари ифротгароии динӣ дар ҷомеа гардад.
Дар баробари ин Крганов чунин мешуморад, ки намояндагони рӯҳониён "бевосита дар хатти аввал бо халқ кор мекунанд" ва ақидаи онҳо барои ҷомеа хеле арзишманд аст.
"Дар ин ҷо лозим нест, ки барои онҳо монеа эҷод кунем, баръакс сарони давлатҳоро зарур аст, ба мансабдороне, ки дар сохторҳои шӯроҳои динӣ ва ё шабеҳи онҳо кор мекунанд, ба он таваҷҷуҳ кунанд, ки онҳо кори худро чӣ гуна ба роҳ мемонанд", - қайд кард ин шахсияти динӣ.
Ёдовар мешавем, дар нишасти ғайринавбатии СПАД раҳбари Тоҷикистон гуфт, ӯ аллакай борҳо сари мавҷудияти гурӯҳҳои террористии байналмилалӣ таъкид кардааст, ки барои кишварҳои узв хатароти амниятиеро эҷод мекунанд.
Ин изҳорот дар ҷараёни баррасии ҳаводиси ахири Қазоқистон, ки куштаву захмиҳои зиёде дар пай дошт, садо дод.