Боз хурдтар шуд: кайҳоннавард акси Арал аз фазоро нашр кард

© Sputnik / Мария НауменкоВид на Аральское море с высоты
Вид на Аральское море с высоты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Обуна шудан
Кайҳоннавард Антон Шкаплеров аксҳои тозаи баҳри Аралро аз кайҳон нашр кард, ки дар он тағйироти ин баҳр инъикос ёфтаанд
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Кайҳоннаварди рус Шкаплеров, ки феълан дар Истгоҳи байналмилалии кайҳонӣ қарор дорад, дар саҳифааш дар "Instagram" акси баҳри Аралро нашр кард.
Ин акс, ки аз саҳни истгоҳи кайҳонӣ гирифта шудааст, нишон медиҳад, баҳри Арал феълан дар чӣ ҳол қарор дорад. Баҳри мазкур, ки тайи беш аз 40 сол аст, дар ҳоли хушкшавӣ қарор дорад, дар солҳои охир боз ҳам хурдтар шудааст.
"Баҳри Арал, ки замоне калонтарин дар сайёра буд, соли 1989 ба ду қисм - шимолӣ ва ҷанубӣ ҷудо шуд. Қисмати дуюм дар навбати худ боз ба ду бахш - шарқӣ ва ғарбӣ ҷудо гардид. Соли 2014 қисмати шарқии баҳр, мутаассифона, хушк шуд", - навиштааст дар шарҳи тасвирҳояш Шкаплеров.
Ӯ илова намуд, ки Аралро ба далели ҳаҷмаш дар гузашта баҳр мегуфтанд, аммо амалан он кӯли шӯр мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки Арал дар марзи Қазоқистон ва Қарақалпоқистони Ӯзбекистон ҷойгир буда, аз солҳои 60-уми асри гузашта рӯй ба хушкшавӣ ниҳод. Далели ин зуҳурот истифодаи аз ҳад зиёди оби дарёҳои Ому ва Сир мебошад, ки ба Арал мерезанд.
Таъкид шудааст, ки то солҳои 2000-ум ҳамагӣ 10% аз масоҳати пешинааш боқӣ мондааст. Тӯфони чангу ғубор намак ва дигар боқимондаҳои зараррасонро ба масофаи то 500 километр дар атрофи баҳр мерасонданд.
То оғози камшавии оби ин баҳр Арал аз рӯи бузургӣ чорумин дар ҷаҳон ба шумор мерафт.
Лентаи хабарҳо
0