Донишгоҳи тиҷорат ба омӯзгорон хобгоҳи ройгон медиҳад

© Sputnik / Григорий Сысоев / Гузариш ба медиабонкСтуденты, архивное фото
Студенты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.01.2022
Обуна шудан
Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон тасмим гирифтааст, пулгирӣ аз бошандагони хобгоҳашро мутаваққиф кунад
ДУШАНБЕ, 11 янв — Sputnik. Раёсати ДДТТ қарор кард, ҳамаи омӯзгорон ва кормандонеро, ки дар хобгоҳи донишгоҳ иқомат доранд, аз пардохти маблағи истиқомат барои соли 2022 пурра озод намояд.
Фармоиши Маҳмадалӣ Қурбонзода, ректори ДДТТ дар ин бора аллакай имзо шуда, аз 11 январ мавриди амал қарор мегирад.
Ба иттилои дафтари матбуотии ин муассисаи таълимӣ, дар хобгоҳи донишгоҳ алҳол беш аз 60 оилаи омӯзгорон ва кормандони донишгоҳ иқомат дорад. Маблағи моҳонаи иҷора, ки соли равон лағв гардидааст, 360 сомониро ташкил медиҳад.
Донишгоҳи тиҷоратии Тоҷикистон яке аз муассисаҳои олии таълимии кишвар мебошад, ки зери назорати "Тоҷикматлубот" фаъолият дошта, дар шаҳри Душанбе инчунин литсей ва дар шаҳри Хуҷанд Донишкадаи иқтисоду савдо дорад.
Ин муассиса соли 1987 дар шаҳри Душанбе ташкил гардидааст. Дар замони шӯравӣ таҳти унвони Донишкадаи кооперативии Тоҷикистон фаъолият мекард.
Лентаи хабарҳо
0