https://sputnik.tj/20220110/rahmon-tasiri-tundgaro-islomi-muhojironi-mehnati-1044680912.html
Раҳмон аз таъсири тундгароҳои исломӣ ба муҳоҷирон гуфт: "Ячейкаҳои хуфта"-е мавҷуданд
Раҳмон аз таъсири тундгароҳои исломӣ ба муҳоҷирон гуфт: "Ячейкаҳои хуфта"-е мавҷуданд
Sputnik Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз хатари тундгароҳои исломӣ ҳушдор дода гуфт, борҳо ба ин нукта дар нишастҳои сарони кишварҳои узви СААД таъкид... 10.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-10T14:30+0500
2022-01-10T14:30+0500
2024-02-07T14:23+0500
дар тоҷикистон
амният ва мудофиа
бехатарӣ
муҳоҷир
таъсир
терроризм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0b/1061229850_0:43:2354:1367_1920x0_80_0_0_78d75219ab584d6fd3fdd81e0bf1450e.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Раҳмон гуфт, Тоҷикистон тайи 30 соли ахир бо тундгароҳои исломӣ мубориза мебараду хатари чунин гурӯҳҳоро хуб медонад. Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти онлайнии сарони кишварҳои узви СААД гуфт, борҳо дар нишасти роҳбарон аз ҳузури "ячейкаҳои хуфта"-и тундгароёни динӣ дар қаламрави кишварҳои узви созмон гуфта буд. Ба гуфтаи раисҷумҳур, махсусан салафия ва ваҳобия хатар доранд, ки аъзои ДИИШ бештар пайравони ин равияҳоянд. Раҳмон таъкид намуд, ки тарғиби тундгароии динӣ як рӯз ҳам қатъ нашудааст. Бо таассуф афзуд, ки таҳти таъсири тундгароёни динӣ афтидани муҳоҷирони меҳнатӣ низ ҷой дорад. Ӯ далел овард, ки маҳз аз қаламрави кишварҳои шӯравии собиқ даҳҳо ҳазор нафар дар як муддати кӯтоҳ дар сафи ДИИШ дар Ироқу Сурия қарор гирифтанд. Ӯ суол гузошт, ки бархе кушта шуданд, аммо бархеи дигар куҷо рафтанд?Ба гуфтаи раисҷумҳур, василаи дигари омодасозии тундгароён ин ҷалби онҳо ба таҳсилоти динӣ дар хориҷи кишвар мебошад, ки аксаран бидуни сабту иҷоза сурат мегирад. Вай таҷрибаи Тоҷикистонро мисол овард, ки на танҳо роҳи таҳсилоти ғайриқонунии динии шаҳрвандонашро дар хориҷи кишвар гирифт, балки беш аз панҷ ҳазор донишҷӯро ба Ватан баргардонд. Бо зикри ин нукта Эмомалӣ Раҳмон хостори таҳкими ҳамкориҳо дар бахши мубориза бо терроризму ифротгароӣ шуд. Аз ҷумла пешниҳод намуд, ки фазои воҳиди амнияти сойберӣ ташкил гардад. Раҳмон дар ҳузури сарони кишварҳои узви СААД бори дигар аз хатари тундгароии динӣ ҳушдор дода, зикр намуд, ки дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор нафар ҷон дод.
https://sputnik.tj/20220110/hushdor-rahmon-marz-gila-qabul-1044677688.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e8/01/0b/1061229850_0:0:1797:1347_1920x0_80_0_0_5bb3ee2edf6393086b634ebfcc056ab6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, бехатарӣ, муҳоҷир, таъсир, терроризм
дар тоҷикистон, амният ва мудофиа, бехатарӣ, муҳоҷир, таъсир, терроризм
Раҳмон аз таъсири тундгароҳои исломӣ ба муҳоҷирон гуфт: "Ячейкаҳои хуфта"-е мавҷуданд
14:30 10.01.2022 (Навсозишуда: 14:23 07.02.2024) Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон аз хатари тундгароҳои исломӣ ҳушдор дода гуфт, борҳо ба ин нукта дар нишастҳои сарони кишварҳои узви СААД таъкид кардааст
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Раҳмон гуфт, Тоҷикистон тайи 30 соли ахир бо тундгароҳои исломӣ мубориза мебараду хатари чунин гурӯҳҳоро хуб медонад.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар мулоқоти онлайнии сарони кишварҳои узви СААД гуфт, борҳо дар нишасти роҳбарон аз ҳузури "ячейкаҳои хуфта"-и тундгароёни динӣ дар қаламрави кишварҳои узви созмон гуфта буд.
Ба гуфтаи раисҷумҳур, махсусан салафия ва ваҳобия хатар доранд, ки аъзои ДИИШ бештар пайравони ин равияҳоянд.
Раҳмон таъкид намуд, ки тарғиби тундгароии динӣ як рӯз ҳам қатъ нашудааст. Бо таассуф афзуд, ки таҳти таъсири тундгароёни динӣ афтидани муҳоҷирони меҳнатӣ низ ҷой дорад.
Ӯ далел овард, ки маҳз аз қаламрави кишварҳои шӯравии собиқ даҳҳо ҳазор нафар дар як муддати кӯтоҳ дар сафи ДИИШ дар Ироқу Сурия қарор гирифтанд. Ӯ суол гузошт, ки бархе кушта шуданд, аммо бархеи дигар куҷо рафтанд?
Ба гуфтаи раисҷумҳур, василаи дигари омодасозии тундгароён ин ҷалби онҳо ба таҳсилоти динӣ дар хориҷи кишвар мебошад, ки аксаран бидуни сабту иҷоза сурат мегирад. Вай таҷрибаи Тоҷикистонро мисол овард, ки на танҳо роҳи таҳсилоти ғайриқонунии динии шаҳрвандонашро дар хориҷи кишвар гирифт, балки беш аз панҷ ҳазор донишҷӯро ба Ватан баргардонд.
Бо зикри ин нукта Эмомалӣ Раҳмон хостори таҳкими ҳамкориҳо дар бахши мубориза бо терроризму ифротгароӣ шуд. Аз ҷумла пешниҳод намуд, ки фазои воҳиди амнияти сойберӣ ташкил гардад.
Раҳмон дар ҳузури сарони кишварҳои узви СААД бори дигар аз хатари тундгароии динӣ ҳушдор дода, зикр намуд, ки дар ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон беш аз 150 ҳазор нафар ҷон дод.