Путин ба Раҳмон гап дорад

© Sputnik / Сергей Гунеев / Гузариш ба медиабонкПрезидент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон
Президент РФ В. Путин встретился с президентом Таджикистана Э. Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Русия барои як суҳбати телефонӣ бо Эмомалӣ Раҳмон баъд аз нишасти ғайринавбатии раҳбарони Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ба тавофуқ расид
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Владимир Путин, роҳбари Русия дар нишасти ғайринавбатии раҳбарони Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ гуфт, мехоҳад бо Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон масоили ҷориро баррасӣ намояд.

“Агар кори таъҷилие надошта бошед, ман баъд аз нишаст бо Шумо тамоси телефонӣ гирам”, - гуфт роҳбари Русия ба раисҷумҳури Тоҷикистон.

Ёдрас менамоем, ки сеюми январи соли равон кишвардорони Русия ва Тоҷикистон дар як суҳбати телефонӣ муносиботи дуҷонибаро баррасӣ карда буданд.
Ҳамчунин дар ин суҳбати телефонӣ раҳбарони ду кишвар ҳамкориҳои дуҷонибаро низ мавриди ройзанӣ қарор доданд.
Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Пешниҳоди Раҳмон: Феҳристи ягонаи созмонҳои мамнуъ тартиб шавад
Бояд қайд кард, ки дар остонаи соли 2022 президентҳои Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти шахсӣ доштанд.
Он дар чорчӯби нишасти ғайрирасмии сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки рӯзи 28-уми декабр дар пойтахти шимолии Русия баргузор шуд, сурат гирифт.
Раҳмон як рӯз пеш аз нишаст барои гуфтугӯ бо Путин омада буд. Раҳбарони Русия ва Тоҷикистон равобити асосии стратегӣ ва шарикии ду кишварро тавсиф карданд.
Ҷонибҳо қайд карданд, ки Русия ба унвони шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон боқӣ мемонад.
Лентаи хабарҳо
0