https://sputnik.tj/20220110/khf-yakhbandi-tavsiyaho-ronandagon-1044671068.html
Ҳушдори КҲФ аз меғи ғафс, тарма ва яхбандӣ: тавсияҳо барои ронандагон
Ҳушдори КҲФ аз меғи ғафс, тарма ва яхбандӣ: тавсияҳо барои ронандагон
Sputnik Тоҷикистон
Дар аксари манотиқи кӯҳии Тоҷикистон хавфи фаромадани тарма ва резиши санг боқӣ мемонад
2022-01-10T12:25+0500
2022-01-10T12:25+0500
2022-01-10T18:45+0500
дар тоҷикистон
кҳф
туман
меғ мефарояд
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/19/1032522823_0:150:2880:1770_1920x0_80_0_0_fc9b518b5f26667e62c7ad4246d69cae.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз яхбандӣ, тарма, фаромадани меғ ва резиши санг ҳушдор медиҳад.Тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносии кишвар, субҳгоҳон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ фаромадани туман ва яхбандӣ, бахусус дар роҳҳои кӯҳӣ дар назар аст. Манбаъ меафзояд, ки хавфи фаромадани тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.Ҳамчунин кумита аз фаромадани меҳи ғафс ҳушдор медиҳад, ки қобилияти бинишро ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад.Садамаи пурқурбонӣ дар роҳи Душанбе - Хуҷанд: се ҳалокшуда аъзои як хонаводаДар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми сафар ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд. "Гарави асосии бехатарии ҳаракат дар шароити туман кам кардани суръати ҳаракат мебошад. Дар хотир доред: на танҳо ҳаёти шумо, балки тақдири одамони дигар низ аз рафтори шумо вобаста аст", - омадааст дар хабари КҲФ. Тавсияҳо барои ронандагон дар яхбандӣКумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки меъёри суръат ва қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд, ба ҳолати техникии мошин, бахусус системаи тормоз, ҳолати чархҳо ва мутобиқати онҳо ба мавсим таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд:
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/0c/19/1032522823_160:0:2720:1920_1920x0_80_0_0_8d61da70ff66130c9627a94e659b0722.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ронандагон, кҳф, тавсияҳо, яхбандӣ, меғ
ронандагон, кҳф, тавсияҳо, яхбандӣ, меғ
Ҳушдори КҲФ аз меғи ғафс, тарма ва яхбандӣ: тавсияҳо барои ронандагон
12:25 10.01.2022 (Навсозишуда: 18:45 10.01.2022) Дар аксари манотиқи кӯҳии Тоҷикистон хавфи фаромадани тарма ва резиши санг боқӣ мемонад
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз яхбандӣ, тарма, фаромадани меғ ва резиши санг ҳушдор медиҳад.
Тибқи иттилои Ожонси ҳавошиносии кишвар, субҳгоҳон дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва доманакӯҳҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлону Суғд ва ВМКБ фаромадани туман ва яхбандӣ, бахусус дар роҳҳои кӯҳӣ дар назар аст.
Манбаъ меафзояд, ки хавфи фаромадани тарма ва резиши санг боқӣ мемонад.
Ҳамчунин кумита аз фаромадани меҳи ғафс ҳушдор медиҳад, ки қобилияти бинишро ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад.
Дар робита ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо ҳангоми сафар ҳарчи бештар эҳтиёткор бошанд.
"Гарави асосии бехатарии ҳаракат дар шароити туман кам кардани суръати ҳаракат мебошад. Дар хотир доред: на танҳо ҳаёти шумо, балки тақдири одамони дигар низ аз рафтори шумо вобаста аст", - омадааст дар хабари КҲФ.
Тавсияҳо барои ронандагон дар яхбандӣ
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ронандагон хотиррасон мекунад, ки меъёри суръат ва қоидаҳои ҳаракатро риоя кунанд, ба ҳолати техникии мошин, бахусус системаи тормоз, ҳолати чархҳо ва мутобиқати онҳо ба мавсим таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд:
ҳаракатро бо суръати паст оғоз кунед;
дар ҷойҳои серодам, дар наздикии мактабҳо, дар чорроҳаю купрӯкҳо, дар пастхамиҳо бо суръате ҳаракат кунед, ки бехатариро таъмин намояд;
ҳангоми рондан, масофаи байни мошинҳоро назар ба ҳолати муқаррарӣ тӯлонитар нигоҳ доред;