https://sputnik.tj/20220110/hukumat-qazoqiston-marg-oshubho-rad-kard-1044672819.html
Ҳукумати Қазоқистон марги 164 нафарро дар ошӯбҳо рад кард
Ҳукумати Қазоқистон марги 164 нафарро дар ошӯбҳо рад кард
Sputnik Тоҷикистон
Як рӯз пеш дар бораи кушта шудан 164 нафар дар ошӯбҳои ахир гузориш шуда буд. Вале ҳоло маълум шуд, ки ин маълумот иштибоҳан нашр шудааст 10.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-10T13:00+0500
2022-01-10T13:00+0500
2022-01-10T19:06+0500
сиёсат
қазоқистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/09/1044660190_2:0:2461:1383_1920x0_80_0_0_179e810aaafe0ed2c2a6a2f0808a28f9.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Маълумот дар бораи кушта шудани 164 нафар дар ошӯбҳои Қазоқистон ба воқеият мувофиқат намекунад, хабар медиҳад "Telegram - канал"-и Sputnik Қазоқистон.Манбаъ ин матлабро бо такя ба маълумоти Вазорати иттилоот ва рушди иҷтимоии Қазоқистон нашр намудааст.Радди ин хаба дар ҳолест, ки як рӯз қабл шабакаи телевизионии "Хабар 24" аз кушта шудани 164 нафар бар асари ошӯбҳои ахир дар Қазоқистон иттилоъ дода буд.Ба гузориши ин шабака, дар Алмаато аз ҳама беш, фавти 103 нафар сабт шудааст. Аз ҷумла ду кӯдак низ дар ин бетарибиҳо ҷон бохтааст.Ҳамчунин дар вилояти Алмаато 8 нафар, дар вилояти Қизилурда 21 ва дар Жамбил 10 нафар аз шаҳрвандон кушта шудаанд. Дар ҳамин ҳол Ҳукумати Қазоқистон мегӯяд, шумори кушташудагон феълан маълум нест ва ҳоло танҳо дар бораи марги 18 маъмури амниятӣ - ду низомӣ ва 16 пулис иттилоъ дар даст доранд.Ноамниҳо дар ҚазоқистонЭътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аз рӯзҳои аввали соли 2022 шурӯъ шуданд. Сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау дар ғарби кишвар бинобар гарон шудани нархи гази моеъ даст ба эътироз заданд.Баъдтар эътирозҳо дар дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Алмаато, пойтахти куҳна ва калонтарин шаҳри ҷумҳурӣ паҳн шуданд: дар он ҷо ғоратгарӣ оғоз шуд, ҷангҷӯён ба муассисаҳои давлатӣ ҳамла карданд, силоҳ гирифтанд. Дар посух мақомот то 19 январ дар саросари кишвар вазъияти изтирорӣ эълон намуда, амалиёти зиддитеррористӣ оғоз карданд.Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо дар Қазоқистон ҳудуди 1000 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ин ҷумҳурӣ, 18 корманди амниятӣ кушта шуд.Субҳи панҷуми январ раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор кард ва раиси Шӯрои амният шуд. Тоқаев дар нахустин ҷаласаи Шӯрои амният вазъ дар Қазоқистонро поймол кардани якпорчагии давлат хонда ва аз СААД "барои рафъи хатари террористӣ" кумак хост.Рӯзи ҳафтуми январ Тоқаев эълон кард, ки бо террористҳо, аз ҷумла онҳое, ки аз хориҷ омада буданд, муқовиматро идома медиҳанд ва ваъда дод, ки онҳоеро, ки силоҳ ба замин нагузоштаанд, нобуд хоҳанд кард. Илова бар ин президент қайд кард, ки тамоми дархостҳои шаҳрвандон шунида шуданд.
https://sputnik.tj/20220109/video-otash-bino-hukumat-almaato-1044665977.html
https://sputnik.tj/20220109/qazoqiston-noamniho-zarar-did-1044660555.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/09/1044660190_368:0:2212:1383_1920x0_80_0_0_48f92404e7a8393703cd944cb4480a96.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сиёсат , қазоқистон
Ҳукумати Қазоқистон марги 164 нафарро дар ошӯбҳо рад кард
13:00 10.01.2022 (Навсозишуда: 19:06 10.01.2022) Як рӯз пеш дар бораи кушта шудан 164 нафар дар ошӯбҳои ахир гузориш шуда буд. Вале ҳоло маълум шуд, ки ин маълумот иштибоҳан нашр шудааст
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Маълумот дар бораи кушта шудани 164 нафар дар ошӯбҳои Қазоқистон ба воқеият мувофиқат намекунад, хабар медиҳад "Telegram - канал"-и Sputnik Қазоқистон.
Манбаъ ин матлабро бо такя ба маълумоти Вазорати иттилоот ва рушди иҷтимоии Қазоқистон нашр намудааст.
Радди ин хаба дар ҳолест, ки як рӯз қабл шабакаи телевизионии "Хабар 24" аз кушта шудани 164 нафар бар асари ошӯбҳои ахир дар Қазоқистон иттилоъ дода буд.
Ба гузориши ин шабака, дар Алмаато аз ҳама беш, фавти 103 нафар сабт шудааст. Аз ҷумла ду кӯдак низ дар ин бетарибиҳо ҷон бохтааст.
Ҳамчунин дар вилояти Алмаато 8 нафар, дар вилояти Қизилурда 21 ва дар Жамбил 10 нафар аз шаҳрвандон кушта шудаанд.
Дар ҳамин ҳол Ҳукумати Қазоқистон мегӯяд, шумори кушташудагон феълан маълум нест ва ҳоло танҳо дар бораи марги 18 маъмури амниятӣ - ду низомӣ ва 16 пулис иттилоъ дар даст доранд.
Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аз рӯзҳои аввали соли 2022 шурӯъ шуданд. Сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау дар ғарби кишвар бинобар гарон шудани нархи гази моеъ даст ба эътироз заданд.
Баъдтар эътирозҳо дар дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Алмаато, пойтахти куҳна ва калонтарин шаҳри ҷумҳурӣ паҳн шуданд: дар он ҷо ғоратгарӣ оғоз шуд, ҷангҷӯён ба муассисаҳои давлатӣ ҳамла карданд, силоҳ гирифтанд. Дар посух мақомот то 19 январ дар саросари кишвар вазъияти изтирорӣ эълон намуда, амалиёти зиддитеррористӣ оғоз карданд.
Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо дар Қазоқистон ҳудуди 1000 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ин ҷумҳурӣ, 18 корманди амниятӣ кушта шуд.
Субҳи панҷуми январ раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор кард ва раиси Шӯрои амният шуд. Тоқаев дар нахустин ҷаласаи Шӯрои амният вазъ дар Қазоқистонро поймол кардани якпорчагии давлат хонда ва аз СААД "барои рафъи хатари террористӣ" кумак хост.
Рӯзи ҳафтуми январ Тоқаев эълон кард, ки бо террористҳо, аз ҷумла онҳое, ки аз хориҷ омада буданд, муқовиматро идома медиҳанд ва ваъда дод, ки онҳоеро, ки силоҳ ба замин нагузоштаанд, нобуд хоҳанд кард. Илова бар ин президент қайд кард, ки тамоми дархостҳои шаҳрвандон шунида шуданд.