Ҳамдардем: Раҳмон ба Тоқаев барқияи таслият ирсол кард

© Пресс-служба президента Республики ТаджикистанПрезидент Касым-Жомарт Токаев и Президент Таджикистана Эмомали Рахмон
Президент Касым-Жомарт Токаев и Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.01.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон ба роҳбари Қазоқистон дар робита ба талафоти зиёди ҷонӣ бар асари ҳодисаҳои фоҷиабори ахир дар ин кишвар изҳори ҳамдардӣ баён кардааст
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон ба кишвардори Қазоқистон Қосимҷомарт Токаев барқияи таслият ирсол кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Дар барқияи худ роҳбари Тоҷикистон ба Президент ва мардуми Қазоқистон дар робита ба талафоти зиёди ҷонӣ бар асари ҳодисаҳои фоҷиабори рӯзҳои охир дар як қатор минтақаҳои кишвар изҳори ҳамдардии амиқ баён кардааст.
“Халқи тоҷик бо мардуми бародари Қазоқистон ҳамдард аст”, - таъкид кардааст Эмомалӣ Раҳмон.
Вай ҳамчунон аз Қосимҷомарт Тоқаев хоҳишкардааст, ки изҳори ҳамдардӣва таслияти мардуми тоҷикро ба наздикону пайвандони қурбониён бирасонад.

“Ба ҳамаи осебдидагон шифои комил таманно дорам”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон дар барқияи таслияташ.

Ноамниҳо дар Қазоқистон

Эътирозҳои оммавӣ дар Қазоқистон аз рӯзҳои аввали соли 2022 шурӯъ шуданд. Сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Актау дар ғарби кишвар бинобар гарон шудани нархи гази моеъ даст ба эътироз заданд.
Президент Казахстана Касым-Жомарт Токаев и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2022
Сипоси Тоқаев аз Раҳмон барои фиристодани низомиёнаш ба Қазоқистон
Баъдтар эътирозҳо дар дигар шаҳрҳо, аз ҷумла Алмаато, пойтахти кӯҳна ва калонтарин шаҳри ҷумҳурӣ паҳн шуданд: дар он ҷо ғоратгарӣ оғоз шуд, ҷангҷӯён ба муассисаҳои давлатӣ ҳамла карданд, силоҳро гирифтанд. Дар посух мақомот то 19 январ дар саросари кишвар вазъияти изтирорӣ эълон намуда, амалиёти зиддитеррористӣ оғоз кард.
Ба иттилои СММ, дар ҷараёни эътирозҳо дар Қазоқистон ҳудуди 1000 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Бино ба маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ, 18 корманди амниятӣ кушта шуданд.
Субҳи 5 январ раисиҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ҳукуматро барканор кард ва раиси Шӯрои Амният шуд. Тоқаев дар нахустин ҷаласаи Шӯрои Амният таҳти раҳбарии ӯ вазъ дар Қазоқистонро поймол кардани якпорчагии давлат хонда ва гуфтааст, ки аз СААД "барои рафъи хатари террористӣ" кумак хостааст.
Рӯзи 7 январ Тоқаев эълон кард, ки террористҳо, аз ҷумла онҳое, ки аз хориҷ омада буданд, муқовиматро идома медиҳанд ва ваъда дод, ки онҳоеро, ки силоҳ нагузоштаанд, нобуд хоҳанд кард. Илова бар ин, президент қайд кард, ки тамоми дархостҳои шаҳрвандон шунида шуданд.
Лентаи хабарҳо
0