https://sputnik.tj/20220110/ejodi-guruhi-vizha-barrasii-voqeahoi-akhir-qazoqiston-1044666724.html
Эҷоди гурӯҳи вижа барои баррасии воқеъаҳои ахир дар Қазоқистон
Эҷоди гурӯҳи вижа барои баррасии воқеъаҳои ахир дар Қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
Бо дастури расисҷумҳури Қазоқистон гуруҳи вижа барои барраси воқеъаҳо ва муҳокимаи ҳамаи афроди масъул дар эътирозоти кишвар ташкил мешавад
2022-01-10T10:15+0500
2022-01-10T10:15+0500
2022-01-10T10:15+0500
қазоқистон
вижа
гурӯҳ
раисҷумҳур
қосим -жомарт тоқаев
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/06/1044622566_0:0:2768:1557_1920x0_80_0_0_757671683e9bd79ed83d6a39ba8267f4.jpg
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Қосимҷомрат Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон хостори эҷоди як гурӯҳи вижа барои баррасии воқеъаҳо ва муҳокимаи ҳамаи масъулони нооромиҳо дар эътирозҳои ахир дар ин кишвар шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.Раисҷумҳури Қазоқистон ҳамчунин дар робита бо вазъияти кунунӣ дар ин кишвар ҳукуматро ба анҷоми чандин иқдомоти фаврӣ муваззаф кард.Тоқаев хостори эҷоди як гурӯҳи таҳқиқотии вижа муташакил аз намояндагони Додситонти кул, Вазорати дохила, Кумитаи амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои салоҳиятдор барои шиносоии иллати эҷоди ҳаводис, шиносоӣ ва муҷозоти кайфари ва идории ҳамаи афроди масъул шуд.Вай Неруҳои мусаллаҳ, Кумитаи амнияти миллӣ, Вазорати дохила, Горди миллӣ ва дигар сохторҳои қудратиро барои анҷоми иқдомот ҷиҳати афзоиши омодагии размӣ ва таҷҳизотӣ ва ҳифзи руҳияи сарбозон муваззаф кард.Тоқаев дар идома аз устондорон хост, ки аз хонаводаҳои кормандони полис ва неруҳои мусаллаҳи ин кишвар, ки дар ҷараёни нооромиҳо дар ин кишвар кушта шуданд, ҳимояти моллии шойста кунанд.Раисҷумҳурии Қазоқистон дар бахши дигар ба Вазорати тавсеъаи диҷитолӣ, навоварӣ ва саноъати ҳавофазои кишвар дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати дохила бар асоси маркази тамоси 1414, як хатти мустақими ироаи итилоъот дар мавриди қурбониён ва афроди нопадидшуда дар натиҷаи иқдомоти гурӯҳҳои ҷинояткор ба шаҳрвандонро созмондиҳӣ кунанд.Тоқаев ҳамчунин хостори эҷоди тадобир барои ҳимояти давлатӣ аз шуғлҳои кучак ва миёна дар шаҳри Алмато ва дигар минтақаҳое, ки бар асари нооромиҳо зарар диданд шуд.Раисҷумҳур Бонки миллӣ ва Ожонси танзим ва тавсеаи бозори молии ин кишварро муваззаф ба таъмини амалкарди пойдор ва бедуни вақфаи бонкҳо ва дигар муасисаҳои молӣ баъд аз собит шудани вазъият дар ин кишвар кард.Раисҷумҳурии Қазоқистон дар бахши дигар Вазорати умури хориҷаи ин кишварро муваззаф кард, ки равобити доимӣ бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмиллалӣ ва дигар шурако дар мавриди ҳамаи масоили ҷории ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба ҳифз кунанд.
https://sputnik.tj/20220109/qazoqiston-noamniho-zarar-did-1044660555.html
https://sputnik.tj/20220108/siposi-toqaev-rahmon-firistodani-nizomiyonash-qazoqiston-1044651988.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/06/1044622566_39:0:2768:2047_1920x0_80_0_0_98091a68e84685c9df72a2eca81e59d5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
қазоқистон, тоқаев, гурӯҳи вижа, воқеаҳо, масъул, ҷазо
қазоқистон, тоқаев, гурӯҳи вижа, воқеаҳо, масъул, ҷазо
Эҷоди гурӯҳи вижа барои баррасии воқеъаҳои ахир дар Қазоқистон
Бо дастури расисҷумҳури Қазоқистон гурӯҳи вижа барои барраси воқеъаҳо ва муҳокимаи ҳамаи афроди масъул дар эътирозоти кишвар ташкил мешавад
ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputnik. Қосимҷомрат Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон хостори эҷоди як гурӯҳи вижа барои баррасии воқеъаҳо ва муҳокимаи ҳамаи масъулони нооромиҳо дар эътирозҳои ахир дар ин кишвар шуд, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА.
Раисҷумҳури Қазоқистон ҳамчунин дар робита бо вазъияти кунунӣ дар ин кишвар ҳукуматро ба анҷоми чандин иқдомоти фаврӣ муваззаф кард.
Тоқаев хостори эҷоди як гурӯҳи таҳқиқотии вижа муташакил аз намояндагони Додситонти кул, Вазорати дохила, Кумитаи амнияти миллӣ ва дигар сохторҳои салоҳиятдор барои шиносоии иллати эҷоди ҳаводис, шиносоӣ ва муҷозоти кайфари ва идории ҳамаи афроди масъул шуд.
Вай Неруҳои мусаллаҳ, Кумитаи амнияти миллӣ, Вазорати дохила, Горди миллӣ ва дигар сохторҳои қудратиро барои анҷоми иқдомот ҷиҳати афзоиши омодагии размӣ ва таҷҳизотӣ ва ҳифзи руҳияи сарбозон муваззаф кард.
Тоқаев дар идома аз устондорон хост, ки аз хонаводаҳои кормандони полис ва неруҳои мусаллаҳи ин кишвар, ки дар ҷараёни нооромиҳо дар ин кишвар кушта шуданд, ҳимояти моллии шойста кунанд.
Раисҷумҳурии Қазоқистон дар бахши дигар ба Вазорати тавсеъаи диҷитолӣ, навоварӣ ва саноъати ҳавофазои кишвар дастур дод, ки дар ҳамкорӣ бо Вазорати дохила бар асоси маркази тамоси 1414, як хатти мустақими ироаи итилоъот дар мавриди қурбониён ва афроди нопадидшуда дар натиҷаи иқдомоти гурӯҳҳои ҷинояткор ба шаҳрвандонро созмондиҳӣ кунанд.
Тоқаев ҳамчунин хостори эҷоди тадобир барои ҳимояти давлатӣ аз шуғлҳои кучак ва миёна дар шаҳри Алмато ва дигар минтақаҳое, ки бар асари нооромиҳо зарар диданд шуд.
Раисҷумҳур Бонки миллӣ ва Ожонси танзим ва тавсеаи бозори молии ин кишварро муваззаф ба таъмини амалкарди пойдор ва бедуни вақфаи бонкҳо ва дигар муасисаҳои молӣ баъд аз собит шудани вазъият дар ин кишвар кард.
Раисҷумҳурии Қазоқистон дар бахши дигар Вазорати умури хориҷаи ин кишварро муваззаф кард, ки равобити доимӣ бо кишварҳои хориҷӣ, созмонҳои байналмиллалӣ ва дигар шурако дар мавриди ҳамаи масоили ҷории ҳамкориҳои дуҷониба ва чандҷониба ҳифз кунанд.