Толибон боздошти устод Ҷалолро тасдиқ карданд

© Твиттер/استاد فیض الله جلالФайзуллоҳ Ҷалол, устоди донишгоҳи Кобул
Файзуллоҳ Ҷалол, устоди донишгоҳи Кобул - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.01.2022
Обуна шудан
Сухангӯи толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид тасдиқ намуд, ки профессор Файзулло Ҷалол дар дасти онҳост, вале аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ кардааст
ДУШАНБЕ, 9 янв — Sputnik. Толибон расман тасдиқ намуданд, ки профессори Донишгоҳи Кобул Файзулло Ҷалолро боздошт намудаанд.
Сухангӯи толибон Забеҳуллоҳ Муҷоҳид дар саҳифааш дар "Твиттер" навиштааст, ки "як инсони мутаассиб бо номи Ҷалол" боздошт шудааст. Муҳоҷид устод Ҷалолро ба таҳрики мардум алайҳи низоми мавҷуда дар Афғонистон муттаҳам кард.
Ёдовар мешавем, 8 январ афроди мусаллаҳ, Файзулло Ҷалол, устоди донишгоҳи Қобулро бо худ ба ҷойи номаълум бурданд.
Толибон устод Ҷалолро, ки онҳоро дар телевизион танқид кард, рабуданд - навор
Маҳсо Ҷалол, духтари профессор пас аз боздошти падараш аз тариқи сафҳаи худ хоҳиш намуд, то ҳамагон овоз баланд кунанд ва падараш саломат аз дасти толибон раҳо шавад.

“Ман Маҳсо Ҷалол ҳастам, хоҳиш мекунам, садоятонро баланд кунед, то падари ришсафеди ман осебе набинад, соате пеш ӯро бо беэҳтиромии зиёд аз мо бурданд, намедонам, ба куҷо бурданд ва намедонам, ҳоло падарам дар чӣ ҳол аст", - навишта буд ӯ.

Феълан, маълум нест, ки устод Ҷалол дар чӣ вазъияте қарор дорад ва толибон бо ӯ чӣ муносибатеро раво мебинанд.
Ёдрас менамоем, моҳи ноябри соли гузашта оқои Ҷалол дар як барномаи телевизионии шабакаи “TOLOnews” иштироку суханронӣ карда буд.
Дар ин барнома ӯ толибонро ба инҳисори қудрат ва саркӯби озодии баён муттаҳам кард ва намояндаи толибонро, ки дар ин баҳс ҳамроҳ бо ӯ буд, гӯсола номид.
Лентаи хабарҳо
0