https://sputnik.tj/20220108/vadai-zavqizoda-daromadi-pulii-aholi-ziyod-meshavad-1044656023.html
Ваъдаи Завқизода: Даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд мешавад
Ваъдаи Завқизода: Даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд мешавад
Sputnik Тоҷикистон
Вазири иқтисод ва савдои Тоҷикистон ахиран дар як ҷаласаи корӣ ваъда додааст, ки дар давоми 5 соли ояндаи даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд мегардад
2022-01-08T18:00+0500
2022-01-08T18:00+0500
2022-01-10T14:59+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
пул
аҳолӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826110_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_c0d4c83e6d1aca3daf95a7742c1344ef.jpg
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Ахиран дар бинои Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҷаласаи корие бо ҳузури вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқи Завқизода баргузор шуд, ки дар он барномаи рушди кишвар барои панҷ соли оянда баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин вазорат.Тибқи иттилои манбаъ, Завқӣ Завқизода зимни ифтитоҳи ин ҷаласа ба ҳозирин гуфт, ки дар паёми раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба барномаи рушди кишвар барои 5 соли оянда таъкид шуд.Вай гуфтааст, дар ин паём ҳадафу афзалиятҳо ва дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ муайян гардидаанд.“Аз ҷумла дар ин давра рушди иқтисодӣ на кам аз 7 фоиз таъмин гардида, беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд мегардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида шуда, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода мешавад”, - қайд кард вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.Ҳамзамон вазири тоҷик афзуд, солҳои 2022-2026 дар Тоҷикистон солҳои рушди саноат эълон шуд.
https://sputnik.tj/20211203/podguzov-enerzhi-ob-manbai-aslii-rushdi-iqtisod-1043932328.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/09/01/1031826110_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_0a427aecfab3ce76d6bcfd98d4089252.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, иқтисод, вазорати рушли иқтисод, даромал, аҳолӣ
тоҷикистон, иқтисод, вазорати рушли иқтисод, даромал, аҳолӣ
Ваъдаи Завқизода: Даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд мешавад
18:00 08.01.2022 (Навсозишуда: 14:59 10.01.2022) Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ахиран дар як ҷаласаи корӣ ваъда додааст, ки дар давоми панҷ соли ояндаи даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд мегардад
ДУШАНБЕ, 8 янв — Sputnik. Ахиран дар бинои Вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҷаласаи корие бо ҳузури вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқи Завқизода баргузор шуд, ки дар он барномаи рушди кишвар барои панҷ соли оянда баррасӣ шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуотии ин вазорат.
Тибқи иттилои манбаъ, Завқӣ Завқизода зимни ифтитоҳи ин ҷаласа ба ҳозирин гуфт, ки дар паёми раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба барномаи рушди кишвар барои 5 соли оянда таъкид шуд.
Вай гуфтааст, дар ин паём ҳадафу афзалиятҳо ва дурнамои нишондиҳандаҳои асосии рушди соҳаҳои иқтисоди миллӣ муайян гардидаанд.
“Аз ҷумла дар ин давра рушди иқтисодӣ на кам аз 7 фоиз таъмин гардида, беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд мегардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида шуда, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода мешавад”, - қайд кард вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон.
Ҳамзамон вазири тоҷик афзуд, солҳои 2022-2026 дар Тоҷикистон солҳои рушди саноат эълон шуд.