Барф, борон ва меғ: пешгӯии дақиқи ҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / Антон Подгайко / Гузариш ба медиабонкТуман в горах, архивное фото
Туман в горах, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.01.2022
Обуна шудан
Ҳавои Тоҷикистон абрнок шуда, дар аксари манотиқи кишвар бориши борону барф пешгӯӣ мешаваду меғ мефарояд
ДУШАНБЕ, 7 янв – Sputnik. Дар Вилояти Мухтори Кӯхистони Бадахшон ҳавои абрноки бебориш пешгӯӣ мешавад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8 дараҷа сард, дар баъзе ноҳияҳо то 9-14 хунук, рӯзона 0-5 дараҷа хунук, дар шарқи вилоят шабона 18-23 дараҷа хунук мешавад.
Дар баъзе минтақаҳо то 26-31 дараҷа хунук, рӯзона 4-9 дараҷа хунук, дар баъзе минтақаҳо то 11-16 дараҷа хунук мешавад, хабар медиҳад Ожонси ҳавошиносии Тоҷикистон.
Дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо бориши сусти борону барф ва фаромадани меғ пешбинӣ шудааст.
Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4 дараҷа, рӯзона 4+9 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 8-13 дараҷа хунук ва рӯзона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм мешавад.
Первый снег в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.11.2021
Ба президент гуфтанд, чанд дарсади пешгӯии ҳавошиносони тоҷик дуруст мебарояд
Дар вилояти Хатлон ҳаво қисман абрнок шуда, дар водиҳо борон меборад ва меғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар доманакӯҳо шабона аз 4 дараҷа сард то 1 дараҷа гарм, рӯзона 2+7 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои абрнок, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат меборад.
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ бориши борону барф, дар ноҳияҳои алоҳида бориши бошиддат ба амал омада, тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона 1+6 дараҷа гарм, рӯзона 5+10 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8 дараҷа хунук, рӯзона 0+5 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои абрнок шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад ва тормеғ мефарояд. Ҳаво шабона 2+4 дараҷа гарм, рӯзона 8+10 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0