Тоҷикистон 3 ҳазору 140 нафарро аз тариқи "Интерпол" дунболагирӣ дорад

© REUTERS \ Edgar SuИнтерпол, архивное фото
Интерпол, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2022
Обуна шудан
Полковник Шаҳриёр Назриев, сардори бюрои байналмилалии "Интерпол"-и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон ҳамкориро бо кишварҳои дигари узви созмон хуб арзёбӣ карда, бархе оморро пешниҳод намуд
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Ҳамасола то 100 муттаҳам дар ҷиноёт, ки таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ қарор доранд, аз тариқи "Интерпол" боздошту ба Тоҷикистон истирдод мегарданд.
Дар ин бора полковник Шаҳриёр Назриев, сардори бюрои байналмилалии "Интерпол" дар суҳбат бо нашрияи "Қонун ва ҷомеа"-и и Вазорати умури дохилии Тоҷикистон хабар додааст.
Назриев изҳор доштааст, ки феълан дар истеҳсолоти бюро парвандаи 3 ҳазоур 140 нафар қарор доранд, расман таҳти ҷустуҷӯи байналмилалӣ мебошанд. Ӯ таъкид намудааст, ки раванди ҷустуҷӯ таҳти назорат қарор дошта, ҳамкорӣ бо кишварҳои узви дигари "Интерпол" дар ин самт идома дорад.
Мобильный комплекс видеонаблюдения на границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.01.2021
Се шаҳрванди Тоҷикистон - падару ду писар аз ҳукумати Литва паноҳандагӣ хостанд
Зикр шудааст, ки Тоҷикистон дар ҷаласаи 73-юми Ассамблеяи генералии "Интерпол", моҳи октябри соли 2004 дар шаҳри Канкуни давлати Мексика ба ҳайси 182-юмин узви ин созмони байналмилалӣ пазируфта шуд.
Бюрои миллии марказии "Интерпол" дар Тоҷикистон бо қарори ҳукумат аввали соли 2005 таъсис дода шуд, ки феълан ба ҳамоҳангсозии кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи тоҷик ва ҳамкоронашон аз кишварҳои дигари узви ин созмон машғул мебошад.
Лентаи хабарҳо
0