Роҳи Рашт - Сангвор кушода шуд: Ҳушдори КҲФ аз тармафароӣ

© Sputnik / Амир Исаев / Гузариш ба медиабонкГоры Таджикистана
Горы Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2022
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз хатари тармафароӣ дар роҳҳои кишвар хабар дода, дар бархе масирҳо постгоҳҳоро ташкил кардааст
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. КҲФ мегӯяд, тармаи мавзеи Лаби Ҷар, ки ахиран роҳи мошингарди Рашт - Сангворро баста буд, тоза карда шудааст.
Ин ниҳод бо нашри як иттилоия гуфт, феълан роҳ пурра тоза карда шуда, ҳаракати мошинҳо барқарор шудааст. Таъкид шудааст, ки тарма харобӣ ва талафоти ҷонӣ дар пай надошт.
Манбаъ афзуд, ки қисматҳои осебпазири роҳҳои Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ барои таъмини амнияти аҳолӣ аз ҳисоби наҷотдиҳандагон ва кормандони БДА постгоҳҳо ташкил гардидаанд.
Проезд через засыпную снегом дорогу, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 04.01.2022
"Тармаборон" дар шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳушдор додаст, ки дар пайи гарм шудани ҳаво дар рӯзҳои ахир ва боришоти рӯзҳои пеш дар ноҳияҳои ВМКБ ва қаторкуҳҳои Ҳисор хатари фаромадани тарма зиёд аст. Аз ҷумла хатари фаромадани тарма, сангу рег ва яхбандӣ дар роҳҳои мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Чанок, Душанбе – Рашт – Лахш, Душанбе – Сангвор, Кӯлоб – Дарвоз, Ванҷ – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб зикр шудааст.
Ин ниҳод ҳамчунин маслиҳат додааст, ки шаҳрвандон аз сафар ба минтақаҳои тармахез худдорӣ намоянду, муваққатан ба доманакӯҳҳо барои ҳезум, молчаронӣ ва шикор нараванд.
Лентаи хабарҳо
0