https://sputnik.tj/20220106/maqomoti-sughd-qazoqistonand-1044632217.html
Мақомоти Суғд гуфтанд, чанд нафар аз ин вилоят феълан дар Қазоқистонанд
Мақомоти Суғд гуфтанд, чанд нафар аз ин вилоят феълан дар Қазоқистонанд
Sputnik Тоҷикистон
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд теъдоди муҳоҷирон аз ин вилоят дар Қазоқистонро эълон карда, афзуд, ки то ҳол касе аз онҳо осеб надидааст
2022-01-06T19:44+0500
2022-01-06T19:44+0500
2022-01-06T19:44+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
қазоқистон
суғд
хадамот
муҳоҷир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/06/1044623867_0:0:2015:1134_1920x0_80_0_0_b4babedad28b43d758f059056d84d6e9.jpg
ДУШАНБЕ, 6 янв – Sputnik. Мақомоти Суғд мегӯянд, феълан 3 ҳазору 805 сокини шаҳру навоҳии вилоят дар Қазоқистон қарор доранд. Дар ин бора Диловар Муродов, масъули раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд, ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод. Ӯ афзуд, ки аз шумори умумии муҳоҷирони суғдӣ дар Қазоқистон 3 ҳазору 183 нафар мард ва 622 зан мебошанд. Қазоқистон баъд аз Русия дуюмин кишвари қабулкунандаи асосии муҳоҷирон аз Тоҷикистон мебошад. Бар асоси иттилои оморӣ, феълан аз вилояти Суғд беш аз 181 ҳазор муҳоҷир дар қаламарави Русия қарор доранд. Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия аз шаҳрвандони кишвар хостааст, аз сафар ба Қазоқистон худдорӣ намоянд. Ба онҳое, ки феълан дар Қазоқистон қарор доранд, тавсия дода шудааст, ки ҳушёриро аз даст надода, аз ҷойҳои серодам канорагирӣ намоянд. "Дар сурати ба мушкилӣ дучор гардидани шаҳрвандони Тоҷикистон, зарур аст, ки фавран ба телефони шабонарӯзии сафорат дар шаҳри Нур-Султон +77172240929 хабар диҳанд", - таъкид намудаст ВУХ.Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Феълан дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодда эълон гардидаст.
https://sputnik.tj/20220106/oseb-maslihat-tojikon-muqimi-qazoqiston-1044628473.html
қазоқистон
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/06/1044623867_0:0:1729:1297_1920x0_80_0_0_3350e56c0ec466d0fbc01f69b1c4823c.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мақомот, суғд, муҳоҷир, феълан
мақомот, суғд, муҳоҷир, феълан
Мақомоти Суғд гуфтанд, чанд нафар аз ин вилоят феълан дар Қазоқистонанд
Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Суғд теъдоди муҳоҷирон аз ин вилоят дар Қазоқистонро эълон карда, афзуд, ки то ҳол касе аз онҳо осеб надидааст
ДУШАНБЕ, 6 янв – Sputnik. Мақомоти Суғд мегӯянд, феълан 3 ҳазору 805 сокини шаҳру навоҳии вилоят дар Қазоқистон қарор доранд.
Дар ин бора Диловар Муродов, масъули раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Суғд, ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ӯ афзуд, ки аз шумори умумии муҳоҷирони суғдӣ дар Қазоқистон 3 ҳазору 183 нафар мард ва 622 зан мебошанд.
Қазоқистон баъд аз Русия дуюмин кишвари қабулкунандаи асосии муҳоҷирон аз Тоҷикистон мебошад. Бар асоси иттилои оморӣ, феълан аз вилояти Суғд беш аз 181 ҳазор муҳоҷир дар қаламарави Русия қарор доранд.
Ин дар ҳолест, ки Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон бо нашри як иттилоия аз шаҳрвандони кишвар хостааст, аз сафар ба Қазоқистон худдорӣ намоянд. Ба онҳое, ки феълан дар Қазоқистон қарор доранд, тавсия дода шудааст, ки ҳушёриро аз даст надода, аз ҷойҳои серодам канорагирӣ намоянд.
"Дар сурати ба мушкилӣ дучор гардидани шаҳрвандони Тоҷикистон, зарур аст, ки фавран ба телефони шабонарӯзии сафорат дар шаҳри Нур-Султон +77172240929 хабар диҳанд", - таъкид намудаст ВУХ.
Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Феълан дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодда эълон гардидаст.