Кумакхоҳии Тоқаев аз роҳбарони кишварҳои узви СААД: ин таҷовузи хориҷист - видео

© Пресс-служба Президента ТаджикистанаСтраны участники заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ
Страны участники заседание Совета коллективной безопасности ОДКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.01.2022
Обуна шудан
Президенти Қазоқистон аз роҳбарони кишварҳои узви СААД барои бартараф сохтани вазъи феълӣ дар кишвар кумак хостааст
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Қосим - Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон дар пайи баргузории ҷаласаи Шӯрои амнияти кишвар аз давлатҳои узви Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ - СААД кумак хостаааст. Ин созмон Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Белорус, Қирғизистон ва Арманистонро дар бар мегирад.
Тоқаев дар шарҳи ин иқдомаш гуфт, дар кишвар гуруҳҳои террористӣ дастбакор шудаанд, ки байналмилалӣ мебошанд, чун омодагии ҷиддиро дар хориҷи кишвар гузаштаанд. Ӯ афзуд, ки ҳамлаи ин гуруҳҳо ба Қазоқистон бояд ҳамчун таҷовуз пазируфта шавад.

"Ман бо такя ба созишнома дар бораи амнияти дастаҷамъӣ, ба роҳбарони кишварҳои узви СААД муроҷиат кардам, то ба Қазоқистон дар бартарафсозии ин хатари террористӣ кумак намоянд", - гуфт Тоқаев.

Ӯ таъкид намуд, ки ин аллакай таҳдид нест, балки ҳамлаи амалӣ ба якпорчагии давлат ва аз ҳама муҳим, ин ҳамла ба шаҳрвандон мебошад. Тоқаев илова намуд, ки шаҳрвандон аз ӯ чун роҳбари давлат хоҳиш доранд, ки фавран ба онҳо кумак расонад.
Маврид ба зикр аст, феълан кишварҳои узви СААД - Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Арманистон мебошанд. Ҳадафи ин созмон ҳифзи якҷояи давлатҳои узв аз таҷовузи низомию сиёсии хориҷӣ ва ҳамчунин ҳамлаҳои террористӣ арзёбӣ мегардад.
Тоқаев ба ҷои Назарбоев раиси Шӯрои амният шуд: Ӯ гуфт, кишварро тарк карданӣ нест
Ҳамоишҳои эътирозӣ дар Қазоқистон рӯзҳои аввали соли равон алайҳи болоравии нархи гази моеъ сар зада, баъдан ба бетартибиҳо ва даргириҳо печиданд, ки куштаю маҷруҳ барҷой гузоштаанд. Феълан дар Қазоқистон барои барқарорсозии тартиботи ҷамъиятӣ ҳолати фавқулодда эълон гардидаст.
Лентаи хабарҳо
0