https://sputnik.tj/20220106/gholibon-ozmun-shohin-sughd-malum-1044628872.html
Ғолибони озмуни "Шоҳин" дар Суғд маълум шуданд
Ғолибони озмуни "Шоҳин" дар Суғд маълум шуданд
Sputnik Тоҷикистон
Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Туҳфа Фозилова дар шаҳри Конибодом барои дарёфти истеъдодҳои наврас озмун зери унвони "Шоҳин"-ро баргузор кард
2022-01-06T18:30+0500
2022-01-06T18:30+0500
2022-01-06T18:30+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
суғд
озмун
овозхон
пирӯз
баҳои баланд
навозиш
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/94/1022639431_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_edc5b5910b615a0d9489f72ce9c8a64f.jpg
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Ҳукумати вилояти Суғд мегӯяд, озмуни истеъдодҳои нав миёни наврасони аз 6 то 16-сола гузаронида шуд. Ба иттилои манбаъ, иштирокдорон, ки теъдодашон аз 30 нафар зиёд буд, дар даври асосии озмун тариқи онлайн дар шабакаи Instagram баҳогузорӣ шуданд. Озмун аз рӯи бахшҳо "Ҳаҷвнигорӣ", "Сурудхонӣ", "Рақс" ва "Навозиши асбобҳои мусиқӣ" сурат гирифта, дар натиҷаи овоздиҳӣ ва интихоби ҳайати ҳакамони озмун ғолибон эълон гардиданд. Барандаи ҷои аввал Дилшод Ҳомидов дониста шуда, Дилноза Бурҳониддинова дар ҷойи дуюм ва Олимҷон Алиев дар ҷойи сеюм қарор гирифтаанд. Соҳибони ҷойи аввал бо ноутбук, ҷойи дуюм бо планшет ва ҷойи сеюм бо дучарха қадрдонӣ шуданд, илова намуд дафтари матбуоти ҳукумат Суғд. Мақомоти Суғд таъкид намуданд, ки мақсади баргузории озмун дарёфти истеъдодҳои нав ва таблиғи санъат миёни наврасон маҳсуб мешавад.
https://sputnik.tj/20211229/akshoi-nehtarin-soli-2021-1044506045.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102263/94/1022639431_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_79ff1486cb890d0c78c255dab071a9fa.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эълон, ғолиб, озмун, шоҳин
эълон, ғолиб, озмун, шоҳин
Ғолибони озмуни "Шоҳин" дар Суғд маълум шуданд
Театри давлатии мусиқӣ-драмавии ба номи Туҳфа Фозилова дар шаҳри Конибодом барои дарёфти истеъдодҳои наврас озмун зери унвони "Шоҳин"-ро баргузор кард
ДУШАНБЕ, 6 янв — Sputnik. Ҳукумати вилояти Суғд мегӯяд, озмуни истеъдодҳои нав миёни наврасони аз 6 то 16-сола гузаронида шуд.
Ба иттилои манбаъ, иштирокдорон, ки теъдодашон аз 30 нафар зиёд буд, дар даври асосии озмун тариқи онлайн дар шабакаи Instagram баҳогузорӣ шуданд.
Озмун аз рӯи бахшҳо "Ҳаҷвнигорӣ", "Сурудхонӣ", "Рақс" ва "Навозиши асбобҳои мусиқӣ" сурат гирифта, дар натиҷаи овоздиҳӣ ва интихоби ҳайати ҳакамони озмун ғолибон эълон гардиданд.
Барандаи ҷои аввал Дилшод Ҳомидов дониста шуда, Дилноза Бурҳониддинова дар ҷойи дуюм ва Олимҷон Алиев дар ҷойи сеюм қарор гирифтаанд. Соҳибони ҷойи аввал бо ноутбук, ҷойи дуюм бо планшет ва ҷойи сеюм бо дучарха қадрдонӣ шуданд, илова намуд дафтари матбуоти ҳукумат Суғд.
Мақомоти Суғд таъкид намуданд, ки мақсади баргузории озмун дарёфти истеъдодҳои нав ва таблиғи санъат миёни наврасон маҳсуб мешавад.