Тоқаев ба ҷои Назарбоев раиси Шӯрои амният шуд: Ӯ гуфт, кишварро тарк карданӣ нест - видео

© Sputnik / Владислав Воднев / Гузариш ба медиабонкПредседатель Сената Парламента Казахстана Касым-Жомарт Токаев (справа) и экс-президент Казахстана Нурсултан Назарбаев
Председатель Сената Парламента Казахстана Касым-Жомарт Токаев (справа) и экс-президент Казахстана Нурсултан Назарбаев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2022
Обуна шудан
Раисҷумҳури Қазоқистон бори дуюм тайи як шабонарӯзи охир ба мурдум муроҷиат кард. Ӯ хабар дод, ки ба ҷои Нурсултон Назарбоев роҳбари Шӯрои амнияти кишвар шудааст
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Қосим-Ҷомарт Тоқаев, раисҷумҳури Қазоқистон ба ҷои Нурсултон Назарбоев роҳбарии Шӯрои амнияти кишварро ба дӯш гирифт.
Тоқаев дар муроҷиаташ ба мардум изҳор дошт, ки ба ҳайси президент ва акнун ба ҳайси раиси Шӯрои амният алайҳи қонуншиканиҳо чораҳои қатъӣ меандешад. Ин изҳороти Тоқаев дар ҳолест, ки то ҳол гуфта мешуд, Назарбоев, раисҷумҳури пешини Қазоқистон, роҳбари якумраи Шӯрои амният боқӣ мемонад.
Раисҷумҳури Қазоқистон бо ҳушдор аз чораҳои шадид изҳори боварӣ намуд, ки мардум ӯро пуштибонӣ хоҳанд кард. Ӯ афзуд, кишварро тарк карданӣ нест ва бо мардум боқӣ мемонад.
Раиси нави Шӯрои амният изҳор дошт, ки эътирозгарон кормандони мақомоти қудратӣ ва низомиро мавриди ҳамла қарор додаанд ва бо таасуф аз талафоти ҷонӣ миёни кормандони давлатӣ гуфт. Ӯ аз бедодгарии бархе гуруҳҳои эътирозгар интиқод намуд, ки кормандони мақомотро шадидан латукӯб мекунанду маҷбур месозанд, луч дар кӯчаҳо гарданд. Чунин аъмолро тоқат кардан мумкин нест, афзуд Тоқаев.

"Чун президент, муваззафам амнияту суботи шаҳрвандон ва ягонагии Қазоқистонро ҳифз намоям. Тасмимҳои қабулкардаам ба нумӯи Қазоқистони гуногунмиллат равона шудаанд, аммо феълан ин чораҳо кофӣ нестанд", - изҳор дошт президент.

Ӯ афзуд, ки сарфи назар аз вазъи мураккаб мақомот аз уҳдаи ҳалли он мебароянду қавитар хоҳанд шуд.
Президенти Қазоқистон гуфт, дар зудтарин фурсат пешниҳодҳоеро барои ислоҳоти сиёсӣ ироа хоҳад кард ва илова намуд, ки чун пештара ҷонибдори ислоҳоти муназзам мебошад.
В Алматы горит резиденция президента Казахстана
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2022
Алмато дар оташ: дафтари пешини президент сӯхта истодааст - видео
Маврид ба зикр аст, ки эътирозҳо алайҳи болоравии нархи гази моеъ дар вилояти Мангистауск оғоз гардида, дар нуқоти дигари кишвар низ паҳн шуданд. Президенти кишвар, Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар муроҷиати аввалаш ваъда дод, ки талаботи қонунии эътирозгарон баррасӣ ва ҳал мешаванд. Ӯ шаҳрвандонро ба хирадмандӣ даъват намуда, изҳор дошт, ки гап сари нумӯи худи онҳо низ ҳаст.
Лентаи хабарҳо
0