https://sputnik.tj/20220105/sartabib-khujand-sardi-havo-murojiat-shifokhona-1044614266.html
Сартабиби Хуҷанд аз таъсири сардӣ ба хуруҷи бемориҳо ва афзоиши муроҷиат ба шифохона гуфт
Сартабиби Хуҷанд аз таъсири сардӣ ба хуруҷи бемориҳо ва афзоиши муроҷиат ба шифохона гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар Хуҷанд тавзеҳ дод, ки тағйирёбии ҳарорати ҳаво ба хуруҷи кадом бемориҳо таъсир дораду чаро омори муроҷиатҳо барои... 05.01.2022, Sputnik Тоҷикистон
2022-01-05T17:40+0500
2022-01-05T17:40+0500
2022-01-05T17:40+0500
дар тоҷикистон
тандурустӣ
хуҷанд
сардӣ
муроҷиат
бемор
омор
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102605/71/1026057195_1:0:3000:1687_1920x0_80_0_0_cb0121afde71c874c4ab32ff59d8278e.jpg
ДУШАНБЕ, 5 янв – Sputnik. Мирзорауф Ҳошимов, сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд, мегӯяд, муроҷиати сокинон ба табибон бештар шудааст. Ҳошимов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон далели афзоиши беморону муроҷиатҳоро бо сардшавии ҳаво дар рӯзҳои охир рабт дод. Ба иттилои сартабиб, давоми як ҳафтаи охир беш аз 800 сокини Хуҷанд барои гирифтани кумаки тиббӣ муроҷиат кардаанд. Бар асоси омори ироакардаи сартабиб, ҳафтаи пешин 740 муроҷиати сокинони Хуҷанд ба табибони ёрии таъҷилии тиббӣ сабт шуда буд. Мирзорауф Ҳошимов дар шарҳи афзоиши муроҷиатҳо гуфт, таҳти таъсири сардӣ хуруҷи бемориҳои мавсимӣ, ба мисли илтиҳоби гулӯ, фишорбаландӣ, дарди сар ва бемориҳои ишимиявии дил бештар шудааст. Ӯ гуфт, давоми як ҳафтаи охир бо иллати баландшавии табъ 118 нафар муроҷиат кард, ки ин рақам назар ба давраҳои сабти хуруҷи бемории коронавирус ба маротиб камтар мебошад. Сартабиб мавҷуд набудани рақам дар баъзе аз биноҳои истиқоматиро аз омилҳои аслии саривақт нарасидан ба назди беморон гуфт. "Занг зада сӯроғаашро мефаҳмонанд, мо ба қайд гирифта сафарбар мешавем, вақте ба он маҳалла мерасем, рақами бино мавҷуд нест, он ё канда шудааст, ё офтобсӯхта аст, аз ин сабаб дуруст дида намешавад ва то дубора дақиқ намудани суроғаи бемор вақт мегузарад”, - изҳор намуд сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд.Бино ба иттилои дарёфтӣ ҳоло дар Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд 11 мошини сайёри тиббӣ фаъол буда, ба аҳолии наздик ба 200 ҳазорнафараи ду соҳили руди Сир хизмат мерасонад.
https://sputnik.tj/20211130/vazorat-tandurusti-omikron-tojikiston-1043846617.html
хуҷанд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102605/71/1026057195_376:0:2625:1687_1920x0_80_0_0_c38c4e8758e9b2404ef17bbb5fe05edb.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
дар тоҷикистон, тандурустӣ, хуҷанд, сардӣ, муроҷиат, бемор, омор
дар тоҷикистон, тандурустӣ, хуҷанд, сардӣ, муроҷиат, бемор, омор
Сартабиби Хуҷанд аз таъсири сардӣ ба хуруҷи бемориҳо ва афзоиши муроҷиат ба шифохона гуфт
Сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббӣ дар Хуҷанд тавзеҳ дод, ки тағйирёбии ҳарорати ҳаво ба хуруҷи кадом бемориҳо таъсир дораду чаро омори муроҷиатҳо барои кумаки тиббӣ дар рӯзҳои охир афзуд
ДУШАНБЕ, 5 янв – Sputnik. Мирзорауф Ҳошимов, сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд, мегӯяд, муроҷиати сокинон ба табибон бештар шудааст.
Ҳошимов дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон далели афзоиши беморону муроҷиатҳоро бо сардшавии ҳаво дар рӯзҳои охир рабт дод.
Ба иттилои сартабиб, давоми як ҳафтаи охир беш аз 800 сокини Хуҷанд барои гирифтани кумаки тиббӣ муроҷиат кардаанд.
"Аз 30 декабри соли 2021 то 5 январи соли 2022 дар умум 855 нафар ба табибони ёрии таъҷилӣ муроҷиат намудаанд. Ин рақам дар муқоиса ба як ҳафтаи қаблӣ то 12 % ё 115 муроҷиат зиёд аст”, - изҳор дошт Ҳошимов.
Бар асоси омори ироакардаи сартабиб, ҳафтаи пешин 740 муроҷиати сокинони Хуҷанд ба табибони ёрии таъҷилии тиббӣ сабт шуда буд.
Мирзорауф Ҳошимов дар шарҳи афзоиши муроҷиатҳо гуфт, таҳти таъсири сардӣ хуруҷи бемориҳои мавсимӣ, ба мисли илтиҳоби гулӯ, фишорбаландӣ, дарди сар ва бемориҳои ишимиявии дил бештар шудааст.
Ӯ гуфт, давоми як ҳафтаи охир бо иллати баландшавии табъ 118 нафар муроҷиат кард, ки ин рақам назар ба давраҳои сабти хуруҷи бемории коронавирус ба маротиб камтар мебошад.
Сартабиб мавҷуд набудани рақам дар баъзе аз биноҳои истиқоматиро аз омилҳои аслии саривақт нарасидан ба назди беморон гуфт.
"Занг зада сӯроғаашро мефаҳмонанд, мо ба қайд гирифта сафарбар мешавем, вақте ба он маҳалла мерасем, рақами бино мавҷуд нест, он ё канда шудааст, ё офтобсӯхта аст, аз ин сабаб дуруст дида намешавад ва то дубора дақиқ намудани суроғаи бемор вақт мегузарад”, - изҳор намуд сартабиби Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд.
Бино ба иттилои дарёфтӣ ҳоло дар Маркази ёрии таъҷилии тиббии Хуҷанд 11 мошини сайёри тиббӣ фаъол буда, ба аҳолии наздик ба 200 ҳазорнафараи ду соҳили руди Сир хизмат мерасонад.