https://sputnik.tj/20220105/qabul-qoida-nav-judo-tanzim-muyi-sar-1044611806.html
Қабули қоидаҳои нав дар ҷудо: аз танзими мӯйи сару либос то тарзи ҳамла
Қабули қоидаҳои нав дар ҷудо: аз танзими мӯйи сару либос то тарзи ҳамла
Sputnik Тоҷикистон
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон қоидаҳои ҷадид дар зӯрозмоиҳои риштаи ҷудоро тавзеҳ дод
2022-01-05T15:45+0500
2022-01-05T15:45+0500
2022-01-05T15:45+0500
дар ҷаҳон
навигариҳои варзиши тоҷикистон
қонун
тағйирот
дзюдо
назорати тартибот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/15/1033044043_0:156:3001:1844_1920x0_80_0_0_641cdc06a51a84275a873629aaff1049.jpg
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Федератсияи байналмилалии ҷудо - IJF, бастаи қоидаҳои ҷадидро эълон намуд, ки ба иддаои ин созмон ба ҳифзи варзишгарон равона шуда, дар омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 кумак мекунанд. Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, IJF баъди гирифтани тавсияҳо аз федератсияҳои миллӣ, ба қоидаҳои доварӣ тағйирот ворид намуд. Таъкид шудааст, ки тағйироти баҳсноктарин ба амали “сеои наге” илова шуд, ки дигар он ҳаракати одӣ нахоҳад буд ва иҷрои он ба ҷазои ҷудокор оварда мерасонад.Кумита афзуд, ки ин амал, ки аз ҷониби Ҷой Мин Ҳо, қаҳрамони олимпӣ аз Кореяи ҷанубӣ, маъмул шудааст, варзишгар рақибашро пеш аз гардиш гирифта, ба пушт мепартояд. Дар феҳрасти навгониҳои дигар зикр шудааст, ки агар ҷудокор либосаш - ҷудогӣ ё мӯйи худро зиёда аз як маврид танзим кунанд, шидо мегирад. Ҳамчунин бо сар ҳамчун шиновар ҳуҷум кардан, хатарнок дониста шуда, паҳлавонро барои ин амал метавонанд аз ҳаққи ширкат дар мусобиқот маҳрум созанд. Дар баробоари ин варзишгарон дар сурати ба қафо афтидан, агар ду оринҷ ё дастонашонро ба замин монанд, ҷазо дода мешаванд. Ба қоидаҳои доштан ё худ қапидани ҳариф низ тағйирот ворид гардидаанд. Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз қавли Владимир Барта, сармутахассиси варзиши IJF овардааст, ки ҳадафи ин қоидаҳо ҳифзи варзишгарон мебошанд, ки аз аввали соли 2022 эътибор пайдо мекунанд ва то соли 2024 амал мекунанд. Таъкид шудааст, ки қоидаҳои ҷадиди ҷудо дар мусобиқаи Гран Прии Одивелас, ки аз 28 то 30 январ дар Португалия дар назар аст, роҳандозӣ мегардад.
https://sputnik.tj/20211230/gholibon-sabqat-jumhuriyavi-judo-vazn-malum-1044540378.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/03/15/1033044043_166:0:2833:2000_1920x0_80_0_0_7f900d86052418227824dd90f2329999.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
кумитаи миллӣ, олимпӣ, қоидаҳо, нав, ҷудо
кумитаи миллӣ, олимпӣ, қоидаҳо, нав, ҷудо
Қабули қоидаҳои нав дар ҷудо: аз танзими мӯйи сару либос то тарзи ҳамла
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон қоидаҳои ҷадид дар зӯрозмоиҳои риштаи ҷудоро тавзеҳ дод
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Федератсияи байналмилалии ҷудо - IJF, бастаи қоидаҳои ҷадидро эълон намуд, ки ба иддаои ин созмон ба ҳифзи варзишгарон равона шуда, дар омодагӣ ба Бозиҳои олимпии Париж-2024 кумак мекунанд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, IJF баъди гирифтани тавсияҳо аз федератсияҳои миллӣ, ба қоидаҳои доварӣ тағйирот ворид намуд. Таъкид шудааст, ки тағйироти баҳсноктарин ба амали “сеои наге” илова шуд, ки дигар он ҳаракати одӣ нахоҳад буд ва иҷрои он ба ҷазои ҷудокор оварда мерасонад.
Кумита афзуд, ки ин амал, ки аз ҷониби Ҷой Мин Ҳо, қаҳрамони олимпӣ аз Кореяи ҷанубӣ, маъмул шудааст, варзишгар рақибашро пеш аз гардиш гирифта, ба пушт мепартояд.
Дар феҳрасти навгониҳои дигар зикр шудааст, ки агар ҷудокор либосаш - ҷудогӣ ё мӯйи худро зиёда аз як маврид танзим кунанд, шидо мегирад.
Ҳамчунин бо сар ҳамчун шиновар ҳуҷум кардан, хатарнок дониста шуда, паҳлавонро барои ин амал метавонанд аз ҳаққи ширкат дар мусобиқот маҳрум созанд. Дар баробоари ин варзишгарон дар сурати ба қафо афтидан, агар ду оринҷ ё дастонашонро ба замин монанд, ҷазо дода мешаванд. Ба қоидаҳои доштан ё худ қапидани ҳариф низ тағйирот ворид гардидаанд.
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон аз қавли Владимир Барта, сармутахассиси варзиши IJF овардааст, ки ҳадафи ин қоидаҳо ҳифзи варзишгарон мебошанд, ки аз аввали соли 2022 эътибор пайдо мекунанд ва то соли 2024 амал мекунанд.
Таъкид шудааст, ки қоидаҳои ҷадиди ҷудо дар мусобиқаи Гран Прии Одивелас, ки аз 28 то 30 январ дар Португалия дар назар аст, роҳандозӣ мегардад.