Фаъолсозии сомонаи нав барои кумак ба муҳоҷирон ва оилаҳояшон дар Русия

© Sputnik / Наталья Селиверстова / Гузариш ба медиабонкМигранты в России
Мигранты в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2022
Обуна шудан
Дар Русия пойгоҳи ҷадиди хабарӣ зери унвони "адаптациямигрантов.рф"-ро фаъол карданд, ки барои ҳамгироии роҳати муҳоҷирону оилаҳояшон дар макони нав хидмат мекунад
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Пойгоҳи ҷадид барои мутобиқшавии муҳоҷирон дар Русия мусоидат мекунад, хабар дод Вазорати умури дохилӣ.
Ба иттилои манбаъ, пойгоҳ барои ташаккули гуруҳҳои касбӣ аз ҳисоби шаҳрвандони хориҷӣ пешбинӣ шудааст, ки барои кор ба минтақаҳои гуногуни Русия мераванд.
Дар сомона иттилооти гуногун дар бораи созмонҳое ҷамъ оварда шудааст, ки дар самти мутобиқсозии иҷтимоӣ ва фарҳангии хориҷиён дар Русия фаъолият доранд.
Инчунин пойгоҳ суроғаю телефонҳои марказҳои кумак ба муҳоҷиронро ба ниёзмандон пешниҳод мекунад. Муҳоҷирон метавонанд, аз тариқи ин сомона рақами телефонҳои боварӣ, замимаҳои мобилӣ ва дигар маводи заруриро пайдо кунанд, машваратҳои ройгони олайнӣ гиранд.
Граждане Узбекистана идут на посадку в терминале аэропорта Внуково  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.01.2022
Сабукиҳо тамом шуд: аз 1 январ ихроҷи муҳоҷирони ғайриқонунӣ аз Русия оғоз мешавад
Дар бахшҳои дигар инчунин сомонаю пайвандҳои саҳифаҳои гуногуни иҷтимоӣ пешниҳод мегарданд, ки иттилооти муҳим барои шаҳрвандони хориҷиро дар бар мегиранд.
Тавассути додаҳои фароҳамшуда, муҳоҷирон метавонанд донишҳои иловагӣ дар бораи соҳаи меҳнат, қонунҳои Русия, назари коршиносон ва дигар маълумотро пайдо намоянд.
Дар бахши "кумак ба муҳоҷирон" суолу масъалаҳое гузошта мешаванд, ки шаҳрвандони хориҷӣ метавонанд дар Русия дучори он гарданд. Дар ин бахш ҳамчунин посух ба суолҳо ва тавсияҳои зарурӣ ба муҳоҷирон пешниҳод мегарданд.
Лентаи хабарҳо
0