https://sputnik.tj/20220105/etirozgaron-hukumat-almato-daftari-peshini-prezident-1044610982.html
Эътирозгарон бинои ҳукумати Алматоро гирифта, сӯи дафтари пешини президент равонанд
Эътирозгарон бинои ҳукумати Алматоро гирифта, сӯи дафтари пешини президент равонанд
Sputnik Тоҷикистон
Гуруҳи эътирозгарон, ки теъдодашон то се ҳазор нафар гуфта мешавад, бинои шаҳрдории Алматоро ғасб кардаанд
2022-01-05T14:35+0500
2022-01-05T14:35+0500
2022-01-05T14:35+0500
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
қазоқистон
осиёи марказӣ
эътироз
бино
ҳукумат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/05/1044610949_0:79:1217:764_1920x0_80_0_0_e5753c01925e5515fc178badb8dacc09.jpg
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Ҳудуди се ҳазор эътирозгар, ки бо дастаҳои резинӣ мусаллаҳ шудаанд, ба бинои ҳукумати Алмато зада даромаданд, хабар дод Sputnik Қазоқистон. Ба иттилои манбаъ, теъдоди мамъурини пулис дар ҷои ҳодиса ҳудуди 1,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки талош доранд бо истифода аз норинҷакҳои нурию садоӣ пеши роҳи эътирозгаронро гиранд. Хабарнигори ин расона изҳор доштааст, ки дар пеши чашмаш чанд корманди пулисро латукӯб карданду сипару василаҳои муҳофизатияшро гирифтанд. Таъкид шудааст, ки феълан гуруҳи дигари эътирозгарон сӯи бошишгоҳи пешини раисҷумҳури Қазоқистон ҳаракат доранд. Маврид ба зикр аст, ки аз 5-уми январ соати 01:30 то соати 00:00-и 19-уми январ дар вилояти Мангистауск ва шаҳри Алмато ҳолати фавқулодда эълон гардид. Ҳадаф таъмини тартиботи ҷамъиятӣ арзёбӣ мешавад. Ҳамоишҳо аз он оғоз гардиданд, ки рӯзҳои аввали соли равон бархе аз сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Оқтау дар вилояти Мангистауск алайҳи болоравии нархи гази моеъ, ки то ба 120 тенге сари як литр гарон шуд, ба ҳамоиши эътирозӣ баромаданд. Масъулини энергетика болоравиро ба он рабт доданд, ки нархҳо дар биржаи электронӣ ташаккул меёбанд. Мақомоти маҳаллӣ ваъда доданд, ки нархи гази моеъро то 50 тенге дубора поин мебаранд. Дар пайи эътирозҳо ҳукумат ба истеъфо фиристода шуда, президент дастур додааст, ки татбиқи нархи газ тариқи биржаи электронӣ то як сол ба таъхир гузошта шавад.
https://sputnik.tj/20220105/elon-holat-favqulodda-etiroz-qazoqiston-video-1044607891.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/01/05/1044610949_47:0:1171:843_1920x0_80_0_0_058ff67d9df2bd2ed274d9bafe01ad56.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ғасб, бино, ҳукумат, эътирозгарон, алмато
ғасб, бино, ҳукумат, эътирозгарон, алмато
Эътирозгарон бинои ҳукумати Алматоро гирифта, сӯи дафтари пешини президент равонанд
Гуруҳи эътирозгарон, ки теъдодашон то се ҳазор нафар гуфта мешавад, бинои шаҳрдории Алматоро ғасб кардаанд
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Ҳудуди се ҳазор эътирозгар, ки бо дастаҳои резинӣ мусаллаҳ шудаанд, ба бинои ҳукумати Алмато зада даромаданд, хабар дод Sputnik Қазоқистон.
Ба иттилои манбаъ, теъдоди мамъурини пулис дар ҷои ҳодиса ҳудуди 1,5 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки талош доранд бо истифода аз норинҷакҳои нурию садоӣ пеши роҳи эътирозгаронро гиранд. Хабарнигори ин расона изҳор доштааст, ки дар пеши чашмаш чанд корманди пулисро латукӯб карданду сипару василаҳои муҳофизатияшро гирифтанд.
Таъкид шудааст, ки феълан гуруҳи дигари эътирозгарон сӯи бошишгоҳи пешини раисҷумҳури Қазоқистон ҳаракат доранд.
Маврид ба зикр аст, ки аз 5-уми январ соати 01:30 то соати 00:00-и 19-уми январ дар вилояти Мангистауск ва шаҳри Алмато ҳолати фавқулодда эълон гардид. Ҳадаф таъмини тартиботи ҷамъиятӣ арзёбӣ мешавад.
Ҳамоишҳо аз он оғоз гардиданд, ки рӯзҳои аввали соли равон бархе аз сокинони шаҳрҳои Жанаозен ва Оқтау дар вилояти Мангистауск алайҳи болоравии нархи гази моеъ, ки то ба 120 тенге сари як литр гарон шуд, ба ҳамоиши эътирозӣ баромаданд. Масъулини энергетика болоравиро ба он рабт доданд, ки нархҳо дар биржаи электронӣ ташаккул меёбанд. Мақомоти маҳаллӣ ваъда доданд, ки нархи гази моеъро то 50 тенге дубора поин мебаранд.
Дар пайи эътирозҳо ҳукумат ба истеъфо фиристода шуда, президент дастур додааст, ки татбиқи нархи газ тариқи биржаи электронӣ то як сол ба таъхир гузошта шавад.