Бишкек гуфт, Тоҷикистон бидуни шарҳ 50 қирғизи зодаи Ҷиргатолро ихроҷ кардааст

© Sputnik / Виктор ТолочкоПограничная вышка, архивное фото
Пограничная вышка, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2022
Обуна шудан
Мақомоти марзбонии Қирғизистон аз ихроҷи 50 шаҳрвандашон аз қаламрави Тоҷикистон хабар дода, афзудаанд, ки Душанбе далели ин амалро шарҳ надодаст
ДУШАНБЕ, 5 янв — Sputnik. Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ихроҷи 47 шаҳрванди ин кишвар аз Тоҷикистон 2 январ ва 3 нафари дигар рӯзи 4 январ сурат гирифтааст.
Расонаҳои қирғизӣ аз қавли мақомоти марзбонӣ хабар додаанд, ки 47 нафар шоми 2 январ тариқи гузаргоҳи "Қарамиқ" аз ноҳияи Лахш, собиқ Ҷиргатол хориҷ карда шудаанд. Таъкид шудааст, ки ихроҷшудаҳо зодаи Ҷиргатол мебошанд, ки аз шаҳрвандии Тоҷикистон даст кашида, табаияти Қирғизистонро пазируфтаанд. Мақомоти қирғиз мегӯянд, наздикони ихроҷшудаҳо шаҳрвандии Тоҷикистонро доранду дар зодгоҳашон иқомат доранд.
Зикр шудааст, ки 4 январ се нафари дигар низ аз Тоҷикистон ихроҷ шудаанд, ки дар қаламрави ноҳияҳои Лахш ва Мурғоб иқомат доштаанд. Ҷониби Қирғизистон иддао дорад, ки ин шаҳрвандон дар Тоҷикистон ҳузури қонунӣ дошта, дар ҷойи зисташон сабт шуда буданд. Бишкек мегӯяд, ҷониби Душанбе ягон далелеро барои ин амал пеш наовардааст.
Мобильный комплекс видеонаблюдения на границе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.12.2021
Тоҷикистону Қирғизистон дар мавриди таҳқиқи муноқишаҳои марзӣ тавофуқ карданд
Тоҷикистон феълан ин қазия ва иддаои ҷониби Қирғизистонро шарҳ надодааст. Қаблан мақомоти тоҷик бидуни ҳеч созиши ҳуқуқӣ додани шаҳрвандии Қирғизистонро ба қирғизҳои зодаи Тоҷикистон номақбул хонда, хостори танзими ин масъала шуда буданд.
Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки танҳо 520 километри он аломатгузорӣ шудааст. Номуайянӣ дар марз то ин вақт борҳо сабаби муноқишаи шаҳрвандони ду кишвар шудааст, ки баъзан ба даргирии мусаллаҳона печидааст.
Таниши пурқурбонӣ моҳи апрели соли гузашта дар пайи як баҳс сари дарғот ё мавзеи обтақсимкуни “Головной” рух дода буд. Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон ҳамдигарро муттаҳам ба оғоз кардани ин даргирӣ мекунанд. Бар асари ин муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ аз ҳар ду тараф шумори қурбониёнро беш аз 55 нафар ҳисоб кардаанд. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, ки дар пайи муноқишаи мусаллаҳонаи марзӣ 87 тан захмӣ шуда, 19 нафар ба ҳалокат расидааст. Қирғизистон аз ҳалокати 36 шаҳрвандаш дар ин даргирӣ хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0