Тармарӯбӣ дар роҳҳои Тоҷикистон: КҲФ мегӯяд, хатар ҳамоно боқист - видео

Обуна шудан
КҲФ аз тамоми шаҳрвандону меҳмонон даъват намудааст, ки бидуни зарурат ба сафар набароянд, чун хатари фаромадани тарма ҳамоно ҷо дорад
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода мегӯяд, дар қитъаҳои роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, - Хоруғ - Ишкошим ва Хоруғ - Мурғоб аз сабаби боришоти шадид хатари лағзиши тарма боқӣ мондааст.
Манбаъ видеои тоза кардани роҳҳои кӯҳӣ аз барфу тарма нишон дода, зикр намудааст, ки дар ин қитъаҳои роҳ пайваста тармафароӣ сурат мегирад ва роҳ баста мешавад.
Аз ҷумла дар роҳи Душанбе - Хоруғ, дар ҳудуди ноҳияи Ишкошим тарма фаромадааст ва роҳ ҳоло масдуд аст.
Хушхабар: Масири Душанбе - Чаноқ барои мошинҳои сабукрав боз шуд
Гуфта мешавад барои тоза кардани роҳҳо техникаи махсуси Вазорати нақлиёти Тоҷикистон, хадамоти роҳи ширкати “IRS” ва наҷотдиҳандагони КҲФ, ки дар навбатдории шабонарӯзӣ қарор доранд, ҷалб шудаанд.
Бо заҳмати кормандони БДА, КҲФ ва намояндагони ширкати IRS 25 мошине, ки дар ғарами барф монда буданд, раҳо шуданд ва ҳаракати нақлиёт самти Хуҷанд ва Душанбе боз гардид.
КҲФ аз шаҳрвандону меҳмонон даъват мекунад, ки бидуни зарурат аз тариқи роҳҳои ағба ва минтақаҳои тармахез сафар накунанд.
Лентаи хабарҳо
0