https://sputnik.tj/20220104/saforat-qaziya-tojikon-furudgoh-maskav-darmonda-sharh-1044594211.html
Сафорат қазияи тоҷикони дар фурудгоҳи Маскав дармондаро шарҳ дод
Сафорат қазияи тоҷикони дар фурудгоҳи Маскав дармондаро шарҳ дод
Sputnik Тоҷикистон
Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, вазъи шаҳрвандони дармонда дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскавро пайгирӣ доранд
2022-01-04T11:11+0500
2022-01-04T11:11+0500
2022-01-04T11:23+0500
дар тоҷикистон
муҳоҷират
дар русия
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043776296_0:0:2861:1609_1920x0_80_0_0_39cff9801a779026f6830efb5f9ae2f9.jpg
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар рӯйхати мамнӯъшудагон қарор доштанд, дар фурудгоҳи шаҳри Маскав дармонданд.Дар робита ба ин мушкилӣ, сафорати Тоҷикистон дар Русия дар як хабарномае таъкид намудааст, ки аз ҳоли тоҷикон хабардор ҳастанд ва ин масъаларо мавриди назорат ва пайгирӣ қарор додаанд.Гуфта мешавад, кормандони сафорат бо ширкатҳое, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қаламрави Русия овардаанд, гуфтушунид анҷом дода, дар натиҷа то 3 январ қисми зиёди онҳоро ба ватан гусел кард. Зикр гардид, ки масъалаи баргардондани мусофирони боқимонда низ мавриди баррасии мақомоти дахлдори Русия қарор дорад.Сафорат мегӯяд, сабаби манъи вуруди шаҳрвандони мазкур шомил будани номҳояшон дар рӯйхати мамнуъшудагон аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия аст.Дар ҳамин ҳол, намояндагии Тоҷикистон дар Русия тавзеҳ додааст, ки барои рӯ ба рӯ нашудан бо чунин мушкилот, шаҳрвандони Тоҷикистон бояд қабл аз сафар ба қаламрави Русия ному насаби худро барои иҷозати вуруд тафтиш кунанд.Қаблан расонаҳо гузориш доданд, ки 40 шаҳрванди Тоҷикистон аз 27 декабр дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав дармонданд.
https://sputnik.tj/20220101/hushdor-tojikiston-muhojiron-qoidahoi-navi-muhojirati-rusiya-1044558532.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0b/1a/1043776296_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_b1a8bd5bbe920a9f4c0e2747c491afc9.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
сафорат тоҷикистон русия уҳоҷират
сафорат тоҷикистон русия уҳоҷират
Сафорат қазияи тоҷикони дар фурудгоҳи Маскав дармондаро шарҳ дод
11:11 04.01.2022 (Навсозишуда: 11:23 04.01.2022) Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, вазъи шаҳрвандони дармонда дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскавро пайгирӣ доранд
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Теъдоди зиёди шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар рӯйхати мамнӯъшудагон қарор доштанд, дар фурудгоҳи шаҳри Маскав дармонданд.
Дар робита ба ин мушкилӣ, сафорати Тоҷикистон дар Русия дар як
хабарномае таъкид намудааст, ки аз ҳоли тоҷикон хабардор ҳастанд ва ин масъаларо мавриди назорат ва пайгирӣ қарор додаанд.
Гуфта мешавад, кормандони сафорат бо ширкатҳое, ки шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба қаламрави Русия овардаанд, гуфтушунид анҷом дода, дар натиҷа то 3 январ қисми зиёди онҳоро ба ватан гусел кард. Зикр гардид, ки масъалаи баргардондани мусофирони боқимонда низ мавриди баррасии мақомоти дахлдори Русия қарор дорад.
Сафорат мегӯяд, сабаби манъи вуруди шаҳрвандони мазкур шомил будани номҳояшон дар рӯйхати мамнуъшудагон аз ҷониби мақомоти дахлдори Русия аст.
Дар ҳамин ҳол, намояндагии Тоҷикистон дар Русия тавзеҳ додааст, ки барои рӯ ба рӯ нашудан бо чунин мушкилот, шаҳрвандони Тоҷикистон бояд қабл аз сафар ба қаламрави Русия ному насаби худро барои иҷозати вуруд тафтиш кунанд.
Қаблан расонаҳо гузориш доданд, ки 40 шаҳрванди Тоҷикистон аз 27 декабр дар фурудгоҳи Домодедовои шаҳри Маскав дармонданд.