https://sputnik.tj/20220104/khushkhabar-masir-dushanbe-chanoq-moshinho-sabukrav-boz-shud-1044595856.html
Хушхабар: Масири Душанбе - Чаноқ барои мошинҳои сабукрав боз шуд
Хушхабар: Масири Душанбе - Чаноқ барои мошинҳои сабукрав боз шуд
Sputnik Тоҷикистон
IRS, ширкати масъули нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ мегӯяд, ин роҳ аз 17 тарма тоза шуд ва ҳоло ҳаракати нақлиёт барқарор гардид
2022-01-04T13:02+0500
2022-01-04T13:02+0500
2022-01-04T13:20+0500
дар тоҷикистон
нақлиёт
роҳ
"инновейтив роуд солюшнз лтд" (irs)
тарма
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103069/83/1030698325_0:104:1000:667_1920x0_80_0_0_5da6b10293897b8221a8aef1f50adec3.jpg
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Роҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ сар аз рӯзи гузашта бинобар фаромадани тармаҳои азим масдуд буд, вале ширкати нигоҳубини ин роҳ ҳамин ҳоло хабари барқарор шудани ҳаракати нақлиёт аз ҳар ду самт нашр намуд.Ин ширкат дар хабарномае дар сафҳаи Facebook навиштааст, ки тармаҳои азим аз ҷониби кормандони ширкати IRS бартараф шуданд ва ҳоло ҳаракати нақлиёт ҳам ба самти Душанбе ва ҳам Хуҷанд оғоз гардидааст.Дар идома ширкати мазкур ба тамоми шаҳрвандон барои дарк кадани моҳияти муваққатан масдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт изҳори сипос намуданд.Ёдовар мешавем, тармафароӣ масири Душанбе - Чаноқ, муҳимтраин роҳи васлкунандаи шимолу ҷануби Тоҷикистонро масдуд кард. Далери Абдуло, сухангӯи IRS ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тарма аз километри 62 - минтақаи Сиёмаи Варзоб то километри 82 - нақби "Истиқлол" роҳро аст.Ба гуфтаи ӯ, дасти кам 25 мошин, ки аксараш сабукрав ҳастанд. дар банди барф дармонданд. Ду мошин ҳатто зери тарма монданд ва хушбахтона талафоти ҷонӣ сурат нагирифт.Манбаъ тавзеҳ дод, ки бориши барф дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон аз ду рӯз ба ин сӯ шиддат гирифта, вазъе, ки дар масири кӯҳистонии Душанбе - Чаноқ ба вуҷуд омадааст, ба гунаи худ бесобиқа будааст.
https://sputnik.tj/20220104/tarma-shohroh-dushanbe-chanoq-1044594701.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103069/83/1030698325_111:0:1000:667_1920x0_80_0_0_25385d7e05114188cb6678e25a92c769.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
душанбе - чаноқ тарма роҳ боз
душанбе - чаноқ тарма роҳ боз
Хушхабар: Масири Душанбе - Чаноқ барои мошинҳои сабукрав боз шуд
13:02 04.01.2022 (Навсозишуда: 13:20 04.01.2022) IRS, ширкати масъули нигоҳубини шоҳроҳи Душанбе - Чаноқ мегӯяд, ин роҳ аз 17 тарма тоза шуд ва ҳоло ҳаракати нақлиёт барқарор гардид
ДУШАНБЕ, 4 янв — Sputnik. Роҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ сар аз рӯзи гузашта бинобар фаромадани тармаҳои азим масдуд буд, вале ширкати нигоҳубини ин роҳ ҳамин ҳоло хабари барқарор шудани ҳаракати нақлиёт аз ҳар ду самт нашр намуд.
Ин ширкат дар хабарномае дар сафҳаи Facebook навиштааст, ки тармаҳои азим аз ҷониби кормандони ширкати IRS бартараф шуданд ва ҳоло ҳаракати нақлиёт ҳам ба самти Душанбе ва ҳам Хуҷанд оғоз гардидааст.
"Ҳаракати нақлиёти сабукрав аз самти Душанбе ба тарафи Хуҷанд ва баръакс низ оғоз шуд", - омадааст дар хабари ширкат.
Дар идома ширкати мазкур ба тамоми шаҳрвандон барои дарк кадани моҳияти муваққатан масдуд шудани ҳаракати воситаҳои нақлиёт изҳори сипос намуданд.
Ёдовар мешавем, тармафароӣ масири Душанбе - Чаноқ, муҳимтраин роҳи васлкунандаи шимолу ҷануби Тоҷикистонро масдуд кард. Далери Абдуло, сухангӯи IRS ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, тарма аз километри 62 - минтақаи Сиёмаи Варзоб то километри 82 - нақби "Истиқлол" роҳро аст.
Ба гуфтаи ӯ, дасти кам 25 мошин, ки аксараш сабукрав ҳастанд. дар банди барф дармонданд. Ду мошин ҳатто зери тарма монданд ва хушбахтона талафоти ҷонӣ сурат нагирифт.
Манбаъ тавзеҳ дод, ки бориши барф дар баландкӯҳҳои Тоҷикистон аз ду рӯз ба ин сӯ шиддат гирифта, вазъе, ки дар масири кӯҳистонии Душанбе - Чаноқ ба вуҷуд омадааст, ба гунаи худ бесобиқа будааст.