Соли нави Маскав: сайру гашти сокинон ва меҳмонон дар ҳавои ид - видео

Обуна шудан
Сокинону меҳмонони Маскав дар рӯзҳои аввали соли нави 2022 дар маркази пойтахт ҷамъ омада, аз фазои идона лаззат мебаранд
Тавре аз навор дида мешавад, садҳо нафар дар Майдони Сурхи афсонавӣ ороёфта ва кӯчаҳои марказии пойтахт сайру гашт мекунанд ва дар чорабиниҳои гуногуни мавсимӣ низ ширкат меварзанд
Тамошобинон дар майдони асосии Русия яхмолакбозӣ мекунанду, бо Бобои Барфӣ ва Барфак акс мегиранд.
Дӯстдорони варзиши экстремалӣ метавонанд аз слайди ях дар назди деворҳои Кремли Маскав ба поён сарозер шаванд.
Ярмарка- фурӯши маҳсулоти худсохт низ дар майдон ороста аст.
Дар ин ҷо шумо метавонед тӯҳфаҳои миллӣ ва ороишоти арчаи солинавӣ харед, худро бо нӯшокиҳои гарм ва таомҳои гуногун лаззат баред.
Нахустин бор дар Майдони Сурх соли 2013 ярмарка баргузор шуд. Имсол ярмарка то 13 март идома мекунад.
Лентаи хабарҳо
0