https://sputnik.tj/20220102/vkr-tut-sputnik-etirof-1044579196.html
Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки ТУТ кай "Спутник V "-ро эътироф мекунад
Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки ТУТ кай "Спутник V "-ро эътироф мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар бораи вазъ дар атрофи ваксинаи Русия сухан гуфт ва мӯҳлати пешакии тасдиқи онро изҳор дошт
2022-01-02T17:10+0500
2022-01-02T17:10+0500
2022-01-02T17:22+0500
тандурустӣ
дар русия
ваксина
коронавирус
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/02/1042617768_0:159:3077:1890_1920x0_80_0_0_90c75ded8b199cd34a1d94a6f84be1c7.jpg
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Александр Панкин гуфт, дар мавриди эътирофи ваксинаи Спутник V аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (ТУТ) ишораҳои рӯҳбаландкунанда мавҷуданд. Ба гуфтаи дипломат, дар амали ТУТ чизи боумедкунандае вуҷуд дорад. Дар миёнаҳои моҳи декабри соли 2021 намояндагони ин созмон изҳор доштанд, ки эътирофи ваксинаи Русия метавонад дар семоҳаи аввали соли 2022 сурат гирад. Интизор меравад, ки як гуруҳи бозрасӣ дар моҳи январ ба Русия сафар кунад, то равандҳои истеҳсоли ваксинаҳоро тафтиш кунад. Ҳоло ваксинаи русӣ дар 71 кишвари дунё бо аҳолии 4 миллиард нафар истифода мешавад. Ин зиёда аз 50 фоизи шумораи умумии ахолии Заминро ташкил медихад.Аз рӯи шумораи тасдиқҳое, ки аз ҷониби мақомоти танзимкунандаи давлатҳои гуногун гирифта шудаанд, Спутник V дар ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол мекунад.Бархе аз сиёсатмадорони рус ва хориҷӣ борҳо таъкид кардаанд, ки тасвиби сусти ваксинаи Русия ба далоили сиёсӣ ва иқтисодӣ марбут аст. Ёдовар мешавем, ки ваксинаи дукомпоненти коронавируси Спутник V, ки аз ҷониби Маркази тадқиқотии эпидемиология ва микробиология ба номи Н.Ф.Гамалея таҳия шудааст ва аввалин ваксинаи ба қайд гирифташуда дар ҷаҳон бар зидди вируси SARS-CoV-2 мебошад. Санҷишҳои клиникӣ ва маълумотҳои таҳқиқӣ нишон медиҳанд, ки ваксинаи русӣ яке аз бехатартарин ва самараноктарин ваксинаҳои зидди коронавирус мебошад.
https://sputnik.tj/20220101/-jopon-vaksinae-covid-19-1044567171.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2022
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/0a/02/1042617768_173:0:2904:2048_1920x0_80_0_0_f5e88e4cff5dde06807b8d7a66db910f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
вкх русия "sputnik v" эътироф
вкх русия "sputnik v" эътироф
Вазорати корҳои хориҷии Русия гуфт, ки ТУТ кай "Спутник V "-ро эътироф мекунад
17:10 02.01.2022 (Навсозишуда: 17:22 02.01.2022) Намояндаи Вазорати корҳои хориҷии Русия дар бораи вазъ дар атрофи ваксинаи Русия сухан гуфт ва мӯҳлати пешакии тасдиқи онро изҳор дошт
ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Муовини вазири корҳои хориҷии Русия Александр Панкин гуфт, дар мавриди эътирофи ваксинаи Спутник V аз ҷониби Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт (ТУТ) ишораҳои рӯҳбаландкунанда мавҷуданд.
Ба гуфтаи дипломат, дар амали ТУТ чизи боумедкунандае вуҷуд дорад.
"Ба андешаи ман, дар робита ба Русия як хушмуомилагӣ ба назар мерасад, яъне тақрибан дар семоҳаи аввали сол (Спутник V тасдиқ хоҳад кард - ред.)," - гуфт ӯ.
Дар миёнаҳои моҳи декабри соли 2021 намояндагони ин созмон изҳор доштанд, ки эътирофи ваксинаи Русия метавонад дар семоҳаи аввали соли 2022 сурат гирад.
Интизор меравад, ки як гуруҳи бозрасӣ дар моҳи январ ба Русия сафар кунад, то равандҳои истеҳсоли ваксинаҳоро тафтиш кунад.
Ҳоло ваксинаи русӣ дар 71 кишвари дунё бо аҳолии 4 миллиард нафар истифода мешавад. Ин зиёда аз 50 фоизи шумораи умумии ахолии Заминро ташкил медихад.
Аз рӯи шумораи тасдиқҳое, ки аз ҷониби мақомоти танзимкунандаи давлатҳои гуногун гирифта шудаанд, Спутник V дар ҷаҳон ҷои дуюмро ишғол мекунад.
Бархе аз сиёсатмадорони рус ва хориҷӣ борҳо таъкид кардаанд, ки тасвиби сусти ваксинаи Русия ба далоили сиёсӣ ва иқтисодӣ марбут аст.
Ёдовар мешавем, ки ваксинаи дукомпоненти коронавируси Спутник V, ки аз ҷониби Маркази тадқиқотии эпидемиология ва микробиология ба номи Н.Ф.Гамалея таҳия шудааст ва аввалин ваксинаи ба қайд гирифташуда дар ҷаҳон бар зидди вируси SARS-CoV-2 мебошад.
Санҷишҳои клиникӣ ва маълумотҳои таҳқиқӣ нишон медиҳанд, ки ваксинаи русӣ яке аз бехатартарин ва самараноктарин ваксинаҳои зидди коронавирус мебошад.